logo

сиёсат

БА ОТАШИ СӮХТА РАВҒАН НАРЕЗЕМ!

Ҳарчанд низоъ ва задухӯрди ҳарбӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хотима ёфта бошад ҳам, вале, тавре мушоҳида мегардад, ҳамоно ҷанги иттилоотӣ алайҳи Тоҷикистон идома дорад. 
Коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиназар Ашуров ин вазъро таҳлил карда, чунин менигорад: 
- Набарди ҳарбӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба анҷом расид, вале ҷанги иттилоотӣ дар фазои маҷозӣ бо суръат давом дорад. Мушоҳида мешавад, ки расонаҳои хабарӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон дар фазои иттилоотӣ хабарҳои ғалат ва якҷонибаро паҳн менамоянд. Нодуруст инъикос намудани маълумот ва раванд аз ҷониби кишвари ҳамсоя нигаронкунанда аст. Ҳамбастагӣ, эътимод ва инъикоси воқеии раванди Ворух дар фазои иттилоотии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати кишвар, расонаҳои хабарӣ ва коршиносон устувории ҷониби моро дар фазои иттилоотӣ таъмин намуда истодааст.
Дар робита ба ин, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо нашри муроҷиатнома аз  рӯзноманигорон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳиш кардааст, то ҳаводиси дар марз рухдодаро баинсофона ва бо далелу рақамҳои таҳрифношуда барои муштариён  пешниҳод намоянд: “Ҳанӯз дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ нобаробарии иҷтимоӣ ва тақсими захираҳои обӣ ба моҷарои марзӣ оварда расонда буд. Вале ба ин даргириҳо ва баҳсҳо нуқтаи охир нагузоштанд. Даргириҳо ва талошҳои марзӣ ҳодисаи нав нест, аммо ҳадафи аслии мо бояд инъикоси воқеъбинонаи ин масъалаи ниҳоят доғ бошад. Мутаассифона, чи дар расонаҳои чопиву электронӣ ва чи дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди вазъ иттилои хушунатомез, пур аз эҳсосот ва кинаву адоват пахшу паҳн мегарданд.
Мо, журналистон дар чунин вазъ бояд ба эҳсосот дода нашавем, балки ҳамаи масоилро дар тарозуи адлу инсоф баркашида, сабаби домана задани алангаи нафрату оштинопазирӣ набошем”.
Коршиносон бар он назаранд, ки  эҳтимол дорад аз хабару гузоришҳои ғалати Қирғизистон ҷомеаи ҷаҳонӣ бардошти нодуруст гирад. Аз ҳамин лиҳоз, барои воситаҳои ахбори оммаи кишвари мо зарур аст, ки ба забонҳои хориҷӣ ва ба таври васеъ мавқеи Тоҷикистонро баён намоянд. Ҳамчунин, нашри бештари маводҳои таҳқиқотии журналистӣ дар мавриди ҳамлаҳои қаблии ҷониби Қирғизистон ба сокинони Ворух зарур аст, зеро тӯли сӣ соли мустақилии кишварҳо соле набудааст, ки ҷониби Қирғизистон дар марз мушкилотеро ба миён наоварда бошад. Ин имкон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ  аз ҳолати воқеии дар марз рухдода огоҳ шавад. 
Дар бораи муносиботи ду кишвар Бахтиёр Қутбиддинов, устоди факултети журналистикаи ДМТ, чунин гуфт: 
 - Миёни тоҷикону ӯзбекон солҳои зиёд ноҳамворӣ вуҷуд дошт ва ба шарофати хирадмандии роҳбарони ҳар ду ҷониб Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёв  ин мушкил ҳалли худро ёфт. Ин баҳамоии онҳо барои ҳар ду миллат манфиат овард. Умед дорем, ки миёни тоҷикону қирғизҳо низ муносибатҳо хуб мешаванд. Роҳбарони ҳар ду ҷониб қадамҳои аввали худро дар мавриди баҳамоӣ гузоштанд ва умед дорем, ки даргириҳои дар марз бавуқӯъомада ҳаргиз такрор намешаванд.
 
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2021    №: 93    Мутолиа карданд: 867
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед