logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ БО ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕа

15 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бинои нави хонаи ақди никоҳро, ки  “Қасри бахт” номгузорӣ гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иншооти нав дидан намуда, бо кормандони "Қасри бахт" суҳбати самимӣ карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои мазкур соли 2019 оғоз гардида, он бо сифати баланд ва бо назардошти талаботи муосири корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар бино барои гузарондани маросими ба расмият даровардани ақди никоҳи навхонадорон шароити зарурӣ фароҳам гардида,  бо ба истифода додани иншоот мушкилоти чандсолаи кормандони хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе дар самти надоштани ҷойи мувофиқу муносиби корӣ ба пуррагӣ ҳал гардид.
“Қасри бахт” аз се ошёна иборат буда, қабати  аввали он аз роҳравҳои барҳавою замонавӣ, ки бо роҳаткурсиву дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст, муҷаҳҳаз мебошад. Дар ин ҷо толори ақди никоҳи миллӣ ва толори ақди никоҳи аврупоӣ бунёд гардида, мувофиқ ба завқу хоҳиш навхонадорон метавонанд никоҳи худро дар онҳо ба расмият дароранд. Ҳар толор имкон дорад, ки дар як вақт барои наздик ба 70 нафар хизмат расонад. Дохили толорҳо бо шароиту имконоти замони муосир таъмин буда, фазои мусоид барои онҳое фароҳам аст, ки қадамҳои аввалини худро ба зиндагии мустақил мегузоранд.
Роҳрав ва сақфу деворҳои иншооти нав бо назардошти санъати баланди миллии меъморӣ рангу оро ёфта, ҳунармандони маҳаллӣ бо усули оинабандиву гаҷкорӣ тавонистанд ба дохили бино ҳусни нотакрор зам намоянд.
Дар ошёнаи дуюми хонаи ақди никоҳ чор ҳуҷраи корӣ ва дар ошёнаи сеюми он 15 ҳуҷраи дигар бунёд гардида, онҳо бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ таъмин шудаанд.
Ду толори барҳавои дигар дар дохили бинои мазкур барои гузарондани ҷаласаву чорабиниҳо ташкил ёфтааст. Ба хотири нигоҳубини дурусти ҳуҷҷатҳои шаҳрвандоне, ки аз қайди никоҳи давлатӣ мегузаранд, дар дохили бинои нав бойгонии алоҳида сохта шудааст. Дар иншоот, ҳамчунин, шабакаи  муосири таъмини гармӣ ва ҳавои сард насб гаштааст.
Зимни боздид кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои туҳфаи арзишмандашон дар Рӯзи байналмилалии оила изҳори миннатдорӣ карда, иброз доштанд, ки ифтитоҳи бинои мазкур масъулияти онҳоро дар самти иҷрои кори бар дӯш доштаашон дучанд менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароиту имкониятҳои иншооти нав баҳои баланд дода, кормандони бахшро вазифадор намуданд, ки бо роҳандозии хизматрасонии саривақтӣ, одобу муоширати намунавӣ бо шаҳрвандон, сатҳу сифати хизматрасониро боз ҳам баланд бардоранд.  
Бинои нави хонаи ақди никоҳ дар яке аз мавзеъҳои сарсабзу хуррам – дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” - и шаҳри Душанбе бунёд ва намои берунаи он низ бо сабку услуби хоси меъморӣ рангу оро ёфтааст. Дар саҳни иншоот чор адад фаввора ва ду суҳбаткадаи замонавӣ сохта шудааст. Ҳамчунин, ин мавзеъро гулу бутта ва дарахтони ороишӣ зебу зинат медиҳанд.
Саҳни “Қасри бахт” шомгоҳон ҳусни нотакрор дошта,  бино ва гирду атрофи онро чароғҳои рангорангу диққатҷалбкунанда ороиш медиҳанд. Ҳангоми сайругашт шаҳрвандону меҳмонон аз ин зебоиҳо ҳаловати хосса хоҳанд бурд.
Хонаи ақди никоҳ дар доираи нақша - чорабиниҳо бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар Рӯзи байналмилалии оила мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯз дар хонаи ақди никоҳ дар маросими хонадоршавии даҳ ҷуфти ҷавон, ки аксари онҳо ятим мебошанд, иштирок карданд.
Дар ин маросим Роҳбари давлат ба ҷавонон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва туҳфаи пулӣ ҳадия намуда, онҳоро бо ин рӯйдоди муҳими ҳаёташон таҳният гуфтанд.
Ҳамчунин, дар ин рӯзи хурсандӣ Пешвои муаззами миллат ба навхонадорон тамоми ҷиҳози рӯзгор, аз қабили яхдон, мошинаи ҷомашӯиву дарздӯзӣ, телевизор, қолин ва дигар ашёе, ки барои зиндагӣ зарур аст, тақдим намуданд, ки ин иқдом боиси болидарӯҳии ҷавонон гардид.   
Бояд гуфт, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҳаёт ва шароити зиндагии нафарони эҳтиёҷманд, ятим ва яккаву танҳо таваҷҷуҳи хосса дошта, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз аҳволи онҳо шахсан бохабар мегарданд ва барои дастгириву кумакашон пайваста тадбирандешӣ менамоянд.
Зимни суҳбати самимӣ бо навхонадорон, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба оилаву оиладорӣ, хусусан устувории оилаҳои ҷавон, ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ин доира то имрӯз тадбирҳои мушаххасро амалӣ намудааст. Саъю талош карда мешавад, ки сатҳи ҷудошавии оилаҳо коҳиш ва сабабҳои он бартараф гарданд.
Навхонадорон дар навбати худ ба Роҳбари давлат барои ғамхории падаронаашон нисбат ба нафарони ятиму танҳо изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки кӯшиш менамоянд бо барпо кардани зиндагии намунавӣ дар пойдориву солимии оилаҳо саҳмгузор бошанд.
 
* * *
15 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Муассисаи давлатии меҳмонхонаи «Истиқлол» - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар саҳни иншооти зебою замонавӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти он оғоз бахшида шуд.
Бинои нави меҳмонхонаи «Истиқлол» аз таҳхона ва 6 ошёна иборат буда, 60 ҳуҷра, аз ҷумла 4 ҳуҷраи люкс, дорад. Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бино дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовори Ҷашни муқаддаси миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҳисоби маблағҳои даромади Муассисаи давлатии меҳмонхонаи «Истиқлол» дар муддати ду сол бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба санъати меъмории миллӣ бунёд ёфтааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои бунёди бинои нави муосири хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе изҳори сипос намуда, иқдоми мазкурро дар раванди созандагию бунёдкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинон муҳим арзёбӣ карданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншооти замонавӣ дар шаҳри Душанбе, агар аз як тараф 15 нафар ба кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида бошад, аз ҷониби дигар инфрасохтори сайёҳӣ дар пойтахт боз ҳам мукаммал гашта, ҷиҳати хизматрасонии сатҳи баланд ба меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ шароити арзанда фароҳам оварда шуд.
Бинои муҳташами меҳмонхона дорои ошхона бо 90 ҷойи нишаст мебошад, ки дар он барои меҳмонон се вақт ғизоҳои гарму болаззат пешниҳод мегарданд. Дар меҳмонхонаи нав имкон аст, ки дар як вақт ба 50 нафар мизоҷ хизмат расонда шавад. Меҳмонхона бо тамоми таҷҳизот, мебел ва дигар лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, хизматрасонӣ мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Илова бар ин, мавзеи хушбоду ҳаво ва фазои орому осудаи ин макон аз бартариҳои асосиест, ки таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббусҳои созандаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар самти фароҳам овардани шароити арзандаи истироҳатию фароғатӣ ва хизматрасонӣ, хусусан бунёди чунин меҳмонхонаҳо, изҳори қаноатмандӣ карда, масъулонро барои истифодаи босамару оқилонаи ин имкониятҳо ва хизматрасонии сатҳи баланд ба сайёҳони дохилию хориҷӣ вазифадор карданд. Акнун, бо мавриди истифода қарор гирифтани меҳмонхонаи мазкур, ба меҳмонону сайёҳон шароити арзанда муҳайё шуда, имкони бештари дастрасӣ ба ҷойи хоб ва хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе фароҳам гардид.
Барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дар меҳмонхона мутахассисони баландихтисоси маҳаллӣ ҷалб шуда, корҳои бунёдӣ бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ ба иҷро расидаанд. Бо назардошти имкониятҳои васеи хизматрасонӣ дар бинои нави меҳмонхонаи «Истиқлол» ошёнаҳои 2, 3 ва 4-уми иншоот, ки ҳуҷраҳои онҳо дорои шароити арзанда мебошанд, барои пешбурди фаъолияти корӣ ба ширкатҳои ватанию хориҷӣ пешниҳод мегарданд.
Мавриди зикр аст, ки бинои асосии Муассисаи давлатии меҳмонхонаи «Истиқлол» аз 9 ошёна ва 64 ҳуҷра иборат буда, 8 ҳуҷраи он люкс мебошад ва солҳост, ки ба меҳмонони дохилию сайёҳони хориҷӣ хидмат мерасонад.
Дар маҷмӯъ, дар ду бинои меҳмонхонаи «Истиқлол» 76 нафар кор мекунад ва дар мавриди зиёд шудани шумораи мизоҷон ва расондани хизмат ба онҳо боз 25 - 30 нафари дигар ба кор ҷалб хоҳад шуд. Дар ҳудуди меҳмонхона майдончаи муосири варзиш, тарабхона, ҳавзи шиноварӣ ва таваққуфгоҳи нақлиёт мавҷуданд. Масоҳати умумии муассисаи мазкур қариб 5 гектар буда, саҳн ва атрофи он бо гулу буттаҳои ороишии рангоранг, дарахтони гуногуни мевадиҳандаю ҳамешасабз оро ёфтааст. Шабона намои берунии бинои меҳмонхона чароғон шуда, зебою назаррабо мегардад.
 
* * *
15 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориё - Медикал» - ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи нави истеҳсолӣ дар шаҳри Душанбе бо саҳми соҳибкори ватанӣ Файзалӣ Ҳоҷиев дар асоси дастуру ҳидоятҳои рӯзафзуни Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти расидан ба саноатикунонии босуръати кишвар, ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 0,7 гектар ба истифода дода шуд.
Самти фаъолияти корхонаи «Ориё - Медикал» ба истеҳсоли маводи тиббӣ, аз ҷумла системаи яккарата барои гузарондани маҳлулҳо, ниқоби муҳофизатии яккарата, оинаи гинекологӣ, сӯзани дохиливаридӣ (бабочка), сӯзандору (шпритс) бо андозаҳои гуногун ва маҳлули антисептикӣ равона гардида, дар миқёси мамлакат ягона дониста мешавад.
Дастгоҳу таҷҳизот ва хатҳои истеҳсолии корхонаи “Ориё - Медикал” аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин, Япония, Полша ва дигар давлатҳо, ворид ва бо ҷалби мутахассисони ватанӣ васлу насб гардиданд.
Аснои шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди истеҳсолот, иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади роҳандозии тавлиди маҳсулот дар асоси меъёрҳои ҷаҳонӣ кормандони корхона нозукиҳои кор бо хатҳои истеҳсолиро дар Ҷумҳурии Мардумии Чин аз худ кардаанд.
 Истеҳсолоти корхонаи муосири саноатӣ дар пойтахти мамлакат ивазкунандаи воридот ва содиротӣ буда, иқтидори истеҳсолии он дар як рӯз 138 ҳазор дона системаи якбористифодашаванда, 273 ҳазор дона ниқоби муҳофизатии яккарата, 11 ҳазор дона оинаи гинекологӣ, 13 ҳазор дона маҳлули антисептикӣ, 400 ҳазор адад сӯзандору бо андозаҳои гуногун ва 41 ҳазор дона сӯзани дохиливаридӣ мебошад.
Ба иттилои масъулон, дар як сол имкон аст, ки дар корхона 50 миллион адад системаи якбористифодашаванда барои гузарондани маҳлулҳо, 100 миллион адад ниқоби муҳофизатии яккарата, 15 миллион адад сӯзани дохиливаридӣ, 3,5 миллион адад оинаи гинекологӣ, 150 миллион адад сӯзандору бо андозаҳои гуногун ва 5 миллион адад маҳлули антисептикӣ истеҳсол шавад.
Корхона имкон дорад, ки дар оянда истеҳсоли сӯзандору бо андозаҳои гуногунро ба 300 миллион адад расонад.
Ба фаъолият оғоз намудани корхонаи “Ориё - Медикал” имкон медиҳад, ки воридоти ин навъи маводи тиббӣ аз хориҷ ба мамлакат коҳиш ва талаботи аҳолӣ бо чунин маҳсулот аз ҳисоби истеҳсолкунандагони ватанӣ таъмин гардад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориё - Медикал» 200 нафар шаҳрванди мамлакат, ки аксар занону духтарон мебошанд, дар ду баст бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Корхонаи “Ориё - Медикал” дорои 4 майдончаи истеҳсолӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон, як майдони васлкунӣ, инчунин, анборҳои маҳсулоти хом ва тайёр мебошад.
Коргоҳи васлкунӣ аз 6 қисм иборат буда, таҷҳизоти он аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва электроникаю компютерҳо аз Япония дастрас гардидаанд.
Дар майдончаи сехи қолибгарии (формовочный) “Ориё - Медикал” 4 таҷҳизот, аз ҷумла найчасоз ва чашмакбарор, васлу насб гардида, имкон аст, ки дар як рӯз 400 ҳазор дона қисмҳои алоҳидаи системаи яккарата истеҳсол шавад.
Маводи тиббии истеҳсолии корхона пас аз пурра васлу насб гардидан мавриди озмоиш қарор гирифта, баъдан бандубаст мегарданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити хуби корӣ барои занону духтарони мамлакат дар корхонаи нави истеҳсолӣ дар шаҳри Душанбе ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд доданд.
Мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи муосири истеҳсоли маводи тиббӣ бо иқдоми соҳибкори ватанӣ дар заминаи ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити феълии ҷаҳон, ки норасоии ин гуна маҳсулот дар бархе аз давлатҳо, аллакай, ба мушоҳида мерасад, хеле бамаврид мебошад.
Маҳсулоти тайёри корхона баъди пурра бандубаст шудан ба ҳуҷраи безараргардонӣ дохил ва дар муддати 8 соат бо оксиди этилен безарар гардонда мешавад.
Майдончаи безараргардонии корхона аз 2 таҷҳизот, аз ҷумла камераи махсуси безараргардонии дорои иқтидори 18 метри мукааб, компютерҳои назоратӣ ва технологияҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, иборат аст.
Зимни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни фаъолияти майдончаи безараргардонии корхона, иттилоъ дода шуд, ки пас аз ин марҳила маҳсулот ба муддати 5 - 10 рӯз дар анборҳо нигоҳдорӣ ва бо дастрас кардани хулосаи мақомоти дахлдори давлатӣ ба фурӯш бароварда мешавад.
 Корхона, дар маҷмӯъ, дорои 3 анбор, аз ҷумла анбори ашёи хом ва анбори маҳсулоти тайёр, мебошад. Анборҳо дар асоси талаботи мавҷудаи ҷаҳонӣ ҷиҳозонда шуда, бо гигрометр ва психфометр муҷаҳҳаз шудаанд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориё - Медикал» дорои як қатор иншооти ёрирасон буда, ҳамаи онҳо ба шабакаи ягонаи ҳавотозакунӣ пайвастанд ва таъминоти микроиқлими майдончаҳои истеҳсолӣ назорат мешаванд.
Ба иттилои мутахассисон ин раванд барои истеҳсоли маҳсулоти босифат дар асоси талаботи ҷаҳонӣ дар самти беҳдошту бехатарӣ мусоидати ҷиддӣ мекунад.
Таҷҳизоти тамғаи “Кингсан Эйч 13 Ҳепа Филтер” (Kingsun H 13 HEPA Filter), ки дар шабакаи ҳавотозакунии корхона насб шудааст, истеҳсоли Ҷумҳурии Полша буда, аз тарафи ниҳодҳои экспертии Аврупо ва маркази гигиенӣ ва эпидемиологии Федератсияи Россия эътироф гардидааст.
Тавассути таҷҳизоти мазкур таъминоти ҳаво ба синфи “А” - и шабакаи стандарти амалиёти хуби истеҳсолӣ - “GMP” мутобиқ карда мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ барои рушди соҳаи саноат, аз ҷумла саноати тиббию доруворӣ, афзалияти хосса дода, дар ин самт барои соҳибкорони ватанӣ шароиту имконот ва имтиёзҳоро фароҳам овардааст.
Корхонаи «Ориё - Медикал» сеюмин корхонаи истеҳсолӣ дар мамлакат мебошад, ки бо саҳми соҳибкори ватанӣ Файзалӣ Ҳоҷиев дар давоми чанд соли охир ба истифода дода мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ва шароити муҳайёгардида барои кормандон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориё - Медикал», иқдоми соҳибкори ватаниро дар самти роҳандозии маҳсулоти ивазкунандаи воридот шоёни таҳсин хонда, ба масъулон барои дастгирии чунин ташаббусҳои созандаю бунёдкорона дар вазъияти кунунии ҷаҳони муосир дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2021    №: 96    Мутолиа карданд: 1045
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед