logo

фарҳанг

АРБОБИ БУЗУРГ

Таърих гувоҳ аст, ки расидан ба истиқлолият ва худшиносӣ дар ягон давру замон бе талошу набард ва ҷонбозию фидокориҳо муйясар нагаштааст. Ҳар гоҳе таърихи халқи тоҷикро варақ занем, мебинем ки дар ҳар саҳифаи он талошҳои фарзандони бонангу номуси миллат бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд. Хусусан, заҳматҳои Мирзо Турсунзода. 
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Дар асри XX устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода аз ҷумлаи арбобони бузурге буданд, ки қисмати халқи хешро дар марҳалаҳои ҳассоси гаърихӣ ба маҷрои худшиносии миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории тоҷикон равона сохтанд. Дар марзи ду ҳазорсола, вақте  ки халқи тоҷик ба марҳалаи нави тараққиёти худ ворид гардид ва мо роҳи дар асри XX тайкардаи худро ҷамъбаст намудем, бо назардошти хизматҳои бузург ва фидокории онҳо дар поягузории истиқлолияти Тоҷикистон, инкишофи тамаддун ва худшиносии миллӣ бо унвони олӣ - Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор дониста шудани ин фарзандони бошарафи миллат комилан қонунист. Зеро ҳар яке аз онҳо дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистон мақоми шоиста доранд ва ҷои устод Мирзо Турсунзода, мавриди зикри хосса мебошад».
Мирзо Турсунзода аз ҷумлаи адибоне аст, ки дар баробари Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар, Ҳаким Карим, Раҳим Ҷалил, Ғанӣ Абдулло дар саргаҳи адабиёти муосири тоҷик меистад. Ӯ дар рушди илму адабиёт саҳми арзанда гузошта, бо мурури замон онро шуҳрати ҷаҳонӣ низ бахшид.
Турсунзода соли 1930 Дорулмуаллимини Тошкандро бомуваффақият ба итмом расонд ва бо роҳхати Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон ба Душанбе омад. Вай аввал чун мудири шуъба, сипас котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”) фаъолият намуд. Соли 1932 дар назди идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» таҳти роҳбарии Мирзо Турсунзода аввалин маҳфили адабӣ ташкил гардид, ки он дар тарбияи адибони ҷавон нақши созгор гузошт. Нахустин маҷмӯаи осори устод - «Байроқи зафар» таҳти таҳрири Сотим Улуғзода бо сарсухани Шарифҷон Ҳусейнзода дар ҳамин сол нашр гардид. Китоби мазкур шеърҳои «Қатори корвон омад», «Ба комсомол» ва даҳ очерку ҳикояи шоирро дарбар мегирифт.
Очерку ҳикояҳои «Назокат», «Байроқи зафар», «Мавҷҳои зафар», «Гудоки ғолибият», «Кулфатзадагон», «Ғалаба», «Видоъ», «Ҳамида», «Шарораи инқилоб», «Зарбдорон» ба ҳаёти коргарону деҳқонон ва зиёиён бахшида шуда, лаҳзаҳои муборизаи синфӣ, меҳнати фидокорона дар роҳи навсозии Тоҷикистон, ҳаёти ҷавонон ва озодии занон, хулоса саъйю кӯшиши онҳоро барои аз бар намудани илму маърифат нишон медиҳад.
Соли 1940 дар сохтмони Канали калони Фарғона иштирок намуда, ба бунёдкорон шеърҳо бахшида буд. Ӯ як лаҳзаи ин ҳаёти пурҷӯшу хурӯши ҷавониро чунин ёдовар мешавад: «Дар сохтмони Канали калони Фарғона ба мо чӣ қадар корҳо кардан лозим меомад. Газетаи девории «Барқ» мебаровардем. Баъзан аз номи бинокорон ба хешу табори онҳо мактуб менавиштем. Шабҳо аз дидаву шунида баҳсу андеша мекардем. Боре нисфи шаб марҳум Ҳаким Карим гуфт: “Мирзо, як супориш ба ту, шеъре навис, ки пагоҳ ҳама суруд карда хонанд”.
Ва Турсунзода ҳамон шаб (15 январи соли 1940) ғазалеро бо номи «Гул мекунад» эҷод мекунад, ки онро ба таъбири Раҳим Ҷалил «ҳофизони хушилҳон табақча дар даст қад-қади канал месуруданд».
Мирзо Турсунзода ҳамроҳи ҳамаслаконаш аз аввал то охир дар бунёди Роҳи калони Помир низ ширкат варзида, ҳамдилу ҳамнафаси роҳсозон буд. «Вақте ки Роҳи калони Помир бунёд мегардид, - ёдовар мешавад шоир, - ман бо ин роҳ беш аз 500 километрро пиёда тай кардам, аз як деҳа ба деҳаи дигар мерафтам ва чизе, ки дидам, кӯшиш кардам, ки дар шеърҳоям инъикос намоям. Дар натиҷа, достоне дар бораи бунёдкорон навиштам, ки он дар маҷаллаи «Новый мир» нашр шуда буд».
Адибони ҷавони тоҷик дар гузарондани Даҳаи аввалини санъати тоҷик дар Москва саҳми босазо гузоштанд. Барои тамошогарони қадршиноси Москва театрҳои ҷумҳуриамон асарҳои драматургони ҷавонро пешкаш карданд. Миёни онҳо операи “Шӯриши Восеъ” ҳам буд, ки либреттои он ба қалами Мирзо Турсунзода тааллуқ дошт. 
Адабиёти муосири тоҷик роҳи пурпечутоб ва пуршарафро тай намуд ва дар ташаккулу инкишофи он фарзандони барӯмандаш, ба мисли Турсунзода ҳисса гузоштанд. Имрӯзҳо адибони ҷавони тоҷик кори насли калонсолро давом дода, таҷрибаи онҳоро омӯхта, онро бо дастовардҳои нав ғанӣ мегардонанд.
 
Ваҳҳоб НАБИЕВ, доктори илми таърих, профессор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2021    №: 93    Мутолиа карданд: 801
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед