logo

иҷтимоиёт

МИРЗО ТУРСУНЗОДА: "ОДАМОН ИШҚ АЗ ВАТАН ОМӮХТАНД"

Ин обшорон, ин диёри чаманзору боғоти хурраму гулрез ва кӯҳҳои кулоҳи сабз ба сар, ки Тоҷикистон аст, зодрӯзи фарзанди фарзонаи худ Мирзо Турсунзода, Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистонро дар фазои соҳибистиқлолии миллӣ, ки бо заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст, ҷашн мегирад. 
Ба таъкиди Пешвои миллат: «Дар асри XX устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода барои миллати тоҷик, аз ҷумлаи чунин арбобони бузурге буданд, ки афкори халқи хешро дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ ба маҷрои худшиносии миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории тоҷикон равона сохтанд». Оре, Мирзо Турсунзода бо эҳсоси баланд ва маънавиёти ғанӣ ҳамеша бо Ватан буд ва онро месуруд: "Одамон ишқ аз Ватан омӯхтанд».
Шеъри Мирзо Турсунзода қудрату тавоноӣ, зеҳни ҷилва, покиву накуӣ, қофилаи тоҷикӣ ва васфи Модару Ватан дорад. Ӯ дар канори Ватан – ин рӯди кӯҳӣ бо дили пурҷӯшу рӯи нурбор, ба васфи он шеър мегуфт, хуррамии замини диёрашро тасвир менамуд: 
Осмон дар синаи ту аксандозӣ кунад, 
Бо ҷамоли ту ситора шӯхию бозӣ кунад.
Мирзо Турсунзода, фарзанди миллати тоҷик аст, ки ба ин миллат ва ба ин кишвар хидмати арзанда кардааст. Ғояҳои ҷовидона, мисли ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ватанпарастӣ муассирии шеъри ӯ мебошанд. Ҳадафи Мирзо Турсунзода чун раиси Иттифоқи нависандагон, раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиёву Африқо эҳёгарӣ, ҳамбастагӣ, пайвандгарӣ, таҳкими сулҳу субот ва пойдории Ватану шоистаи Ватани хеш будан аст. Ӯ  шоире буд, ки Ватанашро аз дилу ҷон  дӯст медошт ва диёрашро бо забони зебои шоирона ва эътиқоду эътимод васф кардааст: 
Чун ниҳодам пои худро бар сари хоки Ватан, 
Борҳо бӯсидам аз рухсораи поки Ватан. 
Мирзо Турсунзода дар шеъри арзишмандаш  бо самимият ва эҳсоси баланд Ватан, хоку замини диёрро бо тахайюли рангини шоирона ва бо ситоиши манзараҳои рангин ҳамоҳанг сохтааст:
Ман, ки дар домани ин силсила тавлид шудам, 
Қатраи ашку азобу фараҳи ид шудам, 
Чун расидам ба сари қуллаи кӯҳи Ватанам, 
Ҳофизи ин Ватани пайрави хуршед шудам.
Шеъри ӯ дар партави ватандӯстиву садоқат ба Ватан эҷод гардида, минбари ватандорӣ аст. Ӯ дар шеъраш бо Ватан меболад. Кишвари азизаш Тоҷикистон барои ӯ муқаддас  аст, ки онро ситоиш мекунад ва аз ӯ неру меҷӯяд. Ӯ вассофи сулҳу оштӣ ва фаризаи бародарӣ низ мебошад: 
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо, 
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо. 
Мегӯянд: «Касе, ки хайри худро мехоҳад бояд хайри ҷамъро бихоҳад то худ низ аз ҷумлаи онҳо бошад». Мирзо Турсунзода аз ҷумлаи онҳоест, ки хайру садоқат, бахту саодат ва шаъну шарафро тараннум мекард: 
Шараф чизи таҷовузнопазир аст, 
Ҳар он кас, ки шараф дорад, кабир аст. 
Ӯ шоири озодихоҳ мебошад ва озодихоҳ касе аст, ки мекӯшад то ҳар нафар дар фаъолият, амалу рафтор ва зиндагии хеш ихтиёри сиёсӣ дошта бошад. Мирзо Турсунзода, ки тавоноии фаъолияти сиёсӣ дошт, аз ояндаи инсоният, бавижа аз Ватанаш нигарон буд. Ғамхоронаву дилсӯзона, ҳикматомӯзонаву пандомезона мардумро ба ваҳдату ҳамбастагӣ, худогоҳии миллӣ ва ватандӯстӣ даъват менамуд. Таъкид мекард, ки маҳз муҳаббату эҳтиром сулҳу саодат меофарад. Он чи ки дар маънии шеъри ӯ дар мадди аввал меистад, арзиши инсон аст. Шеъри Мирзо Турсунзода, ки таҳкими сулҳу ҳамбастагӣ ва ватанхоҳӣ аст, барои насли имрӯз мояи сарбаландӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. 
Мирзо Турсунзода, ки виҷдони бедор ва зеҳни равшан дошт, дар талоши зиндагии шоистаи инсоният, озодии онҳо буд. Медонист, ки танҳо илму адаб ба инсоният рӯҳи тоза мебахшад ва барои ҳаракаташ баҳри озодихоҳӣ вомедорад. Ӯ дар марҳилаи нахустини эҷодаш, ин масъалаи сиёсии инсониятро дарк намуда буд ва бо ҳамин мақсад, дар шеъраш паҳлуи сиёсиро мушавваш мекард. Худогоҳ буд ва солимсозии муҳити зиндагиро барои тавоноии дарки озодии инсоният шарт медонист: 
Аз он бар дидаи озод дунё, 
Нишони дӯстӣ созӣ ҳувайдо,
Ба рӯяш Тоҷикистонро ту бинӣ, 
Бинои аҳду паймонро ту бинӣ.
Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили зодрӯзи ин шоири забардасти тоҷикро, ки инсониятро ба озодӣ даъват менамояд, ба миён гузошт. Маҳз бо ибтикори ӯ 110 - солагии Мирзо Турсунзода на дар фазои холӣ, балки дар муҳити Истиқлолияти давлатӣ доир мегардад. Истиқлоли миллии мо имрӯз тавоноии моро тақозо мекунад ва ин тавоноӣ бастагии комил ба муҳити зиндагӣ ва тарбия дорад. Мо давоми сӣ соли Истиқлолият шигифтангезу маъҷуз нагаштем, балки огоҳу ҳушёр шудем, покиву садоқату ватандорӣ рисолати мо гардид. Тавонистем, чеҳраҳои мондагори миллатро ҳамчун ифтихори миллӣ ба ҷавонон талқин кунем, ки Мирзо Турсунзода - шоири Ватансаро аз ҷумлаи онҳо мебошад. Ӯ дар канори ин диёр, миёни кӯҳсорон бо ишқ ба Ватан, дар баландиҳои илму адаби тоҷик ошён гузошт ва дар диёри ин рӯди кӯҳӣ, ки насимаш рӯҳу ҷонро ғизо медиҳад, заминаш хуррам аст, сарояндаи нотакрори Ватан боқӣ хоҳад монд.
 
Каримҷон ҚОДИРОВ,
профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.05.2021    №: 92    Мутолиа карданд: 952
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед