logo

иҷтимоиёт

МО АНГУШТОНИ ЯК МУШТЕМ! ҲУШДОР БА ТАРРОҲОНИ НИЗОИ САРҲАДӢ

Гирудорҳои 29 апрел (сари мавзеи обтақсимкунии «Головной», воқеъ дар деҳаи Хоҷаи Аъло, ки ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон хизмат мерасонад) бавуқӯъпайваста лаҳзаҳои ҳассос, сабақомӯз ва фаромӯшношудании хеле зиёд доранд. Кишвари ҳамсоя ба хотири идораи пурраи дарёи Исфара дар ин саргаҳ артиши саропо мусаллаҳро бо шумори зиёди мардуми мулкӣ мустақар намуд, ки бо фоҷиаи хунин анҷом шуд. 
Ҳамон рӯзи даргирӣ аз қисмати шарқии иншооти обтақсимкунӣ ҷониби сарҳадбонони тоҷик тир мисли борон мерехт. Кишвари ҳамсоя муноқишаи хунинро оғоз кард. Дар қисмати пеши ҷабҳа як афсар, се сарбоз, ду нафар аз мардуми мулкӣ чун ангуштони як мушт буданд, ки камин гирифтанд. Хушрӯз Ҳокимзода ва Фарҳод Абдулабиб аз ҷавононе дар сангар бо қимати ҷон ва ватанхоҳӣ чун садди чинӣ пешорӯи бадхоҳон истодагарӣ менамуданд. Мавзеи ҳамвор бе паноҳгоҳ, Хушрӯз гаваккашон як миқдор масофаро тай намуда, ба ҷои аввала дастаҳои ёрии аввали тиббӣ ва лавозимоти муҳофизавиро дастрас намуд. Гурӯҳи худмуҳофизатӣ дар ҳайати Каримбой, Ҷалолиддин, Бобонодир, Муқимҷон ва Бобохону Исломиддин панҷу ним соат истодагарӣ карданд. Аксари онҳо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд, лек сангарро ҳеҷ кас тарк накард. Баъдтар Муқимҷон, Бобонодир ва Бобохон дар беморхона бистарӣ гашта, ҷарроҳӣ шуданд.
Исломиддин Бобоев устои ҳамакор аст. Зиндагии хоксорона дорад. Ӯ дар сангар қарор дошт. Тири мусалсал ҷисми сарбози дар паҳлуяш бударо сӯрох намуд. Исломиддин сарбози захмбардоштаро ба пушт гирифта, сӯи мошини ёрии таъҷилӣ гавак кашид. Вақте ки ӯ назди мошин расид, дид, ронанда аз зарби мавҷи гулӯла инону ихтиёрашро аз даст дода, беҳуш аст. Ин лаҳза ду тири нишонзан (снайпер) ба мошин бархӯрд. Яке ба қуфли дар, дигаре ба шишаи он расид. Дари мошин гӯё кафшер шуда бошад, кушода намешуд. Исломиддин худро аз тирезаи шикаста дохили мошин гирифт. Бо зарбаи ҳар ду пояш дарро кушода, сарбози маҷрӯҳро дохили он кашид. Бо як ҳаракати дигар калидро, ки дар ҷояш овезон буд, тоб дода, мошинро ба кор даровард. Ёрии таъҷилӣ сӯи беморхонаи марказии шаҳр роҳ пеш гирифт. Зери борони тир бо суръати фавқулода маҷрӯҳро ба шуъбаи ҷарроҳӣ расонд. Сарбоз оҷилан ҷарроҳӣ шуд. Дар бозгашт мошини ёрии таъҷилӣ, ки ронандааш Исломиддини «ғайрикасбӣ» буд, барои маҷрӯҳон доруворӣ овард. Дар чорроҳаи Зарафшон зери тирборони ҷониби Қирғизистон қарор гирифт. Аз сару рӯ ва мӯйҳои барвақт сафедгаштааш арақи гарми ҷабин бо омехтаи ашкҳо ба домонаш рехтанд, лек ӯ розӣ аз тақдир ва қисматаш буд, ки тир нахӯрдаст.
Имрӯзҳо кӯчаҳои деҳа сокиту ором аст. Пиразани ҳаштодсола Бибиназира, ки гармиву сардии зиёдеро дидааст, аз меҳрубониҳои роҳбарияти олии кишвар, сокинони Исфарамарз - шаҳрвандони ҷамоатҳои Навгилем, Кулканд, деҳаҳои Орифон, Нафтобод, Сурх, Хонобод ва тамоми мардуми ҷумҳурӣ миннатдор гаштааст, зеро дар ин рӯзҳои тақдирсоз ҳамагӣ дар паҳлуи ӯ ва ҳамдеҳагонаш қарор гирифтанд.
Дар кӯчаҳои шаҳри Исфара овезаҳои зиёдеро бо рақамҳои телефонҳои мобилӣ ба хотири даъват барои пешниҳоди рахти хоб, ғизо барои мардуми муваққатан маскани худро тарк карда, дидан мумкин буд.
Бибиназира сари кӯча нишаста ҷавонони боғайрати либоси низомидошта, ҳомиёни тартибот, кормандони мақомоти иҷроияи шаҳру ҷамоат, ҷавонони шуҷоъ ва далери Ватанро дуои нек мекард.
Иттифоқан, раиси шаҳр Баҳодурзода Баҳоваддин, ки ин рӯзҳо ҳамтақдири мардум буданд аз чашми тезбини кампир дур нагашт. «Мисли ҳамномат Балогардон шавӣ писарам!», - хитоб кард Бибиназира: ман ки фарзанди иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Юнусбой Умаров ҳастам, ҷонам фидои шумоён - сарбозону хоки Ватанам бод!
Фоҷиа собит сохт, ки мо мардуми озодазода бо ҳидояту раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ангуштони як мушт тавоно ва муттаҳид ҳастем ва дар ҳимоя аз марзу буми давлати соҳибистиқлоламон аз як гиребон сар мебарорем.
 
Муҳаммад Ҷавод ШАРИФЗОДА, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2021    №: 98    Мутолиа карданд: 955
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед