logo

сиёсат

“ЧУ УЗВЕ БА ДАРД ОВАРАД РӮЗГОР...” ХАТЛОН. БУРУЗИ ҲАМДИЛИИ УМУМИМИЛЛӢ ДАР МУҚОБИЛИ ОФАТҲОИ ТАБИАТ

Ба сокинони аз офатҳои табиат зарардидаи шаҳри Кӯлоб, навоҳии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Вахш бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёриҳои молӣ ва ғизоӣ расонда шуданду барқарорсозии манзилҳо ва бунёди хонаҳои нав идома доранд.
Чунончи, баъд аз сар задани офат, фавран, дар деҳоти "Ифтихор" - и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои эъмори 20 хона дар қитъаҳои замини навҷудошуда масолеҳи сохтмонӣ дастрас шуд. 
Ба иттилои Ҳабибулло Шамсов, намояндаи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масолеҳи сохтмонӣ аз 300 тонна семент, 60 тонна арматура, 300 мукааб тахта ва 3 ҳазор дона шифер иборат мебошад.
Хаймаҳое, ки барои зисти муваққатӣ пешбинӣ шудаанд, ба манзилгоҳи ояндаашон кӯч дода шуда, бо қувваи барқ таъмин гардиданд. Барои сокинони маҳаллаи нав хати оби нӯшокӣ низ кашида шуд. 
Аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумати мамлакат, вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша хӯрокворӣ, асбоби рӯзгор, маводи гигиенӣ ба ҳар оила расиданд. Аз ҷумла, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои зудтар ба ҳаёти осоишта ва баргаштани сокинони зарардида ба шаҳри Кӯлоб корвони мошинҳои пур аз ёрии башардӯстона фиристод. 
Мардуми сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва сокинони дигар минтақаҳои Тоҷикистон низ дар чунин рӯзҳои душвор аҳолии аз офати табиат хисоротдидаи вилояти Хатлонро танҳо нагузошта, бо маҳсулоти ғизоӣ ва ашёи рӯзгор таъмин карданд. 
Абубакр Олимов ва Шодимо Қурбонова, ки аз шумули зарардидагонанд, гуфтанд: “Азбаски таҳти назорату ғамхории вижаи ниҳодҳои марбута қарор дорем, дар муқобили офати табиат заррае худро танҳо ва бечора эҳсос накардаем”. 
Дар баробари  вазоратҳо ва мақомоти дигари давлатӣ афроди алоҳида, бахусус соҳибкорон пайваста ба мардуми хисоротдида ёрӣ мерасонанд. Аз ҷумла, аз ҷониби оилаи Нозимовҳо, аз деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб, ба хонаводаҳои аз офати табиат зарардидаи шаҳри Кӯлоб 5 тонна орд, 500 литр равған, 2 тонна картошка, 2,5 тонна пиёз расонда шуданд.
Ба фалокате, ки бархе аз оилаҳои шаҳри Кӯлоб мувоҷеҳ шуданд, роҳбарияти ширкати "Рушди Хатлон" - ро низ бетараф нагузошт. Онҳо барои бунёди хонаҳои нав 100 тонна семент интиқол намуданд. 
Ҳамзамон, оҷилан ба 36 оилае, ки дар ноҳияи Вахш бар асари сел бехона монд, бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корвони иборат аз масолеҳи сохтмонӣ расид. 
Президенти кишвар зимни суҳбате, ки 13 май бо раиси ноҳияи Вахш Қурбон Юсуфов доштанд, супориш доданд, ки мардуми зарардида ҳаматарафа дастгирӣ ёбанд. 
Шоми рӯзи дигар ба сокинони зарардидаи ноҳия орд, картошка, пиёз, шакар, биринҷ, қанд, макарон ва равған аз номи Сарвари давлат расонда шуданд.
Давлаталӣ Саид, муовини аввали Сарвазири мамлакат ва Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, аз ҷойи ҳодиса дидан карда, иттилоъ ёфтанд, ки дар маҷмӯъ, чор деҳа: Иттифоқ, Машъал, Ваҳдат ва Тошработ аз офати табиат зарари ҷиддӣ дидаанд. Дар баробари манзилҳои сокинон, пойгоҳи обкашӣ аз байн рафта, соҳилҳои наҳре, ки барои обёрии 42 ҳазор гектар заминҳои ҳудуди навоҳии Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун зарур аст, қисман хароб шудаанд. 2,5 ҳазор гектар киштзор зери обу лой мондааст.
Барои мардуми аз хона маҳрумшуда фавран шаҳраки хаймавӣ ороста шуда, онҳо бо се вақт хӯроки ройгони гарм, хидматрасонии сайёри тиббӣ ва маводи аввалияи рӯзгор таъмин гаштанд. 
Бо пешкории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят кӯчаҳо, хонаҳо, заминҳои наздиҳавлигии пур аз лойқа ба тариқи ҳашар аз ҷониби кормандони ҳамаи ташкилоту идораҳои вилоят ва ноҳия тоза шуданд.
 
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2021    №: 98    Мутолиа карданд: 861
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед