logo

сиёсат

ХОНАИ ҶАНГАНДОЗ СӮЗАД! НАВҲАИ МОДАРОН ДАР СӮЗИ ДУХТАРАКОНИ ГУЛГУНКАФАНИ АФҒОН

8 май. Ба поён ёфтани моҳи Рамазон панҷ рӯз монда буд, ки дар мадрасаи духтаронаи "Сайид - уш - шуҳадо", дар ғарби шаҳри Кобул террористон боз бомба тарконданд. Дар натиҷа 85 кас кушта ва беш аз 100 каси дигар захмӣ шуданд. Аксари қурбониён духтарони аз 11 то 15 - сола ҳастанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рӯзи сешанбеи 11 майро мотами умумӣ эълон кард.
Ин ҳодисаи нангин сарварони кишварҳо, ҷомеаи башарӣ ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоиро ба сутуҳ овард. Ҳама ба як овоз чунин ҷинояти разилонаро маҳкум мекарданд. Бори дигар собит шуд, ки терроризму экстремизм дину мазҳаб, миллату қавм ва ягон чеҳраи мушаххас надорад.
Аз ҷумла, Ҳукумату давлат ва мардуми Тоҷикистон дар баробари бародарони ҳамтабору ҳамзабони афғонистонӣ дар сӯг нишастанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар номаи таслияти худ, ки ба унвони Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ фиристодаанд, чунин овардаанд: «Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта бо шумули духтарони наврас дар натиҷаи ҳамлаи мудҳиш ва разилонаи террористон дар қисми ғарбии Кобул боиси андуҳи амиқ ва нафрати беандозаи мо гардид.
Чунин амали хушунатомези золимона ва маргбор, ки неруҳои аҳриманӣ дар рӯзҳои охири моҳи шарифи Рамазон ба он даст задаанд, нобахшиданист. Мо ҳама гуна зуҳуроти терроризму ифротгароиро қатъиян маҳкум намуда, боз ҳам зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи беамонро бо ин хатарҳои глобалии даврони муосир таъкид менамоем».
Аз ин таслияти пурсӯз пайдост, ки дар дили Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ҷаҳон фиғону фарёд ҷӯш мезанад ва дар баробари ин ҳодисаи нангин ҳамкориву ҳамраъйии худро баҳри мубориза эълом медоранд.
Вақте тавассути телевизионҳои Афғонистон, бавижа шабакаи «Тулӯъ» мебинем, ки модарони шаҳидони наврас ба террористону омилони ин воқеаи мудҳиш лаънат мефиристанд, аз бехудиву зӯрии дарду алам садҳо дуои баду гӯшношунидро ба забон меоранд, як қисми онҳо дар беморхонаҳо сари кӯдакони маҷрӯҳу беҳушу дар оташ сӯхта оби чашм рехта, бархе аз ҳуш мераванд, ногаҳон ба онҳо ҳамовоз мешавем: Хонаи ҷанг сӯзад! Хонаи ҷангҷӯ сӯзад! Ҳар кӣ пайи нобуди Инсон аст, несту нобуд бод!
Бавижа, акси духтараки аз таркиш ҷонбаамонбурда сару садоҳои зиёд ба бор овард. Ӯ бо сару рӯи аз алангаи оташ сиёҳшуда ва тарси зиёд лаб ба фиғон кушодааст ва ба мадрасаи дар оташ сӯхтаистодааш нигоҳ карда, омилони ноҷавонмарди ҳодисаро лаънат мегӯяд. Аммо дар баробари ин, дафтару китобашро чунон сахт ба оғӯш кашидааст, ки гӯё азизтарин каси худро дар оғӯш карда бошад. Ин манзара, яъне ба рағми ҷанг фиғон бардоштану китобу дафтар – сарчашмаи хирадро аз даст нагзоштан, як ҷаҳон рамзу роз дорад.
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукиаш ин аксро гузошта, навиштааст: «Давоми чанд соле (2001-2004), ки дар созмонҳои байналмилалӣ барои Афғонистон (Созмони  байналмилалии  муҳо-ҷират (IOM), Кумитаи шведсиягӣ оид ба Афғонистон (SCA), Комиссияи олии кор бо гурезаҳои СММ (UNHCR) фаъолият доштам, ҳамеша шоҳиди сулҳхоҳиву ташнаи осоишу оромиш будани кӯдакони афғон будаам; ва танҳо дар маҷбуртарин ҳолати хашмгиниашон - ин бадтарин ва қабеҳтарин ҳақорат буд, ки хурдсолакони азиятдида ба забон меоварданд. Ҳоло, дар ин моҳи муборак, ки ҳама пайравони дини мубини исломро фурсати тавбаву истиғфор аст, зери чатри дини ислом ин бехирадон бори дигар охирин умеди ин тифлаконро ҳангоми дарсомӯзӣ дар лонаҳои қалбашон саркӯб карданд. Ва ба ҷуз аз маҳкум шудан ба лаънат дигар чизе дар кулвори рамазониашон нагирифтанд».
Ёдамон ҳаст, соли гузашта айнан дар ҳамин шабу рӯз аҳли террор ба яке аз донишгоҳҳои Кобул ҳуҷум оварда, 22 донишҷӯро кушта буданд. Баъди он рӯзноманигори «Тулӯъ» ба яке аз донишҷӯёни ҷонбаамонбурда савол медиҳад, ки таҳсилро оё идома медиҳед, дар ҷавоб мешунавад: «Аз тадрис дур шудани мо сабаби фараҳи душман ва пирӯзии онҳо хоҳад буд, мурдан дар дасти Аллоҳ аст, аммо ба рағми ин ҳама зулм идома додани хониш мебояд».
Ин ҳама фоҷиа ва дар баробари ин равшан будани чароғи умеду орзуҳои наврасону ҷавонони афғон дар ҳақиқат сутуданист. Дар баробари ин, моро ҳушдор медиҳад, ки баҳри такрор наёфтани чунин ҳаводиси мудҳиш дар кишвар лаҳзае зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, озодиву истиқлоли кишварро қадр кунем ва барои таҳкими пояҳои ватандорӣ кӯчактарин хидмати худро дареғ надорем. Дар шароите, ки осудагиву оромиш ҳукмфармост, ҳарчи бештару беҳтар ба хираду дониш гаравидан, беҳтарин пирӯзии насли имрӯз аст.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2021    №: 97    Мутолиа карданд: 874
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед