logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. МУҚОИСАИ ДУ ФАКТ ДАР РОБИТА БА МУНОҚИШАҲОИ МАРЗӢ

«Умуман, ҳангоми нақли воқеаҳои Исфара, мехостем аз ноҷо будани баҳодиҳиҳо, аз қабили «баногоҳ», «якбора», «ғайричашмдошт» огоҳ кунем. Баҳси обу замин дар ин маҳал солҳои 1956, 1969, 1974 низ сар зада буд. Ҳатто имсол ҳам ҷанҷол хеле пеш  забона зада, гӯё соати мусоид мепоиду туъма меҷуст. 15 апрел дар соҳили канали Мастчоҳӣ вагончаи сохтмончиён, таъмиргарон оташ гирифт. 27 май дар деҳаи Чоркӯҳ ҷавонони омадаро лат карданд. 13 – 14 июл дар қишлоқи Оқсой хонаҳоро оташ заданд ва мардуми миллатҳои гуногун ба ҳам дарафтоданд».
Ин сатрҳо 32 сол муқаддам замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» рӯйи чоп омадааст. Хонандаи огоҳ, аллакай, дарк намуд, ки гап сари чи меравад. 
Таҳлили ҳаводиси рӯзҳои 28- 29 апрели соли 2021 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба миён омада нишон дод, ки сенарияҳои имсола мисли сенарияи қаблист. 
Бар пояи маълумоти аниқу воқеӣ, 29 апрели соли 2021, тақрибан соати 11, як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ ва сокинони Ҷумҳурии Қирғизистон иборат аз 200 нафар дар рӯбарӯи дидбонгоҳи сарҳадии № 2 «Хоҷаи Аъло» - и қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷамъ омада, монеи насби камераҳои мушоҳидавӣ дар назди сарбанди обтақсимкунии «Головной» аз ҷониби муҳандисони тоҷик шуданд. Ин дар ҳоле буд, ки барои насби камераҳо қаблан мувофиқа ҳосил шуда буд. Ҷамъомадагон бо иҷозат ва иштироки мақомоти расмӣ, алалхусус хизматчиёни ҳарбии Хадамоти сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сангпартоӣ намуда, ҳамзамон, буридани симчӯбе, ки дар он шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард, оғоз намуданд. Баъдан, иғвои мазкур ба бетартибиҳои оммавӣ, ки аз ҷониби Хадамоти сарҳадии кишвари ҳамсоя ташкил гардид, мубаддал гашт. Дар ҳамин ҳол, барои ба эътидол овардани вазъ ба ҷои ҳодиса кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҳозир шуданд, ки ба сӯи онҳо новобаста аз мақоми расмиашон оташ кушоданд. Дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, аҳолии маҳаллӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.  
 «Дар деҳаи Октябр кадом як йигит байрақи сурх барафрохта, зидди ҳариф шитобид. Ба ин кирдор чӣ баҳо бояд дод? Раиси Совети қишлоқи Чоркӯҳ М. Бобохонов вақте ҷавонони башӯромадаро ором мекард, зарбе хӯрд, ки он ӯро ба кати беморхона хобонд. Шӯрапушт даме, ки ба сари намояндаи ваколатдори Ҳукумати Советӣ дар деҳа даст мебардошт, чиро ба эътбор гирифт. Агар иқдомҳои иғвогарона намебуданд, задухӯрд рух намедод ва ҷавони ҳабдаҳсола С. Муллоҷонов аз тири дайду ҳалок намешуд», - ин муноқишаи соли 1989 аст. 
Пас худ қазоват кунед, ки  кӣ ҳақ асту кӣ ноҳақ…
Ба қавли Шоири халқии Тоҷикистон равоншод Муъмин Қаноат: «Дар таърих мо бо касе ҷанг накардаем. Агар ягон кас ҳуҷум карда бошад, мо ба он ҷавоб гуфтем. Ва билохира пирӯз ҳам гардидем. Ана ҳамин аст рисолати ин миллат таърихан аз ибтидо то ба имрӯз».
Воқеан, мардуми тоҷик аз азал сулҳдӯсту сулҳофар буд. Фарҳангсолорӣ ва дӯстӣ дар замири онҳост. Аз шоирони классик то муосир ҳама дар ин бора эҷод кардаанд, ки намунаи беҳтарини он байти устод Мирзо Турсунзода аст: 
Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.
Сарфи назар аз ҳаводиси рухдода, имрӯз тағйир додани рӯҳияи мардум муҳим мебошад. Оштинопазирӣ бояд ҷояшро ба ризоияти тарафҳо супорад. Вагарна ҷанҷолҳои навро пешгирӣ кардан мураккабтар хоҳад шуд.. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, 
«Ҷумҳурият» 

Р.S.  Дар робита ба масоили марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон соле қабл Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфта буд, ки талаботи санадҳо оид ба масъалаи сарҳад байни ду давлат на ҳамеша аз ҷониби кишвари ҳамсоя риоя мешаванд. - Доир ба масоили сарҳад гуфтушунидҳо бо Қирғизистон соли 2002 оғоз гардида, 18 сол инҷониб идома доранд. Дар натиҷаи музокирот дар бораи 519,9 километр дигар қитъаҳои сарҳадӣ созиш ҳосил гардида, он ба санад дохил шуд. Баъди анҷоми расмиёти дохилӣ дар дохили ҳар кадоме аз кишварҳо мебоист дар ин бора байни кишварҳо созишнома ба имзо мерасид. Мо қисман расмиёти ҳуҷҷатҳоро анҷом додем, аммо ҷониби Қирғизистон бо сабабҳои гуногун, аллакай, 6 – 7 сол аст, ки имзои онҳоро рад мекунад. Сироҷиддин Муҳриддин протоколи байнидавлатии аз соли 2014 байни кишварҳо имзошударо мисол овард.
- Мувофиқи ин санад, ба ҷониби Қирғизистон сохтмони роҳи Оқ-Сой- Тамдиқ, ҳамзамон, бо роҳи алтернативии Хоҷаи Аъло - Ворух иҷозат шуд. Ба сохтмони роҳ Қирғизистон ҷавобгӯ буд. Онҳо роҳи барои худашон мувофиқро сохта, қитъаи роҳро ба Ворух фаромӯш карданд. Чунин қарордодҳо хеле зиёданд, лекин кишвари ҳамсоя ва бародар онҳоро иҷро намекунад, - изҳор дошт вазир.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.05.2021    №: 91    Мутолиа карданд: 1027
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед