logo

иҷтимоиёт

НАЗМИ ПУРЭЪҶОЗ

Мовароуннаҳру Хуросон, ки як ҳиссаи онро Тоҷикистони азизи мо ташкил медиҳад, аз замони Абуҳафси Суғдӣ ва Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то ба имрӯз дар бағали гарму нарми худ суханварони мутааддиди мумтозеро тарбия намудаву ба камол расондааст, ки яке аз онҳо шоиру сиёсатмадори бузурги асри ХХ устод Мирзо Турсунзода мебошад. Зодрӯзи ӯ ба даҳаи аввали садаи ХХ, солҳои пурошӯбу пурхархаша, солҳои инқилобҳои дар Аврупо сарзада бар манофеи табақаҳои поёнии ҷамъият, раҳоӣ аз истисмори дохиливу берунӣ, худшиносиву баҳамоии миллӣ рост меояд.
Дар Мовароуннаҳр барҳам хӯрдани аморати Бухоро ва ғолибияти шӯроҳо дар Русия, баъдтар ба узвияти Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамроҳ гардидани кишварамон - Тоҷикистон халқи моро ба олами нав ворид сохт. Устод Мирзо Турсунзода ва ҳамсолонаш дар ин миён истисно набуданд. Хушбахтона, устод дар он гирумонҳо ба панҷаи тавонои Инқилоби Октябр, ки имрӯз аз бурду бохтҳояш, паҳлуҳои мусбату манфиаш хеле зиёд мегӯянду менависанд, тавонист роҳу равиши худро дарёбад ва на танҳо роҳу равиши худро дарёбад, балки дар андак муддат раҳнамои бахши адабиёту фарҳанги ҳамнавъи он шавад. Ғулғулаи шуҳраташ бо офаридаҳои адабии пурқиматаш Шарқи озодихоҳро пахш намояд, сухани гирояш парчами озодихоҳонаи ин минтақаи асрҳо дар зери асорати аҷнабиён монда гардад.
Барои тоҷикписаре, ки тоза аз асорати тангу тори асримиёнагӣ бадар омадаву аввалин нурҳои озодӣ чашмҳояшро фурӯзон намуда буд, беҳтарин машғулият - омӯзиш ва сабақ гирифтан аз устодони асил маҳсуб меёфт. Дар равиши таҳсил чи дар мактаби миёнаи замони нав ва чи дар Дорулмуаллимини шаҳри Тошканд (1930) завқу майли мавсуф ба ҳарисона аз бар намудани осори гузаштагони адабиёту фарҳангамон будааст. Дар ин бора шоҳиди беминнат эҷодиёти адиб дониста мешавад. Вай дар мақолаи «Дар хизмати халқу Ватан» ба ин маънӣ навиштааст: «Ҳеҷ як арбоби барҷастаи адабу санъат аз осмон намеафтад, вай, пеш аз ҳама, дар заминаи омӯзиши хеш ва сониян, аз сарчашмаҳои дигар истифода бурда, ба воя мерасад».
Турсунзода омӯхт ва андӯхтаҳояшро дар қолаби осори бадеӣ, дар шакли жанрҳои гуногуни манзуму мансур, вобаста ба мавзӯъҳои талаботи замон рӯи қоғаз оварду суханаш ҷавобгӯи замон гашт. Фаъолияти эҷодии устод бо навиштани очерк оғоз ёфтааст. Маҷмӯаи нахустини шеъру мақолаҳои публитсистиаш «Байроқи зафар» соли 1932 интишор гардид, ки ҳақиқати он замонро дар худ таҷассум мекард. Минбаъд, шоир дар мавзӯъҳои ватану ватандӯстӣ, озодии занон, меҳнати босамари ҷавонони даврони худ шеъру манзумаҳои зиёде, монанди «Суруди ҷавонӣ», «Оҳанрабо», «Чаманистон», «Водии Ҳисор», достонҳои «Офтоби мамлакат», «Хазон ва баҳор» - ро эҷод кард.
Ашъори  дар  давраи  Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941 - 1945) навиштаи шоир, аз ҷумла достони ӯ «Писари Ватан» (соли 1942), устод Мирзо Турсунзодаро ҳамун эҷодкори асил ба майдони адабиёт баровард. Вазъи мураккаби он солҳои муқовимати шадид ва ваҳдату баҳамоӣ, дӯстии мардуми шӯравӣ мояи асосии достон буда, ду симои асосии асар – Қодир ва Саодат муҳорибаҳои ҷангӣ ва корнамоиҳои ақибгоҳро дар худ таҷассум намудаанд.
Соли 1947 дар ҳаёти эҷодии устод Турсунзода воқеаи муҳим ба вуҷуд омад, ки ин баъди сафар эҷод гардидани силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» мебошад. Вай менависад: «Дар ҳамин сол ба ман хушбахтие пеш омад, ки дар ҳайати делегатсияи советӣ ба Ҳиндустон, ба Конференсияи якуми мамлакатҳои Осиё рахти сафар бандам. Аз ҳамон вақт мавзӯи Шарқи бедоршаванда моҳияти асосии эҷодиёти ман гардид». Қисми аввали ин силсила шеърҳои «Бозгашт», «Қиссаи Ҳиндустон», «Меҳмони мағрибӣ», «Рӯди Ганг», «Боғи муаллақ», «Тара-Чандри» ва қисми дувум шеърҳои «Дар ёди кас», «Сайёҳи Ҳинд», «Тоҷмаҳал», «Дар орзуи ошён», «Қадаҳи ман», «Кулоҳи профессор Ахвледиани», “Модарнома” «Ду роҳ» - ро дар бар мегирад. Эҷоди ин силсила ба Мирзо Турсунзода шуҳрати ҷаҳонӣ овард, ки дар ин бора дар матбуоти собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ борҳову борҳо навиштаанд. Гузашта аз ин, «Қиссаи Ҳиндустон» барои як идда суханварони он давраи иттиҳод, монанди Н. Тихонов, К. Симонов, М. Бажан, С. Вурғун, С. Рустам, Сурков дар эҷоди осорашон дар мавзӯи Шарқ чун намуна хидмат намудааст.
Минбаъд, мавзӯи Шарқи хориҷӣ дар манзумаву достонҳои ӯ «Ду дастрӯймол», «Ман аз Шарқи озод», «Дар мамлакати ғуломон», «Садои Осиё», «Духтари муқаддас» инкишоф меёбад ва овози шоири инсондӯсту сулҳпарвар баландтар мегардад:
Осиё гӯяд сухан, овози онро бишнавед, 
Мавҷи дарё, ғурриши баҳри дамонро бишнавед, 
Осиё бедор шуд, бедор, тарки хоб кард, 
Ростиву дӯстиро оқибат дарёб кард.
 
Пасон, шеъру достонҳои устод Мирзо Турсунзода «Ҳасани аробакаш» (1952 – 1954), «Чароғи абадӣ» (1958), «Ҷони ширин» (1959), «Роҳи нури Офтоб» (1964), «Аз Ганг то Кремл» (1970), «Дастовез» (1975) пайдарпай чоп шуда, ба дили хонандагони тоҷик роҳ меёфтанд, тавассути тарҷума ба ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ паҳн мегардиданд, хориҷ аз кишвар мухлисони худро доштанд.
Дар эҷодиёти устод Мирзо Турсунзода мавзӯи ватану меҳанпарастӣ, сулҳу дӯстӣ, бародарӣ, зан ва мавқеи он дар ҷомеа аз мавзӯъҳои асосӣ ба шумор мераванд. Шоир бо муҳаббати нисбат ба инсоният доштааш гуфтааст: «Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре».
Шеъри коргару нишонрас навиштан кори саҳлу осон нест. Бахусус, шеъре, ки мардумро ба ваҳдату ягонагӣ даъват намояд ва сулҳро дар байни инсонҳо тараннум созад:
Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил, 
Бо тапиданҳои беорому рӯзафзуни дил. 
То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон, 
Ҷангӯёнро кунад шармандаи рӯи ҷаҳон.
 
Ниҳоят, устод Турсунзода бо назми пурэъҷози худ аз он эҷодкоронест, ки дар даврони нави созанда зуҳур кард ва шеъри озодиро барои халқу Ватани худ ва халқҳои Шарқи дар он замон мазлум хонд, сохту муҳтавои шеърро ғанитар намуда пеш бурду такмил дод. Месазад, ки ба устод Мирзо Турсунзода ва дар ҳамин поя фарзандони дигари барӯманди кишварро пайравӣ намуд, ҳаёту фаъолияти созандаву гуногунпаҳлуи онҳоро сармашқи кори худ интихоб кард, то ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро беш аз пеш озоду обод ва шукуфон гардонем.
 
Алии Муҳаммадии ХУРОСОНӢ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.05.2021    №: 91    Мутолиа карданд: 1122
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед