logo

иқтисод

ЧИПТАБИЗНЕС. КӢ БОЯД ПЕШИ РОҲИ БЕСАРУСОМОНИҲОРО ГИРАД?!

Аз аввали моҳи апрел баъди иҷозати расмии парвозҳо ба самти Душанбе -Москва талабот ба чипта ончунон боло рафт, ки нархи он то 18 ҳазор сомонӣ расид. Навбатпоии сокинон ҳадду канор надошт. Ҳарчанд пас аз андешидани тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор арзиши чипта ба 8 ҳазору 690 сомонӣ пойин фаромад, ҳанӯз ҳам аз нархи муқарраргардида зиёд аст.
 
АЗ НОҲАҚҚИИ ШИРКАТҲО ТО ФУРСАТТАЛАБИИ МИЁНАРАВҲО
Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст аз рӯзҳои парвози ҳавопаймо ба самти Россия ва авҷи талабот ба чипта шаҳрвандонро итминон дод, ки фурӯши чиптаҳо таҳти назорати қатъӣ гирифта мешавад.
Икром Субҳонзода, директори агентӣ, иброз дошт, ки арзиши чиптаи рафтуомад миёни Душанбе ва Москва набояд аз 500 доллари амрикоӣ баланд бошад. Албатта, вақте ки талабот меафзояд, нарх метавонад баланд шавад, вале на бештар аз 250 - 350 доллар, дар ҳоле ки арзиши аслии чипта дар рӯзҳои муқаррарӣ то 200 доллар буда метавонад. Дар ҳар ду ҳолат, ширкатҳои ҳавоӣ ҳақ надоранд, ки аз муштариён беш аз 500 доллар ситонанд.
Ба андешаи мутахассисон, дар баробари ширкатҳои ҳавоӣ, ки аз ҷониби онҳо фурӯши чипта берун аз нархнома сурат мегирад, аз фурсат истифода бурдани миёнаравҳо вазъро дучанд мушкил сохт. Ҳолати баамаломада зери назорати ҷиддии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад. Тавре аз маркази матбуоти раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, иттилоъ доданд, қатъи назар аз чораандешии мақомоти ваколатдор ҳолати ба таври сунъӣ боло бурдани нархи чипта ба қайд гирифта шуд. Аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт зимни корҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ Нуриддин Шарифов, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, ки қаблан ду маротиба бо ҷурмҳои гуногун суд шудааст, бо шаҳрванд Саховат Қодирова, хазиначӣ дар нуқтаи фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо дар ширкати “Зур-Тур”, маслиҳат намуда, ба муштариён чиптаҳои ҳавопайморо аз нархи муқарраргашта гарон фурӯхтанд, дастгир шуданд.
 
ЧИПТА ЯК - НАРХ ГУНОГУН
Бо маслиҳати пешакӣ пинҳонӣ ба фурӯш баровардани чипта, воқеан ҳам, боиси нигаронии сокинон гашта, онҳо бо ҳар роҳу восита бо нархҳои гуногун чипта мехаранд. Дар назди нуқтаи асосии фурӯш, воқеъ дар кӯчаи Нисор Муҳаммадӣ, муштариён аз харидани як чипта, аммо бо арзиши гуногун (баъзе 7 ҳазор сомонӣ, баъзеи дигар 8-9 ҳазор) гуфтанд. Камина дар рӯзҳои аввали кушодашавии хатсайри Душанбе - Москва аз рӯи зарурат бо арзиши 12 ҳазор сомонӣ чипта харидам. Яъне, чипта нархи муайян надорад. Он аз даст ба даст нархи ҳархела пайдо кард ва ин, бешубҳа, кори миёнаравҳост. Бо наздик шудан ба хазинаи фурӯш аввалин чизе, ки аз ҷониби хазинадор пурсида мешавад, чипта барои кадом сана лозим? Агар дар посух муҳлат то 15 май ироа гардад, нархи чипта ду баробар зиёд мешавад. Ширкатҳо, ки аз рӯи нархнома кор набурда, чиптаро беш аз 500 доллар фурӯхтанд, ҷамъ бо маблағи илованамудаи миёнаравҳо арзиши он гарон афтод. Яъне, “айб ҳам дар ош ҳасту ҳам дар мош”.
- Дар сурати сар задани чунин ҳолатҳо шаҳрвандони кишвар бояд ба сохторҳои дахлдор дар бораи қонуншиканӣ хабар диҳанд, - гуфт Икром Субҳонзода.
 
АГЕНТӢ: “МАРДУМ БОЯД ДУРУСТ ДАРК КУНАД”
Ёдовар мешавем, ки ҳоло парвоз ба самти Федератсияи Россия дар як ҳафта ду маротиба аз ҷониби ширкатҳои “Сомон эйр” ва “ЮТэйр” анҷом дода мешавад. Парвозҳо бо назардошти он ки қаблан тақрибан 12 маротиба ба шаҳрҳои гуногуни Россия амалӣ мешуданд, кофӣ нестанд. Вале хоҳишмандони сафар ба Россия ҳамоно хеле зиёданд. Дар ин маврид, Агентии авиатсияи гражданӣ аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки вазъи мавҷударо дуруст дарк намоянд, зеро хатсайрҳои ҳавоӣ миёни кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистону Россия баъд аз авҷи пандемия дар саросари ҷаҳон акнун кушода шуда истодаанд. Агентӣ, ҳамчунин, овоза атрофи фурӯши чиптаро, ки гӯё он танҳо то моҳи июн фурӯхта мешавад, рад кард. Барои боз ҳам  (яъне аз 8 ҳазору 690 сомонӣ) кам кардани нархи чипта ва зиёд намудани теъдоди парвозҳо ба самти Душанбе - Москва агентӣ маротибаи дуюм бо ширкатҳои ҳавоии Россия, аз ҷумла “ЮТэйр”, “Сибирь”, “Уральские авиалинии” ва “Северный ветер”,  гуфтушунид анҷом дод. Дар доираи он дар назар аст, ки масъалаи мазкур ояндаи наздик ҳалли худро меёбад. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2021    №: 98    Мутолиа карданд: 1251
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед