logo

иқтисод

НУРОБОД. ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ БА ИСТИҚБОЛИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Дар ноҳияи Нуробод рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, № 968 «Дар бораи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери таваҷҷуҳи махсуси роҳбарият қарор дорад.
Тибқи иттилои роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Нуробод Зафар Ҳисориев, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, сармоягузорон,  бо ҷалби соҳибкорон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва сокинон аз 248 иншооти ҷашнӣ то имрӯз 185 - тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Аз ҷумла, соли 2018-ум  93 адад, соли 2019-ум 57 - то ва дар  соли 2020-ум 35 иншоот ба истифода дода шуда, дар 63 объект корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд. 
Бо ҳидоятҳо ва дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохтмони роҳи байналмилалии Обигарм-Нуробод оғоз шуд. Ин рӯйдоди фараҳбахшро дар оғози соли 2021 сокинон пайки хуб дониста, ба хубӣ истиқбол намуданд. Бунёди ин масир имкон медиҳад, ки сатҳу сифати зиндагии мардум боло рафта, соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ривоҷ ёбанд.
 Аз ҷониби муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар соли 2021 бо мақсади дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани роҳҳои нақлиётӣ дар масоҳати 156 км ба маблағи 29 200   сомонӣ  роҳу пулҳо  таъмиру  барқарор шуданд.  
Ҳамчунин, аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша таъмиру азнавсозии 15,3 км роҳи маҳаллӣ дар назар аст. 
Сокинони деҳаҳои Яхак ва Юсти деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимов, бо иқдоми худ пули мошингузарро бо сифати хуб ва ҷавобгӯ ба талабот таъмиру таҷдид намуда, ба ин васила дар ободии диёр саҳми арзанда гузоштанд.
Ҳамзамон, сохтмони толори варзиш дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6, Муассисаи таҳсилоти асосӣ дар деҳаи Обигармӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии  №26, №63 ва дигар бинову иншооти ҷашнӣ бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ то охири сол анҷом мепазирад.
Айни замон корҳои сохтмонӣ дар қисми дуюми роҳи марказии шаҳраки Дарбанд аз ҷониби ҶДММ “Нуробод-лоиҳа” бо маблағгузории Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО Роғун» босуръат идома дорад.
Барои корҳои сохтмону ободонӣ аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузор 50 миллиону 430 ҳазор сомонӣ,  аз ҷумла 28 миллиону 352 ҳазор  сомонӣ аз ҳисоби муассисаи мазкур ва дигар сарчашмаҳо ба нақша гирифта шудааст.
 
Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.05.2021    №: 94    Мутолиа карданд: 1159
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед