номаҳо
АЗ ПЕШВОИ ХИРАДМАНД ВА ВАТАНИ АЗИЗАМОН ИФТИХОР ДОРЕМ!
Рӯзи 9 майи соли 2021 бо тамошои Паради Ғалаба дар Майдони Сурхи Москва аз Ватанамон - Тоҷикистони азиз ва Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дил саршори ифтихор гардид. Ҳангоме ки дар паҳлуи Президенти Россия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Майдони Сурх қадамҳои устувор мегузошт, ашки чашмонро намешуд пинҳон дошт.
Ин бор гулчанбари бар пояи мақбараи Аскари гумном гузошта якто набуд, ду адад буд. Яке бо намунаи Парчами Россия ва дигаре бо намунаи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон оро ёфта буданд. Дар баробари пахши Суруди миллии Россия Суруди миллии Тоҷикистон дар фазои Майдони Сурх ва мақбараи Аскари гумном танинандоз гашт. Дар тамоми замони давлатдории тоҷикон шарафи дар маросими ҷашнгирии Иди Ғалаба дар пойтахти кишваре, ки марзҳояш фарогири шашяки рӯи Замин мебошад, нахустин бор чунин воқеа рух дод. Ва, умуман, аз миёни кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон нахустин кишварест, ки Сарвараш дар паҳлуи Сарвари Россия ҳампаҳлу аз Майдони Сурх ботантана гузар кард. Инро содаву осон набояд дид. Россия на ба сарвари ҳар як кишвар чунин арҷу эҳтиром мегузорад, бигзор бо он давлат муносибатҳои ҳамкорӣ дошта бошад ҳам. Равшан аст, ки Владимир Путин дар симои Эмомалӣ Раҳмон марди кору сухан, шахсияти дорои ҷавонмардиву иродатмандӣ, паймоншиносиву хирадмандӣ, ҷасорату қадршиносӣ ва дигар арзишҳои як давлатмарди ҳозиразамонро ба хубӣ дарёфтааст.
Мо бо русҳо аз як хонадони забонҳои ҳиндуориёӣ мебошем ва ин кишвари некхоҳон равзанае барои бозбинии Аврупо мебошад. Русҳо барои тоҷикон устодони омӯзиши васоити техникӣ ва кашфиёти пешрафтаи ҷаҳонӣ мебошанд. Забони русӣ забони муоширати тоҷикон бо дигар халқҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ ва як идда кишварҳои аврупоӣ мебошад.
Чунин ба назар мерасид, ки бадбинони давлати мо ин манзараҳоро тамошо карда, чун мор дар худ мепечиданд, пай мебурданд, ки нақшаҳои дар дил ҷойдодаашон хоку хокистар шуда бар фарқи сарашон мерезад. Мо бо кишвари Россия дар мубориза барои ҳукмфармоии сулҳу осудагии мардумони ҷаҳон ҳамсаф мебошем. Силоҳи низомӣ ва шеваи лашкардории мо русӣ мебошад ва ин хеле оқилона аст, зеро лашкари заволнопазири рус беҳтарин анъанаҳои мудофиаи марзу буми худро доро мебошад.
Ман аз номи худ, ҳамчун як тоҷики ватанпарвар, аз номи ҳама шахсоне, ки Тоҷикистон барояшон муқаддасу беҳамтост ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипоси самимӣ намуда, пешбурди сиёсати давлатро дар муносибат бо кишварҳои ҷаҳон оқилона ва хирадмандона арзёбӣ менамоем.
Бо чунин давлатдорӣ ва бо Пешвои беҳамтои миллат ба қуллаҳои баланди комёбиҳо бечунучаро хоҳем расид!
Зафар МИРЗОЁН,
мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.05.2021 №: 97 Мутолиа карданд: 8052