logo

иҷтимоиёт

ТАСВИРИ РАВШАН. ЧАШМАНДОЗЕ БАР ЗИНДАГӢ ВА ШЕЪРИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Мирзо Турсунзода соли 1911 дар минтақаи Ҳисор зода шуда дар 9 – солагӣ аз лутфи падар маҳрум мешавад ва ин замоне аст, ки вай нахустин алифбои саводро аз мактаби куҳна ва масҷиди зодгоҳаш фаро мегирифт. Дар соли 1927 омӯзишгоҳи омӯзгории Тоҷикистонро ба поён расонд сипас барои идомаи таҳсил ба шаҳри Душанбе омад. Муддате ба Тошканд рафт ва дар Донишкадаи тарбияти муаллим касби илму дониш кард. Ӯ дар ин даргоҳи маърифат бо осори адибони форсию ҷаҳонӣ ошноии амиқ пайдо намуд ва ба сурудани нахустин ашъораш пардохт. Пас аз поёни таҳсил шоир ба шаҳри Душанбе баргашт ва ба кор дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» шурӯъ намуда, муддате низ дар театри шаҳри Хуҷанд ҳамкорӣ кард.
Устод Турсунзода ба раёсати Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон баргузида шуд ва то поёни умр раиси конуни фарҳангӣ буд. Вай дар ин муддат на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳон ба унвони чеҳраи маъруфи адабӣ ва сиёсӣ табдил ёфта ба раёсати Кумитаи ҳамдилии мардумони Осиё ва Африқо, узви Кумитаи Иттиҳоди Шӯравӣ узви раёсати Кумитаи сулҳи ҷаҳонӣ ва муддате баъд раиси Кумитаи сулҳи Тоҷикистон интихоб гардид. Турсунзода дар ин солҳо бар ҳасби масъулият ба кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Афғонистон, Чин, Япония, Корея, Индонезия, Сурия, Миср, Лубнон, Яман, Тайланд, Бирма, Бангладеш, Шриланка, Алҷазоир, Судон, Фаронса, Суес, Куба, Канада, Мексика ва ғайра сафарҳои расмӣ дошта, дар таҳкими сулҳ дар ин кишварҳо нақши фаровон ифо намуд.
Турсунзода дар мақолае таҳти унвони «Ғазалсарои бузурги Шарқ», ки дар соли  1971 мунташир кард, аз диду боздидаш аз Эрон ва Шерозу тавофи марқади поки булбули Шероз низ мақому мартабаи Ҳофиз дар адабиёти ҷаҳон ва вижагиҳои ашъори обдори ин сухансарои беназир ёдоварӣ мекунад. Аз хотироти айёми бачагияш мегӯяд: «Ман аз овони бачагӣ ба шеърҳои азизтарин шоири форсизабонон – Ҳофизи Шерозӣ дилбастагӣ дорам. Шеърҳои ин устоди назм зеҳни маро ҳанӯз дар айёми ҷавонӣ бо сеҳру ҷоду асири худ карда буданд ва шабҳо хоби маро аз дида рабуда рӯзҳо сабру ороми маро ба чанги яғмо додаанд. Аз хурдӣ дар ёд дорам, ки мардуми тоҷик дар миёни ҳама кутуб «Девон»-и Ҳофизро китоби муқаддас баршумурда, ҳатто дар гаҳвора онро ба зери сари тифли навзод мегузоштанд, то фарзанди онҳо хушбахт ва ҳамчун одами назаркардаву монанди Ҳофиз азизи мардумон гардад.
Одамони бесавод ҳам пештар ашъори Ҳофизро ҳифз намуда, дар ҳар анҷумане, маҷлисе онҳоро таблиғ ва ташвиқ мекарданд. Аксар мардум коре надоштанд ба ин, ки аслан Ҳофиз куҷоӣ аст ва дар кадом даврон ба сар бурдаву ному насаби аслии ӯ чист. Танҳо, қабл аз ҳама, бо ғазалиёт ва бо маънавияте, ки дар ашъори Ҳофиз вуҷуд дорад, бо рӯҳи бузурги ин шоири равшанфикр сари кор доштанд ва аз китоби ӯ меҳру вафоро ҷустуҷӯ мекарданд. Панди ӯ ҳамеша ба гӯшам мерасид:
Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд,
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро?
«Куллиёт»-и Ҳофизро ман рӯи лавҳ гузошта, бо ҳиҷо мехондам ва мардуми солору куҳансол онро ба унвони тӯмору қуръа ва фол мавриди истифода қарор медоданд. Номи Хоҷа Ҳофизро ба унвони лисонулғайб, тарҷимону-л-асрор ва шоири малакутӣ ба забон меоварданд.... Ман дар дили худ ҳамеша орзуи зиёрати аҷдоди бузургамон – Фирдавсӣ, Хайём, Саъдӣ ва Ҳофизро мепарвардам ва ҳар бор ба Эрон мерафтам, қабл аз ҳама ҳамин орзуро ба ёд меовардам.
Ба Эрон чандин бор сафар кардам ва зиёрати мақбараи Фирдавсӣ дар Тӯс, Хайём дар Нишопур ва Абуалӣ ибни Сино дар Ҳамадон, хушбахтона, маро муяссар гардид...».
Шоир дар идомаи ин матлаб аз мушарраф шудан ба таввофи оромгоҳи Ҳофизу Саъдӣ дар Шероз бо муҳаббат ва ихлос нависта, бо қалбе саршор аз сурур он рӯзҳоро ба ёд меоварад: «Таъсири Ҳофизро ба ҳангоми вуруд ба Теҳрон эҳсос кардам. Китобхона ё фурӯшгоҳи китобе набуд, ки бо кутуби Ҳофизу Саъдӣ музайян набошад ва дар ҳар кӯчаву хиёбон дар ҳар қадам духтарону писаронро медидам, ки китоби Ҳофиз рӯи даст доштанд. 
Бояд гуфт, Турсунзода бо шуаро ва удабои эронӣ- Саид Нафисӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Нодирпур дӯстии амиқ дошт. Аз ҷумла, устоди шодравон Саид Нафисӣ дар суханронии хеш дар дувумин Анҷумани нависандагони шӯравӣ соли 1940 дар Маскав ба осори устод Турсунзода эҳтироми худро баён дошту гуфта буд ва ашъори ӯро намунаи ибрат барои адабиёти ҷавони Эрон донист. Парвизи Дориюш, муҳаққиқи эронӣ, низ Турсунзодаро аз «навоварони шаклу мазмуни назми Машриқзамин» дониста буд.
Хадамоти арзандаи ӯ бо чандин ҷоизаи фохири байналмиалию ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ҷоизаи байналмилалии Ҷавоҳирлаъл Неҳру, Ҷоизаи Рӯдакӣ, нишони Абдунносир ва... - ро касб кард.
Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон низ ӯро бо унвони Шоири мардумӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон қадрдонӣ кард. Акси ӯ бар рӯи пули миллии Тоҷикистон – сомонӣ низ қарор дорад, ки нишони эҳтирому аҷри давлату мардуми Тоҷикистон бар ҷойгоҳи ӯ мебошад.
Ва ба хотири посдошти ёду хотираи неки ӯ шаҳристон, Донишкадаи ҳунарҳои зебо ва чандин кӯчаву хиёбон ба номи ӯ мусаммо гардидаанд ва муҳимтар аз ин, устод Турсунзода дар радифи Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Шириншоҳ Шоҳтемур унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро касб намудааст.
Он чӣ аз шеъри Турсунзода бармеояд, маънигароии ӯст. Шоир бар он аст, то дардҳои иҷтимоиро бозтоб диҳад. Ишқ ба инсон ва ишқи Ватан дар шарёнҳои ашъораш  ҷорӣ аст. Агар бигӯям тасвири зан дурахшонтарин тоблу дар нигорхонаи ҳунарии ӯст, сухан носанҷида нагуфтаам. Маснавии «Ҷони ширин» ба зебоӣ ин довариро истидлол мекунад:
Дар диёри мо шуд одам арҷманд,
Шуд сари хамгаштаи занҳо баланд.
Ҳеҷ коре нест, бе зан хуб шуд
Ифтихоре нест, бе зан хуб шуд.
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Кард зан вазъияти моро дигар
Чун насими тоза ҳангоми саҳар.
Чашми хоболударо бедор кард,
Ҷоҳилу гумроҳро ҳушёр кард.
Маҷмӯае, ки дар ихтиёри ман аст, сурудаҳоеро оинадор менамояд, ки лаболаб аз ишқ ба Ватан, ишқ ба инсон, ишқ ба адолат, ишқ ба табиат аст. Чигунагии сурату сирати зан аз бунмояҳо ва мафоҳими густардаи нигоҳу нигориши шоир аст. Ишқ ба зан ба унвони мазҳари латофату зебоӣ ва мазмунияти зан аз мафоҳиме аст, ки шоир аз такрори он эҳсоси хастагӣ намекунад. 
Аз дигар мавзӯоти муҳиму умда, ки шоири тоҷик бар он ишораҳои фаровон дошта, мавзӯи зан ва модар ва эҳтиром гузоштан ба он аст. Шоир модарро фаришта медонад, ки Худованд дар рӯи Замин қарор дода ва баёни муҳаббатҳои дур аз миннат ва холисонаи ӯро бар фарзанд намунаи олии вижагии ин фариштаи аршӣ медонад инчунин, оғӯши модарро беҳтарин макон барои ҳар инсон мепиндорад.
Раҳими Қубодиёнӣ дар китоби гузидаи ашъори Бозор Собир «Шеъри ғарқи хун» дар хусуси инкишофи шеъри муқовимати ҳавзаи Тоҷикистон ба ин бовар аст, ки инкишофи шеъри муқовимати тоҷик дар чиҳил соли ахир ба номи Мирзо Турсунзода вобастагӣ дорад. Устод Турсунзода, тавонотарин ва бонуфузтарин шоири замон, тавассути ду амали хеш барои шеъру адаби муқовимат замина гузоштааст:
1. Шеър.
2. Сарпарастӣ.
Турсунзода дар даҳаи  панҷоҳи мелодӣ аз сиёҳ кардани собиқаи мардуми тоҷик даст кашид ва ба васфи табиати зебои кишвар ва ситоиши одамонаш пардохт. Яке аз беҳтарин достонҳои худ «Чароғи абадӣ»-ро дар бузургдошт аз устод Садриддин Айнӣ ба майдон овард.
Бахши дигаре аз фаъолиятҳои пурсамари Турсунзода иборат аз тарбият кардан ва ба камол расонидани адабиёти ҷавон буд. Ӯ, ки худ дар мактаби илмии устодони ғамхору поксириште, амсоли устод Айнӣ, Лоҳутӣ ва Бобоҷон Ғафуров ба камол расида буд, дарёфту тарбият кардани аҳли қаламу ҷавонони соҳибистеъдодро вазифаи ҷонияш медонист. Ашъори Муъмин Қаноат, Ғаффор Мирзо, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Аскар Ҳаким, Гулназар Келдӣ, Гулрухсор Сафӣ ва ..., фақат таҳти сарпарастии устод Турсунзода дар назму шеъри тоҷик роҳу равиши тоза ворид намуда, ки боиси истиқболи гарми хонандагон дар саросари Шӯравӣ ва Шарқ гардидааст.
Ба бовари равоншод Турсунзода сабки Бедил «сухани сарбаста» аст. «Гавҳари пинҳон дар дарё» шиносномаи шеъри Бедил аст. Агар бо ҳамин меъёр шеъри Турсунзодаро доварӣ намоем, шеъри Мирзо Турсунзода «шеъри саркушода» аст. Маониро ба гунае мепарваронад, ки ниёзе ба ғаввосӣ надорад. Соддагию равонӣ муҳимтарин вижагии он аст:
Солҳое, ки ман ҷавон будам,
Бехабар аз гапи ҷаҳон будам.
Бо ду чашми кушода дар олам
Ҳарчи медидаму намедидам.
Рӯзу шаб мегузашт бе матлаб,
Бе қалам, бе китоб, бе мактаб.
* * *
Аз кӯҳи баланд аст равон оби Душанбе,
Тар карда лаби ташналабон оби Душанбе.
Ҳарчанд ки ҷорист ба сад асру замонҳо,
Бо ёди Ватан монда ҷавон оби Душанбе.
Тахайюли достонпардозии шоир дар рагҳои каломи мавзун ба гунае ҳаракат менамояд, ки гӯё бо насри равон ҳамзод аст. Аз чунин манзаре ба гунае Эраҷ Мирзоро фароёд меоварад. Танаввуи вазнҳои арӯзӣ баёнгари табъи маввоҷи шоир аст ва аз ин, ки ҳар калимае дар қаламраваш метавонад қадам гузорад, ибое надорад.
Турсунзода марди сафар ва вассофи сулҳу дӯстӣ аст. Ҳосили мусофиратҳо ва дидаҳояш аз кишварҳои оламро дар ашъору манзумаҳо ва асарҳои мондагораш «Ҷони ширин», «Садои Осиё», «Аз Ганг то Кремл» «Чароғи абадӣ», «Ҳасани аробакаш», «Ман аз Шарқи озод», «Қиссаи Ҳиндустон», «Хоҳари мубориз, Африқо», «Рӯди Ганг», «Боғи муаллақ», «Сайёҳи Ҳинд», «Шоиро» ва... ба қалам дод, ки ҷонмоя ва муҳтавои аслии ин сурудаҳо ба таҳкими дӯстию рафоқати милал ва ақвоми дунё, муборизоти озодихоҳӣ, бедорӣ, адолату васфи Ватану модар ва ахлоқи ҳамида ихтисос доранд.
Мавзӯи истибдоди англисиҳо дар Ҳиндустон ва мавриди ғорату зулм қарор гирифтани ин кишвар, ки беш аз 200 сол ба арсаи ғорат қарор гирифта буд, ҳамвора дили шоири тоҷикро ба дард меовард ва ӯ бо афкори озодихоҳиву бедодгарона мардуми ҳиндро барои касби истиқлол ва барчида шудани пойи бегонагон аз Ҳинд ҳамвора даъват менамуд. Дарзамон аз бадбахтӣ ва ҷозибаҳои ин кишвар, ки суди онро ғоратгарон мебурдаанд, бо аламу дард сухан мегӯяд ва аз ин, ки 40 миллион ҷамъияти ин кишвар ба  табақаи мардудшудагон тааллуқ доштанд, ғиреву фарёд мекунад ва аз дили  пурдард садо сар медиҳад:
Ба Ҳиндустон сафар кардам замоне
Ман аз ин кишвари чун бӯстоне.
Бидидам дар паси кӯҳи Ҳимолой
Замини сабзу зебое саропой.
Агарчи ганҷҳояш пурбаҳоянд,
Валекин мардумони он гадоянд.
Ҳикоят мекунам бо қалби пуршӯр
Ҳаёти мардуме аз зиндагӣ дур.
Ба рӯи қабри онҳо гул нарӯяд,
В-агар рӯяд, касе онро набӯяд.
 
Шоир дар ин шеър, ки «Қиссаи Ҳиндустон» унвон дорад, бо нигоҳи жарф аз дидаҳои худ меҳрубонию соддагии мардуми ҳинду, ки мавриди суистифодаи ғарбиҳо, ки дороиҳои ин кишварро ба ғорат бурда, муҷиби бадбахтиву фақр ва мазалати ин мардум шудаанд, барои мардуми ҷаҳон мегӯяд, ки дар ин кишвар дар қарни бисту як гурӯҳе ва як давлате таҷовузгар хуни бечорагонро мехӯранд ва аз оҳи мазлумон барои худ қасру кӯшкҳо месозанд ва дар воқеъ, иқтидори дурӯғини онҳо бар мабнои фиребу найранг аст.
Устод Турсунзода, ки шеъру назми ширин, бепироя ва равон дорад ғамхорӣ дар ҳақи адибони ҷавон аз авсофи ҳамидаи эшон аст. Ба ҳамроҳи устодони некноми рӯзгорашон: Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Боқӣ Раҳимзода, Абулқосим Лоҳутӣ, ки нахустин ниҳолони бӯстони навпои шеъру адаби Тоҷикистонро нишонданд ва имрӯз сарсабзию шукуфоии ин гулбоғ  мадюну марҳуни чунин бузургоне аст, бидуни шак, номи поки Турсунзода бар тораки равоқи баланди қасри тамаддуни навини кишвари форсизабонони Тоҷикистон медурахшад. Мирзо Турсунзода, дар ҳақиқат, ҳамроҳ бо аллома Садриддин Айнӣ, бунёнгузори адабиёти муосири тоҷик, дар ташкил ва рушду пешрафти адабиёту фарҳанги Тоҷикистон нақши азим гузоштааст.
Шахсияти Мирзо Турсунзода ба унвони шоир, нависанда, пажӯҳишгар, хабарнигор ва мутарҷиму синамогар сабаб гардидааст, то осори фаровонеро биёфаринад. Ҷамъоварии осори шифоҳӣ кори осоне нест. Турсунзода чунин кори бузургеро ба фарҷом расондааст. Барои ин, ки тасвири равшане аз Турсунзода ироа гардад, осораш аз ин қарор аст: «Намунаи фолклори тоҷик», «Матни сурудаҳои филми «Ман бо духтаре вохӯрдам», «Парчами зафар» (муштамил бар ду шеър ва даҳ ҳикоят), манзумаи таълимӣ – ғиноии «Ҳасани аробакаш» ва «Гулчини ашъор» ба хати сириллик ва форсӣ, ки дар Душанбе ба чоп расидааст. Илова бар сафинаҳои шеър, равоншод Турсунзода осоре аз Пушкин, Некрасов ва Шевченкоро тарҷума кардааст.
Мақолоти фаровоне дар заминаи шинохти адабиёт нигошта, ки абъоди дигаре аз ҳиммати волои фарҳангии ӯ ба шумор меравад.
Саранҷом, устод Турсунзода ҳамон рӯзе, ки Ҳафтаи адабиёти шӯравӣ дар Тоҷикистон оғоз меёфт, дар сар хаёли меҳмон, ба олами абад рахти сафар баст. Шоир Боқӣ Раҳимзода дар мақолаи «Дӯсти ба ҷон баробарам» рӯзи видои вопасинро бо устод Турсунзода чунин ба қалам медиҳад: «Чи ҷанозаи пуршукӯҳе буд, гӯё тамоми сокинони Тоҷикистон барои вопасин дидори шоири маҳбуби худ либоси мотам дар бар карда, дар назди Театри  давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҷамъ омада буданд. Хурду калон ашк мерехтанд. Марги Турсунзодаи азиз талафоти калони адабиёт ва халқи тоҷик буд. Аз ин рӯ, намояндагони тамоми ҷумҳуриҳо, муассисот ва ташкилоти муҳими мамлакат барои ҳамдардӣ омада буданд. Ин эҳтироми бепоёни халқ буд, ки насиби ҳар аҳли қалам намешавад».
 
Исмоил ЛАШКАРӢ, пажӯҳишгар аз Афғонистон
 
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2021    №: 98    Мутолиа карданд: 962
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед