logo

фарҳанг

НУР ТАБАРОВ. САРМУҲАРРИРИ СОДИҚИ "ҶУМҲУРИЯТ" 80-СОЛА ШУД!

Адиб, рӯзноманигор ва ходими намоёни давлативу ҷамъиятии тоҷик Нур Табаров дар деҳаи Ғешии шаҳри Ваҳдат чашм ба олами ҳастӣ кушода бошад ҳам, тамоми фаъолияти эҷодӣ ва давлатиаш дар шаҳри Душанбе сурат гирифтааст. Ба ин шаҳр ӯ ҳамчун донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.  Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ворид гардида, дар ҳамин ҷо соҳиби обру ва вазифаву мақоми баланд гардид. Албатта, баъдан, таҳсил дар  Мактаби олии ҳизбии Маскав дар ташаккули шахсияташ нақши мондагоре гузошт. 
Дар оғози фаъолияташ корманди матбуот буд. Аз ҷумла, ходими адабӣ, котиби масъул, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), хабарнигори махсуси рӯзномаи «Комсомольская правда» дар Тоҷикистон, муҳаррири рӯзномаҳои «Комсомолец Таджикистана» ва «Тоҷикистони советӣ» (ҳамакнун «Ҷумҳурият»), котиби масъули ҳафтаномаи «Сухан», муҳаррири ҳафтаномаи «Навиди бозаргон», ҷонишини муҳаррири моҳномаҳои «Фарҳанг»-у «Тоҷикистон» ва  сармуҳаррири маҷаллаи «Помир» будааст. Чанд сол вазифаҳои мудири шуъбаи тарғиботи Кумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе ва мудири шуъбаи маданияти Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, ҷонишин ва раиси Иттиҳодияи «Тоҷиккино» ва сардори раёсати равобити байналмилалии Вазорати фарҳангро бар дӯш доштааст. Солҳои 1987 - 1990 вакили парлумони Тоҷикистон ҳам буд. Дар соли 2002 узви Шӯрои машваратии Академияи фарҳанги мамолики Осиёи Миёна интихоб гардид. Вазифаи раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистонро иҷро намудааст. Узви иттифоқҳои ходимони театр ва нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Фаъолияти адабии Нур Табаров гуногунпаҳлу буда, очерку публитсистика, наср ва драматургияро дар бар мегирад. Мавсуф муаллифи беш аз понздаҳ маҷмӯаи ҳикояву намоишнома ва очерку мақолаҳост.  Ба эҷоди бадеӣ аз овони донишҷӯӣ машғул мебошад. То имрӯз осори мансуру драмавии ӯ дар маҷмӯаҳои «Роҳҳои дуру наздик», «Ин баҳор чӣ меорад?», «Дарёи нур» (ҳаммуаллиф бо Раҷаб Мардон), «Дар чорсӯ», «Чорсӯ», «Чархи гардон» дастраси хонандагон гардидаанд.
Драмаи «Дар чорсӯ» дар театрҳои давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва ба номи Мулло Нафаси Ашқободи Туркманистон, театрҳои Бухоро, Кӯлобу Хуҷанд саҳнагузорӣ шудааст.
Пйесаи «Мусичаро напаррон», драмаҳои таърихии "Қисмат, «Дод чист, бедод чист?» («Паёми Зардушт»), «Жернова» ва фоҷиаи хурди «Тарс»-аш дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Фонус», «Помир» ва «Тамыр» (нашрияи Созмони «Золотой век»-и Ҷумҳурии Қазоқистон) ба табъ расидаанд. Драмаи «Жернова» («Санги осиё») дар маҷмӯаи осори адибони Осиёи Миёна «Все мы, Азия, твои дети!» ҷой дода шуд.
Драмаҳои «Кафшҳои Абулқосим», «Шикори аҷинаҳо» (дар ҳамқаламӣ бо Т. Аҳмадхонов ва С. Юрйев), «Дод чист, бедод чист?» («Паёми Зардушт»), «Вагони охирин», фоҷиаҳои «Тарс» ва «Хӯсаҳо» дар театрҳои драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Владимир Маяковскийи Душанбе ва  мазҳакаи мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар пешкаши умум гардидаанд.
Драмаи «Гирдбод»-ашро бошад, дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов рӯи саҳна оварданд. Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи Толиб Шаҳидӣ «Амир Исмоил»-ро аз рӯи либреттои Нур Табаров ва Низом Қосим ба саҳна гузошт.
Драмаи мусиқӣ-этнографии ӯ «Духтари ҳамсоя» (ҳамроҳи Ҳ. Абдураззоқов ва М. Миров) дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии театрҳо сазовори баҳои шоистаи ширкатварон гардидааст.
Нур Табаров яке аз тарҷумонҳои чирадаст эътироф шудааст. Асарҳои «Се хоҳарон»-и А. Чехов,  «Кафшҳои Абулқосим»-и И. Франко (ҳамроҳи Л. Сотник), «Вақте ки шаҳр хуфта буд»-и А. Чхеидзе, «Лавҳаҳои инқилобӣ» ва «Ба пеш, ба пеш!»-и М. Шатров, «Вопасин падаршоҳ»-и А. Абдулин, «Аждар Мартин»-и Ҳ. Синкер, «Шабпарак хоб дид» ва «Афъимори марҷонӣ»-и Т. Зулфиқоров, «Манзили сӯхта»-и С. Хонзодян, шеърҳои мансури И. Тургенев, романи «Шарбати замин»-и  Г. Марков (ҳамроҳи М. Шаҳобиддинов), «Панднома»-и Абайро ба тоҷикӣ гардондааст.
Хизматҳои Нур Табаров бо унвони баланди Корманди шоистаи Тоҷикистон қадр гардида, барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мебошад. Ҳамчунин, заҳматаш дар рушди робитаҳои адабӣ бо медали «Остона»-и Ҷумҳурии Қазоқистон қадр шудааст. 
 
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2021    №: 96    Мутолиа карданд: 1189
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед