logo

сиёсат

ОИНИ ҲАМСОЯДОРӢ. ТОҶИКИСТОН БА ЗИНДАГИИ ОСОИШТА БАРТАРӢ МЕДИҲАД

Ҳаводиси ахир дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон нишон доданд, ки халқи шарафманди тоҷикро дар роҳи ҳимоят аз ҳар зарра хоки Ватан, ғурури милливу номуси ватандорӣ ба ҳадди камолот расидааст. Ин аслро як посухи сазовори неруҳои марзбонӣ ва ҳамраъйиву ҳамдилии сартосарии мардумӣ дар баробари тавтеаи навбатии кишвари ҳамсоя ва кӯшиши дастдарозӣ ба марзу буми мо, ки бар пояи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шартномаҳои байналмилалӣ (истифодаи қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби давлат бар зидди соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, истиқлолияти сиёсии давлати дигар) ҳамчун ҳаракати таҷовузкорона баҳо дода мешавад, муҳри воқеӣ зад. 
Аслан он чи дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба амал омад, барои мардуми тоҷик, ки дар партави сиёсати башардӯстонаву таҳаммулпазиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша пойбанд ба оини ҳамсоядорӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ аст, қобили пешбинӣ набуд. Зеро мо интизор надоштем, ки таҳаммулпазирӣ ва хештандории ҷониби Тоҷикистон вобаста ба баҳсҳои марзӣ Қирғизистонро ба ҳадде саркашу тавтеаталаб намудааст, ки ба гумони ғолиб зери таъсири гурӯҳу созмонҳои фурсатталаб болои мардуми осоишта лашкар кашидаву чашми тамаъ ба сарзамини таърихии тоҷикон бидӯзад. Ҳарчанд давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар гузашта бар асари муноқишаҳои созмонёфтаи марзӣ талафоти ҷуброннопазири ҷонӣ додааст, ба хотири ҳифзи оромӣ ва халалдор нагардидани равобити дӯстонаву муносиботи неки ҳамсоягӣ боре даст ба иқдомоти ҷавобӣ назад. Мутаассифона, ба қавли таҳлилгарон, Ҷумҳурии Қирғизистон аз чунин шеваи муносибат бардошти ғалат ҳосил карда, ахиран даст ба ҳамлаи мусаллаҳонае зад, ки дар тамоми давраи баҳсҳои сарҳадӣ собиқа надорад.

НУҚТАИ ОҒОЗИ ДАРГИРӢ 
Тавре рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо истинод ба Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода буд, 29 апрели соли ҷорӣ зимни муноқишаи сокинони маҳаллаҳои Сомониёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кок – Тоши Ҷумҳурии Қирғизистон шаҳрвандони кишвари ҳамсоя ба тарафи шаҳрвандони мо аз камони шикорӣ оташ кушоданд. Дар натиҷаи ин амал Оқил Амаков, сокини деҳаи Сомониёни деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз пешониаш захми тир хӯрда, ҳамчун аввалин ҷароҳатбардоштаи низои марзӣ дар беморхона бистарӣ гардид. Худи ҳамон рӯз бар асари тирпарронии қирғизҳо шаҳрванди дигари Тоҷикистон – Саттор Самадов низ ҷароҳат бардошт. 
Далелҳои баъдӣ собит намуданд, ки муноқишаи баамаломада дар асоси тарҳи ҳадафмандона роҳандозӣ шуда, як рӯз қабл аз даргириҳои мусаллаҳона – 28 апрел дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии маъруф ба «Головной», воқеъ дар болои дарёи Исфара (ҳоло Оқсу ном ниҳоданд) ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои деҳоти Чоркӯҳ, аз худ дарак дода, дар натиҷаи амалҳои иғвоангезонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ва сангпартоии онҳо ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон сар зад. Ҳузури хизматчиёни воҳиди таъйиноти махсуси кишвари ҳамсоя бо либоси шаҳрвандони мулкӣ дар байни шӯришчиёни Қирғизистон худ ба худ аз ташаннуҷи вазъ аломат медод. Нигарониҳо аз чунин иттифоқоти хатарнок нимаи дуюми рӯзи 29 апрел боз ҳам афзуд. Низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ошкоро ба ин моҷаро пайваста, ҷониби марзбонони Тоҷикистон оташ кушоданд ва маълум гардид, ки кишвари ҳамсоя паймоншиканона нақшаи забти нуқтаи обтақсимкунии «Головной»-ро ба роҳ мондааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи харитаи солҳои 1924 – 1927 ва 1989 иншооти мазкур пурра дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, замони Иттиҳоди Шӯравӣ (соли 1968) барои обёрии заминҳои корами шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон истифода мешуд. 
 
ҚИРҒИЗҲО ЧОРКӮҲРО МУҲОСИРА КАРДАН МЕХОСТАНД…
Муноқишаи сарҳадӣ аз куҷо сар ва дар куҷо тамом шуд ва дар дили киҳо доғи абадӣ гузошт? 
Вобаста ба омӯзиши ин ва таҳқиқи дигар омилҳои даргирӣ мо ба шаҳри Исфара рафтем. Дар масири Хуҷанд-Конибодом ҳудуди деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ҳамсарҳад бо деҳаи Аркаи ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон аст, дар ду ҷониби роҳ асари даргириҳо ба чашм мерасид. Тибқи нақли шоҳидон, неруҳои низомии кишвари ҳамсоя баъд аз шикасти дарднок дар Исфара кӯшиши ворид шудан ба Хистеварз карданд, вале, дар ин минтақа ҳам девори дифоии сарҳади моро рахна карда натавонистанд.
Нимаи дуюми рӯзи 6 май ба шаҳри Исфара расидем. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳама ба кори маъмулӣ баргашта буданд. Дар ошёнаи якуми бинои мақомоти иҷроия Ситоди вилоятӣ оид ба барқарорсозии оқибатҳои зарари аз низоъҳои марзӣ баамаломада мустақар шуда буд. Маъруф Муҳаммадзода, раиси ситод, иттилоъ дод, ки ситод дар навбати аввал манзилҳои пурра харобшуда дар натиҷаи низои сарҳадии сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни деҳоти Чоркӯҳро муайян намуд: «То ҳол, мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ, хисороти умумӣ дар пайи низои марзӣ 11 миллион сомониро ташкил дода, аз ҳар ду деҳа 16 манзили истиқоматӣ батамом сӯхта нобуд шуда, 28 хонаи дигар қисман зарар дидаанд, ки дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд дар зарфи як моҳ тамоми хисорот бартараф ва манзилҳои харобшуда барқарор гардида, бо лавозимоти рӯзгор ба дасти соҳибонашон супурда шаванд. Бо мақсади иҷрои дастури Сарвари давлат, дар асоси супориши раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, ташкилоту сохторҳои вилоятӣ вазифадор шуданд, ки дар сохтмони манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон саҳм гузоранд. Ҳоло кор дар ин самт оғоз шуда, аллакай, ниҳодҳои масъул ба ворид кардани масолеҳи сохтмонӣ корҳои барқарорсозиро оғоз карданд».
Худи ҳамон рӯз дар роҳ ба сӯи деҳаи Хоҷаи Аъло дар ҳудуди деҳоти Шаҳраки шаҳри Исфара иттифоқоте моро боздошт. Нигоҳамон ба чаҳор сарбозе афтод, ки дар дидбонгоҳи сарҳадии деҳаи Чорбоғ дар муқобили марзбонони қирғиз бо салобат ва ғурури миллӣ сарҳадро ҳифозат мекарданд. То расидан ба назди сарбозон Фозилҷон Мирмаҳмадов, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ки моро ҳамроҳӣ мекард гуфт, ки дидбонгоҳи сарҳадии «Чорбоғ» низ яке аз нуқтаҳои даргир ва ҳадафи ҳамлаи неруҳои низомии Қирғизистон буд. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Абдухалил Қориев, раиси маҳаллаи Чорбоғ, ҳуҷуми неруҳои қирғиз ҳамоҳангшуда ва дар як вақт ба чанд минтақа, аз ҷумла маҳаллаи Чорбоғ, ногаҳонӣ сурат гирифт. – Аммо як чи боиси ифтихори мо буд, ки ҳамин чаҳор тан сарбози неруҳои марзбонӣ дар муқобили ҳуҷуми дастаи мусаллаҳи қирғизҳо истодагарӣ карда, то расидани неруҳои иловагӣ нагузоштанд, ки онҳо ба Чорбоғ ворид шаванд. Вагарна, низомиёни қирғиз мехостанд, пули деҳаро тарконда, монеи вуруди неруҳои иловагии Тоҷикистон шаванд ва мунтаҳо деҳоти Чоркӯҳро дар муҳосира қарор диҳанд. Мутаассифона, дар ин ҷо (маҳаллаи Чорбоғ) як афсари тоҷик ҳалок гардид,- гуфт Абдухалил Қориев.
 
ДАР ХОҶАИ АЪЛО ХОНАҲОИ СӮХТА ДУД МЕКАРДАНДУ МАРДУМ ОҲ МЕКАШИДАНД
Дар деҳаи Хоҷаи Аъло шаш манзили истиқоматӣ бо тамоми амволи рӯзгори сокинон ба коми оташ рафта буд. Замоне ки мо аз ин манзилҳо дидан кардем, бо гузашти 6 рӯз ҳанӯз ҳам бӯи сӯхта ба машом мерасиду дуди оташ ҷо-ҷо ба ҳаво баланд мешуд. Сокинони деҳа тасдиқ карданд, ки воқеан бархӯрди мусаллаҳона дар назди сарбанди обтақсимкунии «Головной» ба баҳонаи насби камераҳои мушоҳидавӣ оғоз шуда, ба дигар минтақаҳо низ зуд доман зад. Дар ин робита, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни пахши изҳороти расмӣ ба ин нукта ишора кард, ки 29 апрели соли 2021 тақрибан соати 11 як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ ва сокинони Ҷумҳурии Қирғизистон иборат аз 200 нафар дар рӯбарӯи дидбонгоҳи сарҳадии № 2-и «Хоҷаи Аъло»-и қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷамъ омада, монеи насби камераҳои мушоҳидавӣ дар назди сарбанди обтақсимкунии «Головной» аз ҷониби муҳандисони тоҷик шуданд. Ин дар ҳолест, ки барои насби камера ё дурбинҳои мушоҳидавӣ қаблан мувофиқа ҳосил шуда буд. Вале гурӯҳи ҷамъомада бо ҳимояти низомиёни Қирғизистон ба тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сангпартоӣ карданд. Баъдан, иғвои мазкур ба бетартибиҳои оммавӣ, ки аз ҷониби Хадамоти сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон роҳандозӣ шуда буд, мубаддал гашт. Дар ҳамин ҳол, барои ба эътидол овардани вазъ ба ҷои ҳодиса кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҳозир шуданд, ки ба сӯи онҳо низ новобаста аз мақоми расмиашон оташ кушода шуд. Дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, чанд тан аз аҳолии маҳаллӣ ҷароҳатҳои вазнин бардошта, чанд нафар низ кушта шуданд. Чун тирандозӣ ба сӯи марзбонони Тоҷикистон гузашт, неруҳои низомии мо маҷбур ба вокуниш ва иқдоми ҷавобӣ шуданд. 
Сокинони хонабардӯши деҳаи Хоҷаи Аъло, ки ташаннуҷи лаҳза ба лаҳзаи вазъро аз наздик мушоҳида мекарданд, ба тасодуф ё ногаҳонӣ сар задани ин моҷаро шубҳа доранд ва мегӯянд, ки ҳаракати ҳамсояҳояшон нишон медиҳад, ки чунин амали фоҷиабор аз қабл тарҳрезӣ шуда, огоҳона сурат гирифтааст. Ин ҷо баҳс сари насби камераҳо баҳонае буду бас. Ба нақли сокинон, ҳамсояҳои ҳамшафаташон аз деҳаи қирғизнишини Коктерек (Сафед-дара) чанд рӯз қабл аз ҳодиса манзилҳояшонро тарк карда буданд ва то ҳол барнагаштаанд. Яке аз ҳамсуҳбатони мо, ки аз соли 1989 ба ин сӯ дар деҳаи Хоҷаи Аъло истиқомат дорад, гуфт, ки ягон хонаи ҳамсояи қирғизаш осеб надидааст: «Вақте моҷаро сар шуд, сохторҳои дахлдор моро ба шаҳри Исфара бурданд. Қирғизҳо аз набудани мо истифода карда, хонаву амволамонро қасдан оташ заданд». 
Насруллохоҷа Миров, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло, ки дар наздикии мавзеи «Головной» бо мо суҳбат мекард, гуфт: «Ман 15 - сола будам, ки дар ин мавзеъ баҳсҳои марзӣ ва обу замин идома доштанд. Ҳоло 70-сола шудаму ҳанӯз давом доранд ва сол ба сол мураккабтар мешаванд. Ҳол он ки ин заминҳо баҳсӣ нестанд, балки таърихан ба тоҷикон мансубанд, ки қирғизҳо ғасб карда гирифтанд. Ба мо хабар доданд, ки камераҳои мушоҳидавии ҷониби Тоҷикистон дар «Головной»-ро, ки ҳоло аз ду ҷониб назорат мешавад, қирғизҳо канда истодаанд. Бо шунидани ин хабар рафтем, ки намонем камераҳоро кананд, зеро аз ҷониби қирғизҳо, аллакай, дурбинҳои назоратӣ канда шуда буданд. Вале онҳо моро бо санг «пешвоз» гирифтанд. Баъдан, якбора овози пулемёту автомат баромад. Қирғизҳо тирборонро ба тарафи мо сар карданд. Илоҷе карда, дар таҳхонаи яке аз хонаҳо пинҳон шудем. Тирандозӣ аз болои кӯҳу теппаҳо ҳафту ним соат беист давом кард. Ҳамин худаш маълум буд, ки онҳо пешакӣ тайёрӣ дидаанд. Раиси шаҳри Исфара, ки барои музокира ва ором кардани вазъ ба сарбанд омада буд, дар ҳаминҷо захмӣ шуд».
Сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ва Сомониёни деҳоти Чоркӯҳ ба ҳаракатҳои кишвари ҳамсоя дар пасманзари ин моҷаро аз диди худ баҳо медиҳанд. Ба андешаи онҳо, Қирғизистон мехоҳад бо ин роҳ тасаллути пурра ба сарбанди обтақсимкуниро соҳиб шавад ва илова бар ин соҳиби заминҳои нав гардад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Ҳоҷибобо Тӯйчизода, сокини 84-солаи деҳаи Хоҷаи Аъло ва собиқадори соҳаи маориф, солҳои панҷоҳуми асри гузашта аз мавзеъҳои алоҳидаи Хоҷаи Аъло чорсад гектар заминро бо нишони дӯстӣ барои истифодаи муваққатӣ ба ҳамсояҳо тақдим карданд. Вале ҳамсояҳо оҳиста - оҳиста мавзеъҳои Ҷавпая, Индовпая, Зағирпая, ки дар онҳо рустаниҳои равғанидиҳанда кошта мешуданд, инчунин, мавзеъҳои Шахи Байрақ, Кампирдеволак, Пашахона, Молшӯякро ишғол намуданд. Ин зиёда аз ҳазор гектарро ташкил медиҳад.
- Баъдан бо имзои протоколе чорроҳаи мавзеи «Зарафшон»-и деҳаи Хоҷаи Аъло ба муҳлати 49 сол ва роҳи Бодкон-Тамдиқ, чарогоҳҳои Робкаши Хурду Робкаши Калон ва Қуллаи Сари Сорт (Сари Сад) ҳам аз даст рафт. Чунин таҷрибаи талх солҳои 70 - уми асри гузашта ба сари Ворух ҳам омада буд. 450 гектар замини бо машаққати зиёд ободнамудаи ворухиён муваққатан барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ дар мавзеи Оқсой соли 1989 ба қирғизҳо дода шуд. Ҳамсояҳо аз ин фурсат истифода бурда, аз гӯшаю канори Қирғизистон одамонро оварда ба ин ҷо маскун карданд.

ДАР СОМОНИЁН ҲАМА ЧИРО ДУЗДИДА, СИПАС ХОНАҲОРО ОТАШ ЗАДАНД
Вақти ба деҳаи Сомониён ворид шудан, даҳшати харобаҳо ҳар нафарро ба андешаи он мебарад, ки инсон ба чи корҳои разилонае қодир аст. Ҳамсояҳои ба қавле девордармиёни сокинони ин деҳа бо пуштибонии неруҳои низомии қирғиз манзилҳои истиқоматии тоҷиконро тавре нишон гирифтаву ба хок яксон кардаанд, ки дур аз табиати инсонист. Ҳамсояҳои қирғиз ончунон амалиёти устокорона анҷом додаанд, ки хасе аз хонаҳои худашон кам нашуда, баръакс дар камтарин фосила аз манзили тоҷик ному нишоне боқӣ намондааст.
Деҳаи Сомониён бо 1200 нафар аҳолиаш дар ин даргирӣ хисороти аз ҳама бештари моливу ҷонӣ дид. Аз шумораи умумии хонаҳои сӯхта, 10 манзили истиқоматӣ пурра нобуд гардидааст.
- То ҳол тасаввур карда наметавонам, ки ҳамсояҳое, ки солҳо боз ҳамзистии осоишта доштем, ба мо чунин кореро раво бинанд. Мо  қасру кӯшки бошукӯҳ надоштем, ҳамагӣ  як манзили хоксорона, ки ҳоло аз он нишоне боқӣ намондааст. Аввал нишонзанҳои қирғиз аз болои кӯҳи деҳа хонаҳои моро ҳадаф қарор доданду баъдан, ҳамсояҳомон даромада оташ заданд, - изҳор дошт Зарофат Назарова, сокини деҳаи Сомониён.
Қиссаи ба коми оташ кашидани хонаҳои бародарон Ғафурҷон ва Қобилҷон Тоҷиевҳо, ки зери як дарвоза қарор доштанд, бисёр риққатовар аст. Мо бо Ғафурҷон дар манзили ба хок яксонаш суҳбат кардему дар беморхона аз Қобилҷон ҳол пурсидем.
Қобилҷон Тоҷиев, зимни аёдати мо дар беморхона ҳодисаи ба сараш омадаро ин тавр нақл кард: “Соат 3:00 шаб буд. Баъд аз тирпарронӣ алангаи оташ аз хонаи мо баланд шуд. Ин дар ҳоле буд, ки мо дар ҷои дигар паноҳ бурда будем. Чун алангаи оташро дидем, хостем аз он пешгирӣ кунем ё ҳадди ақал чорвоҳоро аз оғил раҳо созем. Қирғизҳо дидаву дониста маҳз хонаи моро оташ заданд. Чун медонистанд, ки мо дар ҳамин наздикиҳо паноҳ бурдаву барои хомӯшкунӣ мебиёем. Онҳо на танҳо даст ба харобсозии манзил ва тороҷи молу мулки мо заданд, балки мехостанд моро ҷисман нобуд кунанд. Чун ба дари хона расидем, се нафар бо ҷомаҳои қирғизиро дидам, ки дар даст силоҳи шикорӣ доштанд. Як нафараш маро дида нишон гирифт. Ду тираш ба ман расид, аммо ман ҳамоно кӯшиши паноҳ бурдан доштам. Медавидам, ки тири сеюмаш расиду пойҳоям аз ҳаракат монданд. Бародарам Ғафурҷон гаваккашон маро аз ҳавлии дар миёни дуду оташ монда, ба берун кашид. Вале ҳамсояҳои силоҳдор моро таъқиб мекарданд, аз пасамон меомаданд ва ҳар лаҳза сӯямон тир мекушоданд... Бо чи машаққате ба беморхона расидам ва бо кӯшиши табибон имрӯз сари по ҳастам, ки ҷойи сипосу миннатдорист.  
Амалияхон Довудова, дигар сокини зарардидаи деҳаи Сомониён, мегӯяд: “Коре, ки дар деҳа шуд, пурра аз рӯи нақша ва сенарияи муайян сурат гирифт. Қирғизҳо хонаҳоеро оташ заданд, ки нисбатан фарқ мекарданд. Яқинан, онҳо аввал бо ҳимояи неруҳои низомиашон даст ба дуздии амволи мо заданд, баъдан хонаҳоро ба таври интихобӣ сӯзонданд, то изи ҷинояташон боқӣ намонад. Вале ин амали ғайриинсонӣ аз чашми касе пинҳон намонд. Ҳоло ҳамсояҳомон нестанд, дару деворашон баставу беодам аст. Худо накунад, ки боз ягон нақшаҳои шуми дигар дошта бошанд”.
7 май дар ҳамаи манзилҳои харобшудаи ду деҳаи зарардида корҳои сохтмонӣ шурӯъ шуданд. Мардум аз ғамхориву пуштибонии давлату Ҳукумат нисбат ба зарардидагон изҳори сипос мекунанд. Масолеҳи сохтмонӣ дастрас гардида, техникаҳои ёрирасон низ дар ҳаракат буданд. - Тамоми биноҳои истиқоматӣ дар ҳамон ҳолату тарҳи қаблие, ки доштанд, бунёд ва барқарор хоҳанд шуд,- таъкид дошт Маъруфҷон Муҳаммадзода, раиси Ситоди вилоятӣ оид ба барқарорсозии оқибатҳои зарари аз низоъҳои марзӣ баамаломада.
 
ТОҶИКИСТОН МУНОСИБОТИ ДӮСТОНАРО АФЗАЛ МЕШУМОРАД
Ҳарчанд имрӯз ҷониби Қирғизистон баъд аз нокомии моҷароҷӯёнааш  даст ба муборизаҳои иттилоотӣ зада, иғвобарангезӣ мекунад, доираҳои огоҳ ва марказҳои таҳлилии беғараз ин кишварро дар сар задани муноқишаи марзӣ ва фаротар аз он - барафрохтани оташи як ҷанги тарҳрезишуда муқассир медонанд.
Чунончи, Даниил Кислов, мудири хабаргузории «Фарғона», дар шиддат гирифтани вазъ роҳбарияти Ҷумҳурии Қирғизистонро масъул мешуморад. Ӯ дар матлаби таҳлилие таҳти унвони «Мушкилот танҳо дар харита нест» навиштааст, ки «амалҳои популистӣ ва кӯтоҳандешии мақомоти Қирғизистон боиси ташаннуҷи вазъ ва талафоти ҷонӣ аз ҳар ду ҷониб гардид. Мақомот дар моҳҳои охир гурӯҳи «инқилобӣ» - е алайҳи Тоҷикистон созмон дода, худ боиси даргирӣ шуданд. Вале имрӯз мансабдорону расонаҳои ин кишвар талош менамоянд, ки Қирғизистонро мазлум ё аз ҷониби Тоҷикистон таҷовузшуда муаррифӣ намоянд. Агар занҷири рӯйдодҳои қаблиро таҳлил намоем, ҳама чи ошкор аст ва зимни омӯзиши масъала ман ба хулосае омадам, ки роҳандозии низои мусаллаҳона ба дӯши Қирғизистон мебошад». 
Тоҷикистон таърихан ва усулан бо ҳеҷ як кишвар, аз ҷумла ҳамосояҳояш бо шумули Қирғизистон ягон вақт дар ситез набуд ва ҳамеша ба ҳамзистии осоишта бартарӣ медиҳад. Вале чунин муносибати нарм набояд ба гунае, ки ҳамсоякишвари мо мепиндорад, илқо шавад.
Ба ҳар сурат Тоҷикистон пойбанди аслҳои баробарӣ ва ҳамсоядории нек боқӣ монда, ба сулҳу оромӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Қирғизистон афзалият медиҳад, зеро Ҳукумати кишвар ин ҳақиқатро дарк мекунад, ки дар вазъияти бе ин ҳам ҳассоси байналмилалӣ чунин бархӯрдҳо ба манфиати ягон тараф нахоҳад буд. 
 
Моҳира САНГМАМАДОВА,
Фирӯз РАҲМОНИЁН,
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Суратгир Комрон САФАРОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2021    №: 95    Мутолиа карданд: 1110
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед