маориф
Фаъолияти Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионӣ қатъ меёбад
Суди иқтисодии шаҳри Душанбе парвандаи даъвоиро ба нафъи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ҳал кард. Мувофиқи он фаъолияти Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон қатъ мегардад.
Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма изҳор дошт, ки таҳсили донишҷӯёни донишкада дар дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар идома меёбад. Омӯзгорони он бошад, мувофиқи озмун ба кор пазируфта мешаванд.
Дар посух ба пурсиши хабарнигорон вазир гуфт, ки сабаби қатъи фаъолияти муассисаи таълимӣ ба талабот ҷавобгӯ набудани он мебошад.
Тибқи маълумоти Абдуҷаббор Раҳмонов моҳи оянда рейтинги донишгоҳҳову донишкадаҳои кишвар доир мешавад. 5 муассисаи таълимие, ки дараҷаи аввалро ноил мегардад, ҳамзамон имкони таъсиси филиалҳоро дар хориҷи кишвар пайдо мекунад. Дар робита ба ин мавзӯъ ёдовар шуд, ки яке аз шартҳои пирӯзӣ таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ дар муассисаи таълимии кишвар маҳсуб меёбад.
Абдуҷаббор Раҳмонов гуфт, ки бахшида ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ озмуни эҷодӣ эълон мегардад. Барои воситаҳои ахбори оммае, ки дар инъикоси он пирӯз меоянд, 5 ҳазор сомонӣ ҷудо мегардад ва ҳам шахсони алоҳида ба унвонҳо сарфароз мешаванд.
Абдулқодири РАҲИМ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5483