logo

сиёсат

М А Р З. МО АЗ ВОРУХЕМ, ВОРУХ АЗ МОСТ!

Дар ҳар давру замон қувваю неруҳои зишту бадгуҳаре  мавҷуданд, ки барои барангехтани кинаву адоват, эҳсоси бадбиниву пушти сар намудани арзишҳои олии таърихи пурғановат ва анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ талош намуда, пайваста бо баҳонаҳои гуногуну ҳадафҳои ғаразноки худ мехоҳанд мавқеи сиёсӣ ва нуфузи бештареро соҳиб гарданд. Қурбони чунин сиёсатҳои нокому нобарор маҳз халқи осоиштаву одӣ маҳсуб ёфта, амалкарди беандешаи онҳо боиси хисороти зиёди моливу равонӣ ва азияти бемайлони мардум хоҳад гардид.
Чунин бархӯрд ва амалҳои иғвогарона чанде қабл дар робита ба Ворух ба амал омад, ки хилофи сарчашмаҳои таърихӣ ва ҳам зидди арзишҳои неки ҳамсоядорӣ мебошад. Дар ҳақиқат агар вобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ ва тобеияти марзии деҳаи Ворух назар афканем, ҳеҷ гоҳ Ворух ба кишвари ҳамсояи Қирғизистон тааллуқ надошт ва дошта ҳам наметавонад. 
Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкидан иброз доштаанд: “Дар тамоми муддати гуфтушунидҳо, яъне тайи 19 сол масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад”.
Воқеан тибқи сарчашмаҳои муътамади таърихӣ Ворух марзи муқаддас ва мероси аҷдодиву сарзамини воқеии гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик аст. Ба назари донишманд ва сиёсатшиноси варзидаи тоҷик, номзади илмҳои сиёсӣ, собиқ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ “Мутобиқи тамоми асноди таърихӣ, харитаҳои сиёсӣ ва ҷуғрофӣ Ворух ҳеҷ гоҳ анклав набуд. Як қисми қаламрави вилояти ҳозираи Бодканд аз рӯи қонун (де-юре) қаламрави Тоҷикистон буд ва дар давраи шӯравӣ ҳамчун тақсимоти маъмурӣ ҳисобида мешуд ва ба он ҷо кӯчманчиён ва чорвои онҳоро роҳ медоданд (диққат диҳед - ба чарогоҳҳои тоҷикон!). Минбаъд, баъзе аз ин кӯчманчиён дар заминҳои аҷдодии тоҷикон муқимӣ шуданд, оилаҳо ташкил намуданд, хонаҳо сохтанд ва дар паҳлуи бародарони тоҷики худ зиндагии осоишта доштанд”. 
Ҳамзамон, шоир ва муҳаққиқи шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ Нуралӣ Нурзод низ дар мақолаи худ “Ҳақиқати бебаҳс: Ворух меросе аз Ориё ва порае аз қаламрави таърихии Тоҷикистон аст” иброз медорад: “Ба миён омадани баҳси навбатии марбут ба Ворух ва масъалаи анклав будан, пешниҳоди иваз намудан бори дигар ин нуктаро равшан месозад, ки ҷониби Қирғизистон бо таассуф ҳамеша аз дарки ҳақиқати таърихи чандинҳазорсола фурӯгузорӣ мекунанд ва намехоҳанд онро, ки дар саҳифаҳои китобҳои бузурги таърихӣ сабт шудаву ҳатто донишмандону ҷаҳонгардони хориҷӣ эътироф намудаву бар пояи он осори фаровони илмӣ, таърихномаҳо нигоштаанд, қабул намоянд...”. 
Гузаштаи пурифтихор ва ҳақиқати таърихиро бо андешаву афкори бофтаву сохта зери суол бурдан нашояд. Ё ба таъбири мардумӣ “офтобро бо доман пӯшида намешавад”. Маҳз дасисаву иғво боис ба муноқишаҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон гардида, аз ҳар ду ҷониб талафоти зиёди моливу ҷонӣ боқӣ гузошт. Вале сокинони зарардидаи Тоҷикистон чун ҳамеша дар паноҳи давлат ва зери ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар асоси дастури Сарвари давлат давоми як моҳ манзилҳои харобгардидаи сокинон барқарор ва бо ҷиҳозу лавозимоти рӯзгор таъмин хоҳанд гардид.
Ташрифи ҳайати васеи сокинони осоишта ва собиқадорони неруҳои мусаллаҳи кишвар баҳри ҳимояи деҳоти Воруху Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рӯзҳои муноқишаҳои мусаллаҳона собит сохт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба тақдири сокинони ин гӯшаҳои зебоманзари кишвар бетараф нестанд.
Мо як гурӯҳ роҳбарон ва сокинони шаҳри Бӯстон бо дарки рисолати шаҳрвандиву эҳсоси ифтихори миллӣ дар канори дигар масъулини шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мақсади огаҳӣ аз вазъи зисту зиндагии сокинон ва баёни ҳамдардии хеш ба оилаҳои фавтидаву азияткашида ба деҳоти мазкур ташриф овардем. Воқеан, бераҳмиву бешафқатӣ ва аъмоли зишти хилофи арзишҳои неки ҳамсоядорӣ, ки низомиёни кишвари ҳамсоя нисбат ба сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ анҷом додаанд, хилофи меъёрҳои инсониву ахлоқӣ мебошанд. 
Бо вуҷуди ин, мо бовар дорем, ки бо роҳи мусолиҳаву гуфтушуниди тарафайн масъалаҳои марзӣ миёни кишвари мо ва кишвари ҳамсоя ҳалли худро пайдо хоҳад ёфт ва дар миёни ду халқи ба ҳам дӯст зиндагии осоишта афзалияти бештар касб менамояд.
 
Раъно ҲОШИМЗОДА,
раиси шаҳри Бӯстон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2021    №: 97    Мутолиа карданд: 1034
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед