logo

фарҳанг

АЗ ХИРАДУ АҚЛ КОР БОЯД ГИРИФТ!

Дар илми ҷомеашиносӣ эътироф шудааст, ки ҳеҷ ягон халқу миллат дар алоҳидагӣ умр ба сар бурда наметавонад ва ногузир аст, ки аз баракоти ҳузури ҳамсоягон истифода намояд. Таҷрибаи ҳамзистии  ҷумҳуриҳои шӯравӣ собит намуд, ки мақсаду ҳадафи ҳамкориву ҳамзистӣ ба манфиати тарафайн қарор гиранд, ба ҳар ду ҷониб судбахш хоҳад буд. 
Ин нукта ҳоҷати баҳс надорад ва худ шоҳид будем, ки дар замони шӯравӣ халқияту миллатҳои гуногун осудаву ором ва хотирҷамъ аз  ҳама таҳдиду фишорҳо умр ба сар мебурданд (бо вуҷуди он ки дар инкишофи забону адабиёти миллӣ бархе аз монеаҳо мушоҳида мешуданд). 
Дар адабиёти ҷаҳонӣ ва, махсусан, адабиёти классикии тоҷику форс мутафаккирони мо борҳо гуфтаанд: «Банӣ Одам аъзои якдигаранд» ва «Чу узве ба дард оварад рӯзгор, - Дигар узвҳоро намонад қарор». Асосгузори адабиёти ӯзбек Алишери Навоӣ низ менависад:
Ҷумла бадан, ҷумлаи аъзо яке,
Сурат навъию ҳаюло яке.
Бузургтарин нависандаи ҷаҳонӣ, намояндаи халқи қирғиз Чингиз Айтматов, ки осори ӯ, аз рӯи маълумот, ба 154 забони дунё тарҷумаву нашр шуда, теъдоди онҳо соли 1999 ба 20 миллион расидааст, бо осори мондагори худ пайванди ҷовидонаи на танҳо банӣ башар, балки одаму табиатро ба дараҷае боварибахш тасвир намудааст, ки аз тарафи халқияту миллатҳои гуногуни дунё ҳамовозӣ пайдо намуда, машҳури олам гардидаанд.
Миллатҳои тоҷику қирғиз, ҳарчанд аз рӯи мансубияти забонӣ гуногунанд, онҳоро ҳамдилӣ пайванди ҷовидонӣ додааст, зеро ба қавлӣ Мавлоно: «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст».
Дар даврони шӯравӣ ва, ҳамчунин, дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистону Қирғизистон мардуми ин ду давлати ба ҳам дӯсту бародар дар осудагиву пайванди ҳамешагӣ умр ба сар мебурданду мебаранд. Мо тайёрем, ки дар ҳама ҳолат дасти ҳамдигар бигирем. Нишонаи олии ин ҳамдилӣ дӯстии ҷовидонаи устодони бузурги сухан Мирзо Турсунзода ва Чингиз Айтматов мебошад, ки солҳои дароз идома дошту имрӯзҳо низ дар симои сарварони мо ва робитаи ҳасанаи аҳли қалами ду кишвари дӯсту бародар идома дорад.
Аммо, мутаассифона, воқеаҳои чанд рӯзи охир сокинони ҳар ду кишварро ба ташвишу изтироб овардаанд. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон байни ҳамсояҳо нофаҳмӣ ба миён омада, сабаби муноқишаи тарафҳо гардид. Бародароне, ки асрҳову солҳо қадам ба қадам ба сӯи ободиву шукуфоӣ раҳ мепаймуданд, имрӯзҳо бо дасисаи гурӯҳҳои иғвобарангез гиребони ҳамдигар гирифтанд. Гумон меравад, ки доираҳои фурсатталаб оромиву осудагии моро намехоҳанд, вагарна халқҳое, ки бо шиори «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир!» умр ба сар мебурданд, ҳеҷ гоҳ санг сӯи якдигар намеандохтанд.
Бемории COVID – 19, ки дар бархе аз мамолики дунё то ҳанӯз «ҳукм» меронад, собит месозад, ки мо дар парешониву танҳоӣ коре карда наметавонем. Дар ин рӯзҳо ва, махсусан, даврони пурошӯби садаи ХХI аз мардуми қирғиз даъват ба амал меоварем, ки аз хираду ақл кор бояд гирифт: 
Тамизи рангу бӯ бар мо ҳаром аст,  
Ки мо парвардаи як навбаҳорем!
 
Мӯсо ОЛИМҶОНОВ, 
дотсенти ДДХ ба номи академик 
Б. Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.05.2021    №: 91    Мутолиа карданд: 969
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед