logo

иҷтимоиёт

МУБОРИЗИ РОҲИ ОЗОДӢ

Нависандаи бузурги Ҳинд Мулк Роҷ Онанд баъд аз мутолиаи “Қиссаи Ҳиндустон” - и Мирзо Турсунзода чунин гуфта буд: “Кош дар хусуси кишвари шӯравӣ осоре нависам мисли достони шоири тоҷик Мирзо Турсунзода дар бораи Ҳиндустон”. Ин гуфтаҳо шаҳодат ба бузургии ин қиссаи таъсирпазири устод аст. 
Мирзо Турсунзода моҳи марти соли 1947 ба Ҳиндустон сафар намуд. Ӯ дар мавриди ин сафар менависад, ки: “Дар ҳамин сол ба ман хушбахтие пеш омад, ки дар ҳайати делегатсияи советӣ ба Ҳиндустон, ба Конференсияи якуми мамлакатҳои Осиё рахти сафар бандам. Аз ҳамон вақт мавзӯи Шарқи бедоршаванда моҳияти асосии эҷодиёти ман гардид. Ҳиндустон ҳанӯз мустамликаи империяи кабири Англия буд. Ман бо чашми худ дидам, ки чӣ тавр ҳарисона мустамликачиён Ҳиндустонро ғорат карда истодаанд, муборизони роҳи озодии миллиро ба зиндонҳо мепартоянд ва дар айни ҳол дар ҳар куҷо машъалҳои озодихоҳонаи миллӣ рӯз ба рӯз бештар меафзуд. Дар чунин вазъияти инқилобии миллӣ бетараф истоданро барои худ раво намедонистам. Ба бедоршудагон қувва бахшидан ва ҳанӯз хобрафтагонро бедор намудан вазифаи байналмилалии худ дониста, бо шеърҳо ва достонҳои худ ҳамсафи муборизони озодии миллии Осиёву Африқо шудам. Вақте ки ҳукуматдорони Англия барои ба Лондон рафтани ман иҷозатнома надоданд, ман рӯҳафтода нашудам, баръакс қувваи тоза гирифтам, ки шеъру достонҳои ман дар дасти муборизони роҳи озодӣ бар зидди мустамликадорӣ аслиҳаи тавоное шудаанд”.
Вақте ки силсилаи асарҳои Мирзо Турсунзода “Қиссаи Ҳиндустон” ва “Ман аз Шарқи озод” паси ҳамдигар интишор ёфтанд, онҳо дар адабиёти асри ХХ ҷаҳон як рӯйдоди муҳим гардиданд. Зеро то ин дам ягон шоир ё нависанда Шарқи хориҷиро аз лиҳози бадеӣ чунин ҳақиқатнигорона кашф накарда буд.
Аз ин рӯ, онҳо зуд ба забони русӣ ва дигар забонҳои ҷаҳон тарҷума шуда, дар олами мутамаддин машҳур гардиданд. Чунки дар ин асарҳо Мирзо Турсунзода бо ҳамдардӣ ва ҳиссиёти бузурги башардӯстӣ тарзи зиндагонии халқҳои Шарқ, қабл аз ҳама Ҳиндустонро бо тасвирҳои пурзӯри романтикӣ баён карда, барои хушбахтию саодати одамони одӣ мубориза мебарад ва сиёсати мустамликадоронро сахт маҳкум менамояд. 
Баъзан одамон гумон мекарданд, ки  гӯё сабабгори ҷаҳиши эҷодии Мирзо Турсунзода маҳз ин сафари ӯ ба Ҳиндустон мебошад. Валекин дар ин маврид Мирсаид Миршакар чунин мегӯяд: “Ин фикри хатост. Дар кори эҷодӣ “Ғалабаҳои” тасодуфӣ чун гули бемавридшукуфта бебаҳо ва зуд пажмурдашавандаанд. Мирзо чун шоири интернатсионалист ба ин сафар пешакӣ тайёр буд”. 
Дар Ҳиндустон низоъҳои тунду тез мавҷуд буд. Дар ҳар қадам тафовути ҳайратангези байни боигарӣ ва гадоӣ, серӣ ва гуруснагӣ ба чашм вомехӯрд. Ҳеҷ яке аз гуногунии олами афсонавии Ҳиндустон диққати шоири инсондӯстро ба худ ҷалб накард, ҷуз ин ки Ҳиндустони тираю торик ва гуруснаю зорро дида тавонист. Дар мавриди қабули ин силсилашеърҳо аз ҷониби мардуми Ҳиндустон Мирсаид Миршакар чунин мегӯяд:  “Силсилаи шеърҳои “Қиссаи Ҳиндустон” тез паҳн шуда, писанди халқи озодихоҳи Ҳиндустон гардид. Мардуми Ҳиндустон дар шахси Мирзо Турсунзода фарзанди азиз ва аҳли дарди худро дид. Бесабаб набуд, ки рӯзномаҳои прогрессивии ин мамлакат он рӯзҳо ӯро шоири миллии Ҳинд эълон карданд”.
Мирзо Турсунзода аз ҷумлаи суханваронест, ки барояшон ҳунар ва сиёсат муродифи якдигаранд. Мирзо Турсунзода бо як маҳорати баланд лирикаро бо сиёсати давлат ва ниёзмандиҳои он ҳамоҳанг сохта буд. Арзиши “Қиссаи Ҳиндустон”-и ӯ, ки беш аз ним аср пеш иншо шудааст, маҳз дар ҳамин мебошад. Дар манзумаи мазкур назокати шоирона ва диловарии шаҳрвандӣ, дарди инсон ва орзуҳои нек, шукргузорӣ ва танаффур, муҳаббат ва талоши озодӣ, гармии дасти дӯст ва гиреҳ шудани мушт ба ҳам омехтаанд; бе ин ду боли муҳаббату ғазаб ва шодиву андуҳ “Қиссаи Ҳиндустон” наметавонист дар фазои сайёра ин гуна баланд парвоз кунад.
Мирзо Турсунзода тафаккури фарогири кураи Замин ва дили дардошное дошт ва шеъри ин шоири нобиға шеъри миллат ва шеър барои инсоният аст. Ашъори оташбори ин вассофи сулҳу дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамдилии мардуми олам ба 60 забони халқҳои дунё тарҷума шудааст.
Шоири бузурги рус Николай Тихонов дар мавриди ашъори Мирзо Турсунзода чунин мегӯяд: “Ашъори Мирзо Турсунзода ба сони мурғи афсонавӣ аз рӯи қуллаҳои баланду дарёҳои паҳновар гузашта, бо ҳаққоният, самимият ва пардози зебои шоиронаи худ ақлу дили ҳамзамононро тасхир кардааст”. Далели ин гуфтаҳои шоири рус ва таъсири қиссаи “Ҳиндустон”-и Мирзо Турсунзода аст, ки адиби дигари рус Сергей Михалков ба ваҷд омада, чунин иброз медорад: “Мирзо Турсунзода дар наздикшавии кишварҳои Осиё ва Африқо, муборизаи мардуми ин қитъаҳо алайҳи мустамликадорӣ, расиданашон ба истиқлолу озодӣ саҳми бузурге гузоштааст.” 
 
Фаридуншоҳ АБДУЛЛОЕВ,
мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Гулистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2021    №: 93    Мутолиа карданд: 1022
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед