фарҳанг
ПАЙВАНДГАРИ ФАРҲАНГИ ДУ ХАЛҚ
Дар бораи дӯстии ду шоири бузург-Мирзо Турсунзода ва Ғафур Ғулом, ки ҳамчун кӯли пайвасткунандаи ду ҳалқ, ду миллат- тоҷику ӯзбек табдил ёфтааст, сухан гуфтан шавқангез аст. Ин ду симои ҷаҳоншинохта, ду чанори адабиёт, ҳам дар ҳаёт ва ҳам дар эҷод, ба ҳамдигар бисёр наздик буда, ҳамкору ҳамҷиҳатии онҳо ифодагари азалии дӯстии ду халқ, инъикоскунандаи дӯстии фарҳанги тоҷику ӯзбек, ки таҳкурсии он аз Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ ибтидо мегирад, мебошад.
Шоири маъруфи ӯзбек Эркин Воҳидов дар мақолааш зери унвони «Сухан дар бораи Мирзо Турсунзода» дӯстии Мирзо Турсунзода ва Ғафур Ғуломро ин тавр ба қалам додааст: «Соли 1966 дар рӯзҳои Анҷумани нависандагони Тоҷикистон мо бо устоди бузургамон Ғафур Ғулом дар Душанбе будем. Ҳамон вақт ман ду шоири бузурги Шарқро паҳлу ба паҳлу дидам, бо якдигар нигоҳи пурмеҳр карданашонро гувоҳ шудам, ба суҳбатҳои ширине, ки як олам маъно дошт, гӯш кардам. Ин ду устод шоирони ба якдигар монанд набошанд ҳам, рӯҳан ба якдигар наздик буданд, ки ин наздикӣ, агар сухан дар бораи Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём барин бузургон равад, равшантар намоён мешуд».
Дар ҳақиқат, устоди бузург Мирзо Турсунзода камарбастаи доимии дӯстии ду халқ, пайвандгари робитаҳои адабӣ ва ҳамкорӣ буданд. Шоири халқии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ин фазилатҳои устод Мирзо Турсунзодаро бо эҳтиром ба ёд оварда менависад: «Барои ба насиҳату васиятҳои устод Турсунзода содиқ монданам сарам дар осмону даст пеши бар истодаам. Дарвоқеъ, устод Турсунзода забони ӯзбекиро низ хуб медонист. Дар ёд дорам: дар Москва, дар толори Колонна 70-солагии шабнишинии хотиравии Ғафур Ғулом бошукӯҳ гузашт. Ба меҳмонхона баргаштем, ки шоири дӯстдоштаи ман устод Мирзо Турсунзода ба сӯям нигоҳ карда гуфт. «Додарам Абдулло, Ғафур Ғулом, ки кӯпруки калони халқҳои тоҷику ӯзбек буданд, аз дунё гузаштанд. Ба назарам, мо низ пир шудем. Акнун шумо, адибони ҷавон, бо якдигар бисёртар мулоқот намоед, рафтуомад кунед, меҳр дар чашм аст». Ин суханҳои падаронаи ӯ то ҳозир дар гӯшам ҷарангос мезанад. Ин суханҳои насиҳатомези устоди мо, адибони ҷавони ӯзбеку тоҷикро ба давом додани анъанаҳои дӯстӣ, бародарӣ, робитаҳои адабӣ ҳамеша даъват менамояд…»
Дар байни назми Мирзо Турсунзода ва Ғафур Ғулом монандӣ ва муштаракӣ дар интихоби мавзӯъ, дар муайян кардани қаҳрамонҳои асосӣ, онҳоро ба лавҳаҳои ҳаёти ҳаққонӣ тасвир кардан низ мушоҳида мешавад. Ин фикри моро достони «Кӯкан»-и Ғафур Ғулом ва достони «Ҳасани аробакаш»-и Турсунзода, қиссаи «Нетай»-и Ғафур Ғулом ва достони «Хазон ва баҳор»-и Мирзо Турсунзода, шеърҳои силсилаи «Аз Шарқ меоям»-и Ғафур Ғулом ва силсила шеърҳои «Аз Ганг то Кремл»-и Мирзо Турсунзода низ тасдиқ мекунанд.
Ҳоло ин ду шоири забардаст, сутунҳои назми Шарқ дар байнамон нестанд. Вале асарҳои ҷовидонаи ҳам Ғафур Ғулом ва ҳам Мирзо Турсунзода аз қитъаҳо гузашта, садо медиҳанд. Дар боғи Айнӣ чаноре, ки Ғафур Ғулом ва Мирзо Турсунзода якҷоя шинонда буданд, ҳамчун тимсоли дӯстии ду халқ сарсабз истодааст. Онҳо ниҳоли ин чанорро баҳори соли 1960 шинонда буданд. Дар мисоли ана ҳамин чанор дӯстии тоҷику ӯзбекро низ ба маънои рамзӣ фаҳмидан мумкин аст.
Дар ин ҷо номаи Ғафур Ғуломро, ки ба номи Мирзо Турсунзода навиштааст, иқтибос овардан бамаврид аст. Ӯ менависад: «…Афсӯс, бинобар бо супориши Академияи фанҳои Ӯзбекистон машғул буданам, дар Ҷашни шодиёна 80-солагии устоди бузургу дӯстдоштаи адабиёти тоҷику ӯзбек, классики имрӯза Садриддин Айнӣ, ки муаллими худам, дӯсти бисёрсолаи ман, бобои азизи фарзандонам мебошад, иштирок карда натавонистам ва дар чеҳраи дӯстони ба ин ҷо ҷамъомада симои устоди бузургро дидан насиб нагашт.
Ман аз он фахр мекунам, ки бисёр мактубҳои устод, шеър, достонҳои дар хонаи ман навиштаи ӯ, фотоҳуҷҷатҳо дар осорхонаи адабиёти Академияи фанҳои Ӯзбекистон маҳфуз аст. Дар фурсатҳои наздик аз инҳо ба Тоҷикистон фотокопия хоҳам фиристод.
Ҳар гоҳ, ки он кас ба Тошканд оянд, албатта, ба хонаи ман ҳамчун хонаи худ ташриф меоварданд. Ман ҳам дар навбати худ ба Самарқанд ё Душанбе равам ба хонаи устод барои зиёрат, дарс гирифтан мерафтам.
Зинда бод, халқи тоҷик, ки Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Садриддин Айнӣ барин классиконро ба воя расондааст!»
Мирзо Турсунзода ба эҷодиёти Ғафур Ғулом, ба шахсияти ӯ бо ҳурмату эҳтироми калон нигоҳ мекард. Ғафур Ғулом низ истеъдоди худододи Мирзо Турсунзодаро бисёр қадр мекард, ба эҷодиёти ӯ баҳои баланд дода буд.
«Ӯро бо ғурур шоири замон, шахси сиёсатмадор ва ҳозирҷавоб мешуморам. Турсунзода доимо дар бораи халқ, тақдири заҳматкашони ҷаҳон фикр мекард. Дар асарҳои ӯ дили ду Шарқ - Шарқи советӣ ва Шарқи хориҷӣ, имрӯзу фардои он баръало акси худро ёфтааст. «Қиссаи Ҳиндустон», «Садои Осиё» ном силсилаи шеъру достонҳо, ки хазинаи адабиёти ҷаҳонро ғанӣ гардондааст, садои қудрату тавоноии Осиёи бедоргашта шунида шавад. Асарҳои ӯ неруи ҷамъбастӣ доранд. Шеърҳои «Меҳмони мағрибӣ», «Рӯди Ганг», «Боғи муаллақ», «Сайёҳи ҳинд», ки дар силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» даромадааст, аз ҳаёти конкретии халқи Ҳиндустон гирифта шуда бошад ҳам, дар онҳо рӯҳ, орзую умедҳои ҳамаи халқҳои Шарқи хориҷӣ ифодаи худро ёфтааст», - навишта буд Ғафур Ғулом дар «Шоири бузурги Шарқ» ном мақолаи худ.
Шояд барои тасдиқи ҳамин фикр бошад, ки як силсила шеърҳои Мирзо Турсунзодаро, ки дар «Қиссаи Ҳиндустон» ҷой гирифтаанд, Ғафур Ғулом бо маҳорати калон ба забони ӯзбекӣ тарҷума намудааст. Ба шарофати санъати тарҷумонии Ғафур Ғулом «Бозгашт», «Қиссаи Ҳиндустон», «Меҳмони мағрибӣ», «Тоҷмаҳал», «Рӯди Ганг», «Дар ёди кас», «Тара Чандри» ва дигар шеърҳои Мирзо Турсунзода ба забони ӯзбекӣ аслаш барин равон, сода ва бо бадеияти баланд садо медиҳад. Ин шеърҳоро китобхонҳои ӯзбек, ки аз нусхаи аслиаш бехабаранд, шеърҳои шоири ӯзбек гумон мекунанд. Инро самараи ҳамкории эҷодии шоири боистеъдод ва тарҷумони моҳир арзёбӣ кардан мумкин аст.
Мирзо Турсунзода низ дар «Сарояндаи Шарқи озод» ном мақолааш дар бораи эҷодиёти Ғафур Ғулом, ки ба ӯ чӣ тавр таъсир расондааст, менависад: «Иншооти бузурги Осиёи Миёна Турксибро бо чашмам надида бошам ҳам, аз шеъри Ғафур Ғулом моҳияти ин сохтмонро фаҳмида, як олам завқ бурдам...».
«Вақте ки дар Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар диёри ӯзбекон дар хатсайрҳои дӯстӣ мегаштем, ҳис мекардем, ки чун сафари пешина дӯсти азизам Ғафур Ғулом ҳамроҳи мо гаштааст. Ман гӯё овози ӯро мешунидам. Диёри ӯзбекон, ки дӯстам Ғафур Ғулом бо меҳру муҳаббати калон васф кардааст, дар ман чунин ҳиссиётҳоро пайдо намуд. Ӯ ана ҳамин диёрро аз дилу ҷон дӯст медошт, мо низ ба ҳамин диёр меҳр бастем», - менависад Мирзо Турсунзода.
Адиби шинохтаи ҷаҳон Чингиз Айтматов дар бораи дӯстии Мирзо Турсунзода ва Ғафур Ғулом менависад: «Мирзо Турсунзода дар соҳаи адабиёт дониши васеъ доштанашро истифода бурда, шеър ва ғазалҳои классики моро аз ёд мегуфт. Ӯ диққати ҷамъомадагонро ба худ ҷалб намуда, онҳоро дар ҳайрат мегузошт. Дар ин шабнишинӣ Мирзо Турсунзода дар бораи донистани назми форсу тоҷик гӯё бо Ғафур Ғулом баҳс мекард. Онҳо дар ҳар як лаҳзаи муносиб, баъди ҳар як сухан аз адабиёти классикӣ мисолҳо меоварданд, ҳикояҳои тамсилӣ мегуфтанд».
- Мирзо Турсунзода ба хонаи мо ташриф оранд, хона чароғон мешуд, - нақл мекунад духтари Ғафур Ғулом Олмос Аҳмедова. - Суҳбатҳои ширину гуворои ин ду шоири бузургро шунидан завқи дигар дошт. Ғазалҳои Бедилро якҷоя муҳокима мекарданд, бо мароқ мехонданд. Чунин вохӯриҳо ба онҳо ғизои маънавӣ медод. Падарам ба эҷодиёти шоирони классики тоҷик, алалхусус ба Бедил, шавқи баланд дошт. «Ман шоири Шарқ ҳастам, - мегуфт ӯ,- барои ҳамин ҳамаи классикони Шарқ хешу ақрабои ман гӯям ҳайрон нашав, духтарам. Турсунзода низ, аллакай, ба классик табдил ёфтааст».
Падарам аз миёни хешу таборҳо якум шуда номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Шамсиддин Муҳаммади Ҳофиз, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Абдураҳмони Ҷомиро ба забон мегирифт ва мегуфт: «Забони тоҷикӣ дар хунам бо шири модар ҷой гирифтааст, ба ҷисму ҷонам неру медиҳад, зеро, модарам дар гаҳвора маро бо шеърҳои Ҳофизу Ҷомӣ алла мегуфтааст…».
Мақола бо сухани Шоири халқии Ӯзбекистон Эркин Воҳидов оғоз ёфта буд. Навиштаҳоямро бо гуфтаҳои ӯ хотима доданиам: «Ҳозиракак мо дар хоки Ӯзбекистон нависандаю санъаткоронеро , ки барои гузарондани Рӯзҳои адабиёт ва санъати тоҷик омада буданд, пешвоз гирифтем. Дар назари мо дар қатори онҳо бо табассуми хоси худ Мирзо Турсунзода аз зинаи тайёра фаромада истодагӣ ва аз минбари митинг байтҳои дӯстдоштаи худро хонда истодагӣ барин тофт:
То тавонӣ дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун…
*****
Ҷони ширин, тоҷи сар кун дӯстро,
Ҷой дар мағзи ҷигар кун дӯстро…
Оре, Мирзо Турсунзода дар хонадони ӯзбек ҳамеша шоири маҳбуб буду ҳаст. Мо шеърҳои ӯро ҳам дар нусхаи асл ва ҳам дар забони ӯзбекӣ бо завқ мехонем. Ӯ на танҳо дар ҷевонҳои китоб, балки дар қалби мо барҳаёт аст».
Сулаймон ЭРМАТОВ,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.05.2021 №: 96 Мутолиа карданд: 1029