logo

иҷтимоиёт

БЕБАҲОЯК

Нимаҳои солҳои 1960 дар ноҳияи Парголовои шаҳри Ленинград хонаи чӯбинеро вайрон менамуданд, то ки барои биноҳои бисёрошёна ҷой холӣ бикунанд. Дар ҳавлии он бино, ки сокинонаш кӯчонда шуда буданд, бинокорон қабрчаеро бо лавҳаю сурате диданд. Аз сурат саге бо чашмони калон-калони андешаманд ба онҳо менигарист. Дар зери он навишта шуда: «Ба дӯсти азиз Бебаҳояк (1939-1945) аз соҳибонаш, ки ӯ наҷоташон додааст».
Маълум буд, ки ин ёдгорӣ ба воқеаи муҳосираи Ленинград алоқаманд аст, аз ин рӯ, онро вайрон накарда, ба воситаи шуъбаи шиносномадиҳӣ ба ҷустуҷӯи сокинони собиқи бино даромаданд.
Баъди ҳафтае як марди сарсафед омада, сурати сагро аз ёдгорӣ канда гирифт ва ба бинокорон, ки дар атрофаш ҷамъ шуда буданд, гуфт:
– Бебаҳояки мост ин! Мову бачаҳои моро аз гуруснагӣ наҷот дод ӯ. Сураташро дар хонаи навам меовезам.
Ва қиссаи аҷиберо ҳикоят кард.
Тирамоҳи соли 1941 канорҳои ноҳияҳои шимолии Ленинград аз гулӯлапаррониву бомбапартоиҳо нисбатан камтар зарар диданд, чунки зарбаҳои асосии немисҳо ба қисмати марказии шаҳр нигаронда шуда буданд. Вале гуруснагӣ ба ин гӯшаҳо, аз ҷумла ба бинои чӯбине ҳам, ки чор оила зиндагӣ мекарданду ҳар кадом фарзандон доштанд, омад.
Бебаҳояк – саги бозингару боақлаке дӯстдоштаи аҳли ҳавлӣ буд. Вале саҳаре аз саҳарҳои моҳи октябр дӯстдоронаш ҷуз об чизе наёфтанд, ки ба косааш бирезанд. Саг лаҳзае истод, аз афташ, андеша кард ва баъд ғайб зад. Сокинон нафаси сабук кашиданд, чунки дигар маҷбур набуданд ба чашмони саги гушна бингаранд. 
Аммо Бебаҳояк беномунишон нашуда буд. Ҳангоми пешин заргӯшакеро бо дандонҳо дошта, дар ҳавлӣ пайдо шуд. Сайд хӯроки серии чор оила ва сагча гардид…
Аз ҳамон рӯз сар карда, Бебаҳояк мунтазам заргӯше меовард. Саҳроҳои наздишаҳрии хоҷагиҳои беодаммонда пур аз ҳосили нағундошта буданд, чунки дар ин ҷойҳо акнун хати набардгоҳ тӯл мекашид.
Дар ҷӯякҳо караму сабзӣ, картошкаву лаблабуи фаровоне монда буд. Ин табъи дили заргӯшҳо буд, ки якбора бачаи бисёр зоида, фаровон шуданд.
Дигар дар деги ҳар хонаи ҳавлии мазкур ҳар рӯз шӯрбо меҷӯшид. Занҳо аз пӯсти заргӯш либосҳои гармакаки зимистона дӯхтанро ёд гирифтанд, баъзеҳо пӯстинҳоро бо тамоку ва тамокуро бо хӯрокворӣ иваз мекарданду рӯз мегузаронданд.
Бебаҳояк боз як роҳи раҳоиро нишон дод: бачаҳо бо барфиаробачаҳояшон ба саҳроҳои барфпӯш рафта, картошкаву карам ва лаблабуву сабзӣ кофта, ба хона меоварданд. Он ҳама сармозада, лекин хӯрданбоб буд.
Дар солҳои муҳосира аз ин бино касе талаф наёфт. Ҳатто шаби 31-уми декабр барои бачаҳо арчаи солинавӣ ороста шуда, дар шохаҳои он ҳамроҳи бозичаҳо қандҳои ҳақиқие низ медурахшиданд, ки сокинон дар баҳои заргӯши овардаи Бебаҳояк аз аскарони сурх гирифта буданд.
Ҳамин тавр, муҳосира паси сар шуд. Баъди Ғалаба, моҳи июни соли 1945, Бебаҳояк чун одат як саҳари барвақт ба шикор рафт. Вале баъди соате ба ҳавлӣ баргашт, аз пайаш нақши хун ҳам меомад. Маълум шуд, ки дар мина таркидааст. Баақл, ки буд, чизеро пай бурда, сари вақт худро ба як сӯ партофтааст, аз ин рӯ, ҳамон замон ба ҳалокат нарасида, худро то ҳавлӣ кашола карда овардааст. Бебаҳояк дар ҳавлии худ, байни дӯстдоронаш ҷон дод.
Дар рӯи ҷасадаш, чун дар болои мурдаи шахси наздик, сокинони бино нолиданд. Дар рӯи ҳавлӣ гӯрондандаш ва дар сари гӯр лавҳаи ёдгорӣ гузоштанд…
Мард, нақлашро ба охир расонда, чанде ба бинокорон нигаристу баъд гуфт: 
– Агар имкон бошад, гӯри Бебаҳоякро вайрон накунед. Дар рӯи гӯраш арчае шинонед. Зимистонҳо арчаи солинавии бачаҳо мешавад, чун арчаи солинавии баъди Ғалаба. Хотираи Бебаҳояк ҳам зинда мемонад.
Сокинони бинои нави баландошёна, аллакай, одат кардаанд, ки назди яке аз даромадгоҳҳоро арчаи бузургу зебое оро медиҳад. Вале на ҳама медонанд, ки он ба хотираи як бовафои даврони муҳосира шинонда шудааст. Бовафое, ки шонздаҳ нафар ленинградиро аз гуруснагӣ наҷот додааст.
 
Тарҷумаи Сурайё АҲМАДЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.05.2021    №: 92    Мутолиа карданд: 767
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед