logo

номаҳо

ҲАР КАФИ ХОКАТ ЗИ ТИЛЛО БЕҲТАР АСТ

Азизтарину муқаддастарин макон барои ҳар шахс Ватан аст. Инсон ба ҳар зарра хоку ба ҳар қатра оби Ватан он қадр дил мебандад, ки бе он наметавонад зиндагӣ кунад. Меҳри Ватан беканор аст, мисли меҳри Модар, ки онро касе аз дили мо берун карда наметавонад. Касе, ки Ватани худро дӯст намедорад, ӯ нангу номус надорад.
Хушбахт касест, ки дар Ватани азизаш ба камол мерасад, касбу ҳунар меомӯзад, пайи ободии он хизмат мекунад ва аз он ифтихор менамояд, зеро Ватан ҷоест, ки хуни нофамон рехтаасту қадамҳои мо устувор гардидааст.
Ганҷи дунёро накардам орзу,
Зиндагиям бо ту умре хуррам аст.
Як кафи хокат зи тилло беҳтар аст,
Ҷони худро бар ту бахшидан кам аст.
Эй Ватан, умеду армонам, Ватан!
Мавзӯи Ватан дар ашъори шоирон ва нависандагон мавқеи хосса дорад. Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар асари безаволи худ «Шоҳнома», ки саршор аз ғояи ватандӯстиву меҳанпарастист, ҳифзи онро аз баҳои ҷон боло гузоштааст. Дар ашъори Ҳабиб Юсуфӣ Ватан хонаи умед, бахшандаи бахту саодат ва модари меҳрубон омадааст ва шоир таъкид мекунад, ки ҳар гоҳ ба даст қалам гирифта, шеър эҷод карданӣ шавад, пеш аз ҳама, забонаш «Ватан» мегӯяд. Ватан сарчашмаи илҳоми шоир мебошад.
Ватанро бинозам, маро дар канор,
Чу модар гирифту намуд бахтиёр.
Инсони беватан монанди моҳии берун аз дарё ва мурғи дур аз чаман афтода аст, ки дар ёди он месӯзад. Зеро ҳеҷ ҷои олам мисли Ватан азиз нест. Ватан хонаи умеди ҳар инсон мебошад.
Бо ҳукми тақдир солҳои 90 - уми асри ХХ дар сарзамини тоҷикон, ки истиқлолият нав насибаш гашта буд, фалокати азим ба миён омад. Ҷанги хонумонсӯз ба сари мардум бадбахтӣ овард, як қисмашро хонавайрон, сарсону саргардон, беманзилу макон, дур аз Ватан кард.
Онҳое, ки дур аз Ватан афтода буданд, як орзу доштанд: «Осудагӣ дар мамлакат, сулҳу ваҳдати абадӣ ва бозгашт ба Ватан».
Хушбахтона, ба ҳамаи ин фоҷиаҳо оғоз аз моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи тақдирсоз ва таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати Сарвари хирадманд, миллатдӯст, ватанпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотима бахшида шуд.
Солҳо гузаштанд, мардуми гуреза ба Ватан баргаштанд, омаданду як каф хокро бӯсида, ба чашмонашон молида: «Мо, ки ба ғурбат афтодем, танҳо як ормон доштем: бозгашт ба Ватани азиз, бори дигар аз ҳавои диёр нафас гирифтан, хокашро ба дидаҳо молидан», - мегуфтанд.
Ватандӯсти ҳақиқӣ он аст, ки аз гузаштаи худ ифтихор намояд, баҳри ободии кишвари азизаш саъю талош варзад.
Барои он, ки мо худшиносу худогоҳ, ватандӯсти ҳақиқӣ бошем, бояд таъриху тамаддуни гузаштаву имрӯзаи худро донем. 
 
Рухсорамо ФАТТОЕВА, омӯзгори ДДСТДТ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.05.2021    №: 91    Мутолиа карданд: 7943
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед