logo

фарҳанг

ЗЕБОТАРИН ПАНЕЛИ МОЗАӢ

Шашмақом яке аз ҳунарҳои бостонӣ буда, бозгӯи фарҳанги қадимаи   мардуми тоҷик аст. Зикр намудан ба маврид аст, ки баробари эҷоди сурудҳову таронаҳои дилангез, шоҳасари мозаӣ, фрески сангии Шашмақом, ки аз ҷониби рассоми машҳури тоҷик Асрор Аминҷонов эҷод шудааст, яке аз манзараҳои тамошобоби Тоҷикистон гардида, бозгӯи волои ин сабки мусиқист.  
 
- Фрески сангии Шашмақом зеботарин панели мозаӣ мебошад, ки диққати тамошобинонро ба худ ҷалб кардааст. Аслан, мозайкасозӣ санъати ғайриодиест, ки аз муаллиф диду ҳунари олиро тақозо менамояд. Эҷоди мозайкаи Шашмақом ба солҳои 60 – уми асри гузашта тааллуқ дошта, то ба ҳол ин муҷассама дар девори бинои Телевизиони «Сафина» бо сифати олӣ побарҷост. Мозайкаи панели Шашмақом ягона нақшест, ки аз сангҳои табиӣ сохта шуда, дар он акси навозандагону раққосон хуб наққошӣ шудааст ва бовар аст, ки ин ҳунари нотакрори А. Аминҷонов солиёни дароз таҷассумгари фарҳангу ҳунари мардуми тоҷик боқӣ мемонад, - иброз дошт Манзура Ӯлҷабоева, рассоми барҷастаи тоҷик,  устоди Донишкадаи давлатии дизайн ва санъати тасвирии Тоҷикистон.
Ин аст, ки пас аз эҷоди чунин як шоҳасар Аминҷоновро «падар»- и мозайкаи санг дар Тоҷикистон эътироф намуданд.  
Воқеан, дидани ин панел чашми касро ҷило медиҳад. Мозайкаи Шашмақом тасодуфӣ набуда, рамзест инъикоскунандаи соҳибфарҳангии мардуми мо. Дар замони соҳибистиқлолии Ватан дар миқёси кишвар ҷиҳати рушду такомули он ансамблҳои шашмақомсаро бо муассисаҳои мусиқӣ ва марказҳои фарҳангӣ таъсис ёфтанд ва аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2000 – ум ҳамасола 12 май ҳамчун Рӯзи Шашмақом таҷлил мегардад. Қадима будану устувор мондани ин намуди санъати классикиро ба назар гирифта, соли 2003 бо пешниҳоди ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Шашмақом ба рӯйхати шоҳкориҳои мероси шифоҳиву ғайримоддии ЮНЕСКО шомил гардид.
 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2021    №: 93    Мутолиа карданд: 794
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед