logo

сиёсат

ҲАМДИЛӢ. КУМАКҲОИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ОИЛАҲОИ ЗАРАРДИДАИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ

Дар доираи роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба оилаҳои бар асари офатҳои табиии рӯзҳои охир зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар ҳаҷми 300 тонна масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили сементу арматура ва  тахта, беш аз 170 тонна  маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла орд, шакар, гӯшт, равған, биринҷ, пиёз, картошка ва 1200 адад ҷиҳози рахти хоб  кумак фиристод.
Кумакҳои раиси шаҳри Душанбе ба зарардидагони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, ки дар доираи рисолати шаҳрвандӣ, ҳамраъйию ҳамдилӣ бо мардуми зарардида ва инсондӯстию ватанпарастӣ фиристода шуд, ба шаҳри Кӯлоб ворид гардид ва ба зарардидагон дастрас мешавад. 
Бояд ёдрас шавем, ки бар асари селу  боришоти зиёди рӯзи 11 майи соли равон дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон манзилҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо ва дигар иншооти хоҷагии халқ хароб гардида, мутаассифона, талафоти ҷонӣ низ дар пай дошт. 
Тавре аз таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, мо танҳо дар ҳамбастагӣ ва иттиҳоди комил, якдигарфаҳмию ҳамдилӣ ва эҳтироми ҳамдигар метавонем ҳама мушкилотро бартараф намоем ва дар якҷоягӣ Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонем. 
Мардуми зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб боэътимод бошанд, ки дар ин рӯзҳои вазнин зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии  давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ин рӯзҳо ҳеҷ гоҳ онҳоро танҳо  намегузоранд.
Зимнан, хотиррасон менамоем, ки бо мақсади анҷом додани амали хайр ва расондани кумак ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи  минтақаи Кӯлоб дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» суратҳисоби махсус кушода шуд. Хоҳишмандон, шахсони хайрхоҳу саховатманд ва эҳсонкор метавонанд кумакпулии худро ба он ирсол намоянд.
 
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2021    №: 97    Мутолиа карданд: 930
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед