logo

иҷтимоиёт

АЗ МАҲВИ БОСМАЧИҲО ТО ЗИНДАГӢ ДАР МАСИРИ НАВ. ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР ДАР КӮЛОБ

Аввали соли 1925. Мардуми манотиқи марказии шӯравии собиқ ва, ҳатто, ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ кайҳо ба таври комил ба пешбурди хоҷагии халқ, рушди иқтисодӣ ва некуаҳволӣ рӯ оварда бошанд ҳам, вале қаламрави Тоҷикистони шӯравӣ ба майдони ҳаракатҳои босмачигарии Осиёи Марказӣ табдил ёфта буд. Роҳбарони сиёсӣ ва давлатии Ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон ба ҷойи бунёду устувор кардани сохторҳои нави давлатӣ, сиёсӣ, хоҷагидорӣ ва ҳалли масъалаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг комилан ба муборизаи зидди босмачиҳо пардохтанд. 
Дақиқан 10 рӯз пас аз расман эълон шудани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (25 марти соли 1925) ва бунёдгузории аввалин ҳукумати тоҷикон дар шаҳри навтаъсиси Душанбе аз сӯи Бюрои ташкилии (Оргбюро) Ҳизби Коммунистии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, Кумитаи инқилобии (ревкоми) ҶМШС Тоҷикистон кулли вазифаҳои муҳимро як сӯ гузошта, тамоми роҳбарони кишварро ба минтақаҳо сафарбар кард. Аз байн бурдан ва нуқта гузоштан ба ҳаракати босмачигарӣ умдатарин масъалае буд, ки ҷумҳурии навтаъсис онро ба уҳда гирифт.
Шириншоҳ Шоҳтемур - Намояндаи ваколатдори Комиссияи марказии назорати Ӯзбекистон дар ҶМШС Тоҷикистон, ҳамзамон, комиссари халқии нозироти коргару деҳқони ҷумҳурӣ, вазифадор шуд, ки фавран дар раъси Комиссияи ҳукуматӣ барои маҳви ҳаракати босмачигарӣ ба вилояти Кӯлоб сафар кунад. Вазъи он ҷо нисбат ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон хеле вазнин буд. 
Ҳайати комиссия 10 апрели соли 1925 ба шаҳри Кӯлоб расид.  Шоҳтемурро дар ин сафари пурхавф аввалин комиссари Комиссариати халқии корҳои дохилии (НКВД) ҶМШС Тоҷикистон А. Ёрмуҳаммадов ҳамроҳӣ мекард. Аъзои коммиссияро ба хотири таъмини амниятӣ дар гарнизони 6-и полки олтоӣ, ки дар маркази шаҳр воқеъ буд, ҷойгир намуданд. 
Шоҳтемур ба унвони раиси комиссияи давлатӣ тақрибан ҳар рӯз аз рафти корҳо ва вазъияти минтақа ба марказ гузоришнома таҳия мекард. Ин номаҳо, асосан, ба унвони Борис Толпиго, котиби масъули бюрои ташкилии Ҳизби коммунистии Ӯзбекистон дар ҶМШС Тоҷикистон ва Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон фиристода мешуданд. Дар гузоришҳо таҳлили корҳои мушаххаси анҷомшуда аз ҷониби комиссия, шарҳи  мушкилиҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии мавҷуда инъикос мешуд. Номаҳо, ҳамчунин, аз он нигоҳ ҷолибанд, ки дар онҳо ҳама гуна фактҳо: рӯзҳо, рақамҳо, мавзеъҳои ҷуғрофӣ, суроғаҳо ва ғайра инъикос ёфтаанд. Муҳимтар аз ҳама, дар ҳар нома масъалаҳои мубрами замон, муроҷиат ва талаботи муаллиф аз роҳбарони ҷумҳурӣ нигошта шудаанд. 
Ба муаллифи ин сатрҳо муяссар шуд, то бо бархе аз ин номаҳо, ки бо дасти Шоҳтемур навишта шуда дар собиқ Бойгонии марказии ҳизбии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон нигоҳ дошта мешуданд, шинос шавам. Ҳар як нома аз 2 то 10 саҳифа аст. Шояд ба сабаби камбуди коғаз ва худнавис (ручка) бошад, ки бештари номаҳо бо қалами сиёҳ ва кабуд дар коғазҳои номуносиб навишта шудаанд. Тамоми номаҳо ба забони русӣ - забони асосии давлатии он замон иншо гаштаанд. Ба хотири дониши хуби забонии Шоҳтемур ва хати зебову хонои ӯ ин номаҳоро метавон ба осонӣ хонд. 
 
МУБОРИЗАИ “ОМЕХТА” 
Комиссия аз рӯзи аввали расидан ба Кӯлоб усули муборизаи худ бо босмачиҳоро дақиқ ва равшан изҳор кард: танҳо бо роҳи “омехта” (комбинированный). Яъне, такя кардан танҳо ба муборизаи мусаллаҳона ва ҷисман нобуд сохтани аъзои дастаҳои  босмачигарӣ не, балки вазъи воқеиро хуб омӯхта, рӯшан карда, бештар ба барномарезӣ ва иҷрои чорабиниҳои якҷояи идеологӣ, иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва ҳарбӣ машғул шудан лозим аст. Ш.  Шоҳтемур муътақид буд, ки бештари босмачиҳо афроди фиребхӯрдаи одианд, ки ба дарки ҳадафҳои Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон нарасидаанд. Аз ин рӯ, вай ҳамчун идеолог барои ҷалб кардани ин шаҳрвандони ояндаи Тоҷикистони нав ба вусъати корҳои идеологӣ бартарӣ дода, аз истифодаи амалҳои несткунанда худдорӣ кард. 
 “Дар тӯли якчанд рӯз онҳо (аъзои комиссия- Қ. А.) бо вазъияти вилоят ошно шуданд, аз ҳамаи туманҳо ва воҳидҳои низомии бригадаҳо дидан карданд, бо деҳқонон ва аскарони сурх маҷлисҳои зиёде гузаронданд. Ҳангоми бозгашт ба Кӯлоб маҷлиси васеи ҳизбӣ, фаъолони давлатӣ ва ҳарбиёнро баргузор карданд”. Ёдоварӣ мекунад яке аз комиссарҳои шӯравӣ ва иштирокчии мубориза бо босмачиёни Кӯлоб Михаил Топилский, дар хусуси оғози кори Комиссияи давлатӣ таҳти роҳбарии Ш. Шоҳтемур дар китоби худ “Ранние зори Таджикистана” (1924 – 1931) «Наука», Москва, 1968, саҳ. 50 – 52).
 
9 МОҲ ДАР КӮЛОБ
Шириншоҳ Шоҳтемур ба унвони раиси Комиссияи давлатӣ оид ба мубориза бар зидди босмачигарӣ расо 9 моҳи пурраро дар Кӯлоб паси сар кардааст, ки ин дар бисёр ҳолномаҳои ӯ зикр гардидааст. 
Дар тӯли ин муддат ӯ на хобро медонисту на истироҳат. Ҳамеша дар сафарҳо, вохӯриҳо, маҷлисҳо ва гуфтушунидҳо қарор дошт. “...Имрӯз, яъне 7-уми май ба туманҳо меравем. Дар бораи корҳои анҷомдода дар Кӯлоб ва маҳаллаҳои атрофи он ба шумо дар маърӯзаи хаттӣ иттилоъ дода будам. Ғайр аз ин, ташкили ревкомҳои ҷамоатҳо ва кентҳо ба охир расида, ҳоло бо нишондодҳои ревкомҳо таъйини муваккилони қишлоқҳо рафта истодааст. Дар роҳи бозгашт аз туманҳо аз марз дидан кардем ва бо кормандони кумитаҳои инқилобии ҷамоатҳо, кентҳо ва туманҳо маҷлисҳо гузарондем...»,- менависад Шоҳтемур (мактуб аз 7 майи соли 1925). 
Бо ҳузури худ дар Кӯлоб ва бархӯрди ҳаррӯза бо табақаҳои гуногун Шоҳтемур бо вазъияти воқеии иҷтимоӣ - иқтисодӣ хуб шинос шуда, дарк кард, ки бештари маълумоте, ки аз минтақаи Кӯлоб ба марказ мерасад, ба ҳақиқат мувофиқат намекунад. Омор ва баҳогузории носаҳеҳи вазъ ба иҷрои дурусти вазифаҳои дарпешистода халал мерасонд. 
Илова бар ин, дуздии пули давлат, хирасарии кормандони аз марказ фиристодашуда, эътироф накардани мардумони маҳаллӣ, муносибати бади марказ бо кормандони маҳаллӣ, норасоии кадрҳои маҳаллӣ дар ҳамаи арсаҳо, муносибати ҷойдоштаи ваҳшиёнаи аскарони сурх бо мардуми маҳаллӣ, шовинизми пинҳонии бархе аз фармондеҳон, дурӯягии роҳбарон, фиребдиҳии давлат, фаъолияти бетартибонаи мақомоти ҳизбӣ ва шӯравӣ боиси сардшавии муносибати мардум бо ҳокимият шуда буд. 
Дар порчаҳои дар зер оварда аз ин номаҳо шумо хоҳед дид, ки чӣ тавр Шоҳтемур ба ҳайси раиси комиссияи давлатӣ ба таври қотеона, асоснок, фаврӣ, бидуни тарс ва содиқона тавонист ҳалли фаврии аксари масъалаҳои зикршударо дар пеши марказ гузорад ва талаб намояд. 
 
ДАР БОРАИ РОҲБАРОНИ АЗ МАРКАЗ ФИРИСТОДАШУДА: 
“...Ба касе, бахусус ба Шумо пӯшида нест, ки дар замони Ҷумҳурии Бухоро ба Бухорои Шарқӣ кормандоне фиристода мешуданд, ки аз аппарати советҳои дигар ҷумҳуриҳо хориҷ шуда буданд. Аксаран инҳо ҳамон ҷинояткороне мебошанд, ки аз дасташон Ҷумҳурии Тоҷикистон низ амон намеёбад. Масалан, сардори милитсияи вилояти Кӯлоб Садаев, Калмитский ва ҳоказо. Мо аз ин гуна одамон комилан халосӣ наёфтаем. Теъдодашон замоне кам мешавад, ки мо аппаратамонро аз афроди аз Ҷумҳурии Бухоро ба мо расида пок кунем. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф, бо ҳар роҳе ки набошад бояд амаламонро шурӯъ кунем: дар қадами аввал аз вилояти Кӯлоб ҳамчун қисмати сарҳадӣ ё яке аз ҳудудҳои сарҳадӣ. Барои ин зарур аст, ки кормандони бахши молия, ки чандин сол ин ҷо кор мекунанд, иваз шаванд. Аз байнашон ҳатто онҳое ҳам, ки чанд муддат пеш аз Душанбе омадаанд, худро дар Кумитаи иҷроияи марказии Бухорои Шарқӣ ҳис мекунанд. Ман ҳамчун намояндаи расмии Идораи нозироти коргару деҳқони Ӯзбекистон қотеона талаб мекунам, ки рафиқ Барбин (дар борааш ба рафиқ Толпиго ҳам навиштам), масъули Кумитаи молиявии вилояти Кӯлоб ва баъдан ҳамаи кормандони ин кумита дар ҳамаи туманҳо иваз карда шаванд. Давлат тавассути ин кормандон дар ҷойҳои хеле нозук бо мардуми маҳаллӣ рӯ ба рӯ мешавад. Ин идора бояд аз усулҳои нарм истифода кунад...” 20/VI- с. 25 Шоҳтемур. (БМҲ ҲКТ, ф. 1, о. 1, д. 81, саҳ. 69 – 71 а). 
 
“Раиси шуъбаи милитсия, беҳизбӣ, ба замми ин ки ришвахӯр аст ва панҷ рӯз пеш аспҳои қочоқиро аз худ карда, духтари яке аз сокинони маҳаллиро ба занӣ гирифта, бо ӯ танҳо як шаб зиндагӣ карда субҳ ба назди падараш ҷавобаш додааст. Ғайр аз ин чандин ҷиноятҳои дигар содир кардааст...” Агар ҳамин тавр давом ёфтан гирад, дигар ҳеҷ касро, ҳатто ба зӯрӣ ҳам ба ҳизб ҷалб карда наметавонем... Ин идораро бояд тоза кунем.
Рафиқ Салиев номзад ба аъзогии ҳизб аст. Ӯро барои иҷрои корҳои шӯравӣ дар Муъминобод таъйин кардаем, вале ӯ корҳои зиёди аҳмақонае дар он ҷо кардааст: бо қасди издивоҷ бо духтари 9-сола гумонбар шудааст (то ҳол дақиқ нашудааст). Ба ҷойи раиси барканоршудаи шуъбаи милитсия лозим аст, одами ҷиддитаре аз наздикиҳои Кӯлоб ба сарҳад таъйин шавад… 2/VI – с. 25 Кӯлоб». (БМҲ ҲКТ, ф. 1, о. 1, д. 80, саҳ 139 – 141 а).
 
ДАР БОРАИ ИРСОЛИ ОМОР ВА МАЪЛУМОТИ НОДУРУСТ БА МАРКАЗ: 
“...Ба унвони мисол, ҳодисаи бо гандум рухдодаро, ки дар вилояти Кӯлоб воқеъ буда, бояд миёни аҳолии ноҳияҳои камҳосил тақсим шавад, ёдовар мешавам: вақте ки Душанбе моро дар бораи миқдори гандум пурсид рафиқ Барбин 7000 пуд гуфт. Ин 6 июн буд. Дар лаҳзаи супориш аз Душанбе дар бораи тақсими гандум маълум шуд, ки миқдори гандум 7000 на, 4500 пуд будааст. 2500 пудро дар ин муддати кӯтоҳ гӯё идораи ҳарбӣ гирифтааст, ҳарчанд бригада мегӯяд, ки нагирифтааст. Пас аз ҷаласаи Кумитаи инқилобӣ рафиқ Барбин эълом медорад, ки 4500 не, балки 2900 пуд гандум боқӣ мондааст. Дар бораи миқдори воқеии гандум дар Ховалинг чизе гуфтан душвор аст. Ё бояд дар назди ҳукумат ва мардум дурӯғгӯ бошем, ё нозир дурӯғ мегӯяд.
Намояндаи расмии Нозироти коргару деҳқони Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Шоҳтемур”. 20/VI- с. 25 (БМҲ ҲКТ, ф. 1, о. 1, д. 81, саҳ. 69 – 71 а).
 
ДАР БОРАИ МАНЪ КАРДАНИ АНДОЗСИТОНИИ ҒАЙРИҚОНУНӢ АЗ МАРДУМ:
“Вақте аз сафари хизматӣ баргашта санаи 25/VII ба Кангурт расидам, маълум шуд, ки бо дастури фармондеҳи бригадаи XIII аз соҳибони яроқи отряди худихтиёрии Бухорбӣ барои ҳар яроқи гумшуда 900 рубл ситонда шудааст. Ин кор бидуни дар ҷараён мондани ҳукумат анҷом шудааст ва ба ман дар ин бора аз Душанбе иттилоъ дода буданд. Аз ҷониби ҳукумат амр шуд, ки ин амал бояд қатъ шавад ва ҳамаи маблағи ситондашуда бояд ба соҳибонашон баргардонда шаванд (аз мардум 700 чорво ситонда шудааст, вале бояд 800 сар гирфта мешуд).”
Вақте фармондеҳи бригада рафиқ Попов дар бораи ин амри ҳукумат шунид, дар назди раиси Ревкоми вилоят Бобосаид ва рафиқ Бакунович маро таҳдид кард. Гӯё ман ҳамаи нақшаҳои вайро барбод додаам...” (БМҲ ҲКТ ф. 1, о. 1, д. 81, саҳ. 90 – 93).
 
ДАР БОРАИ БОЗ ДОШТАНИ ПАҲНШАВИИ ЗАБОНИ ТОТОРӢ ДАР КӮЛОБ ВА ДАР ХУСУСИ НОЗИРОНИ  МОЛИЯВӢ:
“Моҳи июн ман ба шумо дар бораи котиби Ревкоми вилоят шаҳрванд Вергазов навишта будам. Ман бо шумо мувофиқам, ки касе ӯро иваз карда наметавонад, аммо ӯ бояд дар ягон идораи калони Душанбе кор кунад, дар идорае, ки маҷбураш кунанд, кор кунад, на ин ки чизе дилаш хоҳад ҳамон тавр кунад. Дар Ревкоми вилоят ӯ худро яккаву ягона ҳис мекунад. Илова бар ин, ӯ кӯшиш мекунад, ки дар ҳамаи туманҳои вилоят, чи дар Ревком ва чи  фармондеҳи отрядҳои худихтиёрӣ ва ё дар идораи нозироти молиявӣ тоторҳо бошанд. Ин ҷо қаблан макони нишемани тоторҳо будааст. (Ин талошҳо ҳанӯз ҳам вуҷуд доранд). Онҳо дар Кумитаи ҳарбии Туркистон, шуъбаи разведка ва дигар ҷойҳо кор мекарданд. Баъдан омада нозири идораи молиявӣ шуданд. Ҳоло як гурӯҳи онҳо дар Ревком кор мекунанд ва дигарон ҳам талош мекунанд ба он ҷо гузаранд ва ё мехоҳанд ҳамзамон ҳам котиби Кумитаи инқилобӣ ва ҳам нозири идораи молиявӣ бошанд. Кӯтоҳи гап онҳо монополисти музди кормандони шӯравӣ дар саросари вилоят ҳастанд (Ҳадафи дар туманҳо ҷорӣ кардани ин кор ҳам буд, вале кори Вергазов барор нагирифт). Дар ин рӯзҳо Вергазов дар тамоми туманҳо гашта фармудааст, ки коргузорӣ минбаъд ба забони тоторӣ бурда шавад, ҳарчанд он бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуда буд. Бар асоси далелҳои дарболозикршуда, бори дигар хоҳиш мекунам, ки Вергазовро фавран аз вазифа озод ва ба Душанбе даъват шавад. (Вергазов - одами бевиҷдон!).
Ман аз шумо, ҳамчунин, хоҳиш карда будам, ки ваколатдори Наркомфин - Барбинро низ аз вазифа озод кунед. Барои он ки муносибати ӯ бо аҳолӣ хеле дағал аст. Охир ӯ дар доираи вазифаи худ бо мардум ҳамеша бархӯрд дорад.  
...Ӯро бояд аз вазифа озод ва ба ҷойи дигаре ва вазифаи пасттаре  наздиктар ба Душанбе бурд”. 18/ VIII – с. 25 . (БМҲ, ф. 1, оп. 1, д. 80, саҳ. 376 – 380 а).
 
НАКУШЕД! ФАҲМОНЕД, ЁРӢ РАСОНЕД, БИСОЗЕД! 
Шоҳтемур 9 моҳ дар минтақаи Кӯлоб фаъолият кард. Ин яке аз давраҳои душвор ва пурмасъулияти ҳаёти ӯ буд. Сарфи назар аз мушкилоти воқеӣ уҳдадоришаро содиқона ва бо масъулияти бузург иҷро намуд. Ӯ ба мардуми маҳаллӣ ва расму суннати онҳо бо эҳтироми зиёде муносибат мекард. Дар ин муддат муносибати мардум нисбат ба ҳукумати нав ба куллӣ тағйир ёфт. Зиндагии нав шурӯъ гардид, мактабҳо, беморхона ва роҳҳои нав сохта ба истифода дода шуданд. 
М. Топилский ҳамчун шоҳиди он воқеаҳо дар китоби зикршудааш дар бораи шукуфоии зиндагии деҳаҳо пас аз омадани комиссияи давлатӣ чунин навиштааст. “Шоҳтемур коммунистони бригадаи низомиёнро бо он айбдор медонист, ки онҳо ба деҳқонон дар шудгори замин, тоза кардани ҷӯйборҳо, сохтани мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва роҳҳо ба андозаи кофӣ ёрӣ намекунанд. Ҳарчанд деҳқонон ҳар як чунин кумакро барои барқарор кардани хоҷагии худ қадр мекарданд. 
Пас аз мулоқот бо котибони КМ ҳизби ҷумҳурӣ мо кори худро куллан бознигарӣ кардем. Қисме аз кормандони сиёсӣ фавран ба деҳаҳо рафтанд, то фаъолияташонро дар байни мардум бештар анҷом диҳанд. Он комиссарҳое, ки отрядҳои ҷангиро роҳбарӣ мекарданд, на танҳо ба корҳои фаҳмондадиҳӣ шурӯъ карданд, балки ҳангоми таваққуф дар ҷангҳо ба деҳқонон дар заминкорӣ, таъмири биноҳо ва корҳои дигари хоҷагӣ ёрӣ мерасонданд...”
 
Қурбон АЛАМШОЕВ, рӯзноманигор
       
Дар расм: аъзои Комиссияи давлатӣ оид ба мубориза бо босмачигарӣ. Аз чап ба рост: Вайнерх- фармондеҳи бригадаи 6 олтоӣ, Ш. Шоҳтемур, намояндаи ваколатдори Комиссияи марказии назоратии ПК (б) Ӯзбекистон дар ҶМШС Тоҷикистон ва ҳамзамон комиссари халқии идораи нозироти коргару деҳқони ҶМШС Тоҷикистон, С. Раҷабов, котиби Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, А. Ёрмуҳаммадов - комиссари халқии корҳои дохилии (НКВД) ҶМШС Тоҷикистон, А. Кропочев - комиссари низомии бригадаи 6 олтоӣ. Тобистони соли 1925, шаҳри Кӯлоб.
Дар акси дигар: порчае аз номаҳое, ки Ш. Шоҳтемур бо дасти хеш навиштааст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.05.2021    №: 94    Мутолиа карданд: 851
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед