фарҳанг
ҲАРФ БИЗАН, БАҲОРАМ!
Ман пас аз марги Сайф, Сайфи Раҳимзод, бори дигар бовар ҳосил кардам ва мутмаин гардидам, ки ҳамаи шахсиятҳои асил, на дурӯғин, нависандагони воқеан боистеъдод, хидматгузорони содиқи адабиёт, дӯстдорони инсонҳои ҷаҳон ду рӯзи таваллуд доранд.
Рӯзи таваллуди нахустини ӯ 20-уми ноябр, 20 - уми ноябри соли 1953 аст. Рӯзи таваллуди дигар ё худ дуюмаш 20 май, 20 майи соли 2000 мебошад. Рӯзҳо, тавре бармеоянд, яканд: ҳар ду бистуманд, аммо моҳҳову фаслҳову солҳо фарқ мекунанд.
20 - уми май душманони ин адиб, адабиёт ва миллат ӯро гӯё бо силоҳи оташфишон ба қатл расонданд, аммо диданду дарёфтанду эътироф (ба дил, албатта) намуданд, ки барояш умри дубора бахшиданду шуҳраташро бештар аз пештар афзуданд. Инак, аз он рӯз, ки ба ҳар ҳол даҳшатбор ва талафоти адабиёту миллат маҳсуб мешуд, ҳолиё 21 сол мегузарад. Дар гӯшам боз, балки тамоми вуҷудам, овози ҳамсараш, апаи Зебо, ки андак ҳузн ҳам бо худ дорад, самимона ва як навъ даъвати сидқӣ, мерасад: Ду рӯз, махсусан, ин ду рӯз: 20-уми май ва 20-уми ноябр дари хонаи мо, дастархонамон ба рӯи ҳамаи дӯстони Сайф кушодааст.
Бист сол боз ман дар ин рӯзҳо вориди хонаи онҳо мешавам. Эҳсос мекунам, балки ба назар ҳам мерасад, ки дар паҳлуи апаи Зебо Сайф ҳам истодааст ва бо меҳрубонии хос моро истиқбол мекунад. Аз ман ва дигар дӯстдоронашон аҳвол мепурсанд. Ин аҳволпурсӣ аз рӯи расмият сурат мегирад, вагарна аз аҳволу кору дастовардҳову барору нобарориҳоямон хуб огоҳанд. Бо ин ҳама, як андуҳе маро фаро мегирифт. Махсусан, вақте ки ба рафи китобҳояш назар мекардам ва донистан мехостам, ки чи таъсире онҳо ба эҷодиёташ, табъу завқаш доштанд. Ҳарчанд ки мегуфт: «Китобҳои бисёреро харидем, баъзе аз онҳоро хондем ва қисме нохонда монданд, чун фурсати мувофиқ пайдо нашуду намешавад. Гумон кардем, ки онҳо зиндагии моро, диди моро дигар мекунанд. Не, ҳаргиз чунин набудааст. Ҳамонему ҳамон, тағйир наёфтем». Баъдҳо ман меандешидам, ки ҳамаи эҷоди шоиру нависандагони асил танҳо илҳомбахш шуда метавонанд. Ва, ҳамзамон, ин мисраи Одамушшуаро ба хотир мерасид:
ИН ҶАҲОНРО НИГАР БА ЧАШМИ ХИРАД...
Воқеан, агар ин гуна чашмеро лоиқат надида бошад, мутолиаи сад ҳазор китоб ҳам ҳеҷ натиҷа намебахшад.
Тақлидро намеписандид. Мехост, ки мисли худаш бошад, ба касе монанд набошад. Зиндагияш низ ҳамин гуна буд. Ин ҳақиқат, аммо дар эҷодаш барои ҳамаи ҳаводорону хонандагонаш ва мутахассисони соҳа равшан ошкор аст. Ба адабиёт бо диди нав, сабку услуби хоси худаш омад, он ҳам устодона ва бовари комил. Ҳасад намебурд ва андуҳгин ҳам намешуд, ки ба эҷодаш баҳои шоиста намедиҳанд ва қадраш намекунанд. Аз дастовардҳову қадрдониҳои дигарон аммо шод мегардид.
Ман дар замони зиндагияш, яъне дар замони таваллуди нахустинаш, вориди ҳуҷраи корияш низ шуда будам. Дар рӯбарӯи мизи корияш, дар бари девор варақҳои навиштаи зиёд овезон буданд. Дар баъзе аз онҳо чанд ҷумла ва дар баъзеи дигар як ҷумла ва ё чанд ибора дар шакли мошиннавис ҷой гирифта буданд. Дар аввал тааҷҷуб мекардам. Аз худ мепурсидам, ки ин ҳама барои чи аст ва чӣ гуна шакли эҷод мебошад. Баъдҳо маълумам шуд, ки ба эҷодкор дар зимни андешидани асарҳои ояндааш, қаҳрамонони онҳо, ибораҳо, ҷумлаҳо, ҳолатҳо, тасаввурҳо илҳом мешаванд. Агар дар ҳамон ҳолат, онҳоро дар қайд надарорӣ, яъне нанависӣ, ба яқин, дигар рух наменамоянд, ба зеҳн дувумбора ворид намешаванд, балки як навъ меранҷанд, қаҳр мекунанд ва ҳеҷ гоҳ, ҳатто бо ҳазор узрхоҳиву даъват барнамегарданд. Ман он ҳолатҳо, тасаввурҳо ва ибораҳову ҷумлаҳоро дар асарҳои ӯ пайдо кардам. Бе вуҷуди онҳо асарҳо нокомил мебаромаданд ва қимати аслияшонро аз даст медоданд.
Хонаи эҷодии Сайф хурд, бисёр хурд буд. Ин ҳақиқат, албатта, бароям норӯшан аст, ки ӯ худ ин ҳамаро мехост ва ё имкон надошту аз рӯи зарурат буд. Дар ин гуна хонаи хурд дунёи фароху васеъро бо ҷаҳони бузургу одамонаш дида метавонист. Бисёре аз нависандагон дар хонаҳои васеъ, бо муҳайё будани тамоми шароити эҷодӣ асар менависанд. Бо мутолиаи онҳо равшан дармеёбӣ, ки андешаашон, навиштаҳояшон маҳдуданд, аз доираи як деҳа ва ё як маҳал ҳеҷ баромада наметавонанд, аммо даъвои ҷаҳонишавӣ мекунанд. Бонги изтироб мезананд, ки онҳоро нашинохтаанду ба қадрашон нарасидаанд. Ин гуна бонгҳои изтироб боз дар ҳоле ҳастанд, ки тамоми унвонҳову мукофотҳоро бо ҳазору як талош дар замони камолоти зиндагияшон соҳиб гардидаанд.
Сайф Раҳимзод барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ шуд, аммо баъди маргаш ё худ таваллуди дувумборааш. Пас аз ин гуна таваллуд дигар асарҳояш ба табъ расиданд, ба эҷодаш, истеъдоди нотакрораш, пажӯҳиши асарҳояш таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Сайф Раҳимзод, он гуна, ки пештар зикр шуд, дар фасли тирамоҳ ба дунё омадааст ва гумон мекунам, фасли дӯстдоштааш тирамоҳ ё худ пойиз буд. Аксар нависандагону эҷодкорони асил ин фаслро бештар аз фаслҳои дигар дӯст медоранд ва дар ин давр бештар эҷод мекунанду илҳом ба суроғашон меоянд. Дар ин фасл вазъи тандурустияшон хуб мешавад ва дунё ҳамаи зебоиҳову шодиву ҳасратҳои худро ба намоиш мегузорад. Рангҳоро ба ҳар лаҳза ҷилваи тоза мебахшанд. Ба бодҳо ҳам амр мешавад, ки баргҳои заррину тиллоиро дар пеши пояш бирезанд, то кас дарёбад, ки ҷаҳон чи асроре дораду инсон барои чи халқ шуда.
Ин пиндори маро, ки ӯ тирамоҳ ё худ пойизро дӯст медошт, як филми ӯ бо номи «Ҳарф бизан, пойизам» тақвият мебахшад ва мехоҳад мутмаинам бисозад, ки аз пиндор дида бештар ба ҳақиқат рӯ биёрам. Воқеан, ба ӯ пойиз, яъне тирамоҳ, борҳову борҳо ҳарф зада ва мафтуни худ намудааст. Ва ӯ ҳам бо пойиз ҳарфҳои дили худро, асрори вуҷуди худро, агар ҳам паст, аммо шоиронаву орифонаву ошиқона гуфтааст. Ба ростӣ, ин ҳамаро даст намедиҳад.
Мисли ин аст, ки нидоеро мешунавам, нидои: «Ин бор баҳор ҳам ҳарф мезанад». Ман ба дил ин ҳақиқатро бе андак шубҳа ва хостани далел хуш мепазираму тасдиқ мекунам. Аз ин рӯ, беихтиёр мегӯям: «Ҳарф бизан, баҳорам». Баҳорро дар ин дам зеботару дилработару маҳбубтар дармеёбам.
Шодравон Раҳмон Остон, рӯзноманигор, нависандаи шинохта, дӯсти Сайфу хонадони ӯ, зимни мулоқот бо донишандӯзони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфта буд: «Бовар бикунед, Сайф зиндагиро дӯст медошт, бисёри бисёр дӯст медошт». Ин ҳақиқат дорад. Дар 47 соли зиндагияш, яъне баъди таваллуди нахустинаш, шитоб дошт, ҳамеша шитоб дошт. Медонист, ки «даври фалак диранг надорад, шитоб кун!». Мехост ҳар лаҳзаи зиндагиро дурусту судбахш ба манфиати адабиёт, ҳунар ва миллат сарф бикунад, бубахшад. Ва ба ин мақсуде, ки дошт, хуб ҳам расиду муваффақ низ гардид. Зиндагӣ ин ошиқи содиқи худро арҷ гузошт ва сояи маргро аз рӯи ному шуҳрату осораш барои ҳамеша бардошт.
Пас аз ду сол, яъне соли 2023, Сайф Раҳимзод 70 – сола мешавад. Албатта, масъулон, ҳаводорони эҷодаш сари ин масъала андешидаанд ва ҳатман тасмимҳои нек мегиранд. Ба ин муносибат ва таҷлили санаи фархунда зарур аст, ки тамоми навиштаҳояш бо теъдоди зиёд, сифати баланд ҳам нашр бигарданд, зеро асарҳои ӯ дар боло бурдани завқи эстетикӣ, шинохти дурусти зиндагӣ, арҷгузорӣ ба забони ноби тоҷикӣ, дӯстдории сарзамини аҷдодӣ мусоидат карда метавонанд. Инчунин, барои омӯзгорони фанни адабиёти тоҷик ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки аз китоби таълимӣ ба кору рӯзгораш шинос мешаванд, доштану мутолиаи асарҳои ӯ ҳатмист. Рӯзгору ҳосили корҳои мондагори Сайф Раҳимзод ҳанӯз ба таври шоиста омӯхтаву пажӯҳиш нагардидаанд. Ин ҳама акнун оғоз мешавад ва оғоз бояд нек ва дуруст бошад.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.05.2021 №: 98 Мутолиа карданд: 1158