иқтисод
Ҳ И С О Б О Т И
солона ва ҳисоботи муҳосибавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои соли 2020 ба Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК НБО «Роғун» имрӯз дар шароите барпо мегардад, ки бунёдгарони иншооти тақдирсози миллат- Неругоҳи барқи обии «Роғун» чун тамоми мардуми шарифи кишвар барои сазовор истиқбол намудани ҷашнҳои таърихии 24 - солагии истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, инчунин, 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони соҳибихтиёр омодагии ҳамаҷониба мегиранд.
Соли сипаришудаи 2020 дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол чун соли таърихии пур аз воқеоти хотирмон барои мардуми саодатёру зафарпешаи кишвар, аз ҷумла роғунсозон нақши арзандаву бориз гузошт. Дар ин соли муборак мардуми шарифи кишвар бори навбатӣ Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд.
Санаи 14 октябри соли 2020 ташрифи мубораки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба неругоҳи «Роғун» бунёдгарони шуҷову матини чароғистони миллат бо хушнудии беҳамто истиқбол карданд.
Дастуру супоришҳои арзишманди Ҷаноби Олиро, ки дар доираи Нақшаи чорабиниҳо инъикос ёфтаанд, бунёдгарон маҳаки фаъолияти хеш қарор додаанд.
Соли 2020 гидроагрегатҳои № 6 ва № 5-и неругоҳ, ки солҳои 2018 ва 2019 ба кор андохта шуданд, дар маҷмӯъ, 1 299 736 400 кВт.соат неруи барқ тавлид карданд. Аз ибтидои фаъолият, ин ду агрегат солҳои 2018 - 2020 ба миқдори 2 236 959 050 кВт.соат неруи барқ истеҳсол намуд.
Минбаъд сол ба сол бо баланд шудани сатҳи обанбор ҳиссаи неругоҳи «Роғун» дар истеҳсоли неруи барқи ҷумҳурӣ афзунтар хоҳад шуд.
Корҳои васлу насби қисмҳои таҳкурсии турбинаи гидроагрегати № 4, ки аз соли 2019 оғоз гардидааст, соли 2020 идома ёфт ва айни ҳол низ давом дорад.
Соли 2020 дар кратери агрегати № 4 васлу насби камераи спиралӣ бо вазни умумии 200 тн. ба анҷом расид. Дар камераи спиралии гидроагрегати № 4 ва қисми аввали лӯлаи обрасон озмоиши гидравликӣ таҳти фишори 15 кг/см2 гузаронда, рӯйпӯши металлии шахтаи турбина ба болои камераи спиралӣ гузошта шуд.
Қабат ба қабат хобондану шибба намудани маводи сарбанд дар призмаи такядевори поёнӣ то сатҳи 1031м ва сарбанди навбати аввал то сатҳи 1080м, соли 2020 дар ҳаҷми 6,8 миллион м3 ва дар маҷмӯъ, дар ҳаҷми 13,5 миллион м3 иҷро гардидааст.
Иншоотҳое, ки барои ба истифода додани агрегатҳои навбатӣ пешбинӣ шудаанд, таҳти назорати доимӣ қарор дошта, бо мақсади сари вақт ҳал намудани проблемаҳои бамиёномада тадбирҳо андешида мешаванд ва масъалаҳои мавриди назар дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҳаллу фасл мегарданд. Аз ҳисоби Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон, раёсатҳои марбутаи фармоишгар, назорати муаллифӣ ва экспедитсияи ҷустуҷӯӣ-геологии 3 бо ҳамин мақсад комиссияи доимоамалкунанда мунтазам фаъолият мебарад.
Шуъбаи назорати геотехникии озмоишгоҳи марказӣ назорати сифати коркард, инчунин, захира намудани маводи сарбандро ба уҳда дорад. Дар соли 2020 барои сохтмони иншооти неругоҳи «Роғун» ба истиснои ширкати «Вибилд» дар ҳаҷми 208 118 м3 омехтаи бетон ва 441 712 м3 маводи инертӣ истеҳсол гардида, дар ин давра 8 адад қитъаи истеҳсоли регу сангреза (ҚИРС) фаъолият кардааст.
Моҳҳои январ – декабри соли 2020 ба сохтмон 177 911,9 тонна семент, аз ҷумла аз ҶСК «Тоҷик Семент» 118 115 тонна ва аз ҶДММ «Моҳир Семент» 59 796 тонна интиқол ва мавриди истифода қарор гирифтааст.
Соли 2020 дар сохтмон 11 631 нафар коргар ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият доштанд, ки 397 нафари онҳоро мутахассисони хориҷӣ ташкил дода, дар ду вахта ва бастҳои кории шабонарӯзӣ фаъолият кардаанд.
Дар давоми соли 2020 аз пойгоҳи «Элок» - и шаҳри Ваҳдат ба минтақаи сохтмон ба миқдори хеле зиёд масолеҳ ва таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили кабелҳо, шкафҳои қуввагии релегӣ, тарнсформаторҳо, зиёда аз 100 тонна маводи кимиёвӣ, 1000 тонна хокистари ангиштсанг интиқол ёфтаанд.
ҶСК НБО «Роғун» дар соли 2020 барои таъмини таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасони лоиҳа ҷиҳати баистифодадиҳии иқтидорҳои навбатии неругоҳи «Роғун» дар ташкил ва баргузории скайп - конфронсҳо оид ба харидории таҷҳизоти блоки гидроагрегатҳои 1-4 ва васлу насби онҳо сармоягузорӣ намудааст.
Дар мавриди мутобиқи лоиҳа харидорӣ ва васлу насб намудани чархҳои кории доимии гидроагрегатҳои № 5 ва № 6 маълумотномаҳо пешниҳод ва гуфтушунидҳо бо ширкати «Войт Ҳайдро» баргузор шудаанд.
Рӯзҳои 1-12 декабри соли 2020 дар Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии қисмҳои техникӣ миёни ширкати «VOITH Hydro» бо намояндагони ҶСК НБО «Роғун», вазоратҳову сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Соли 2020 оид ба мониторинги инструменталии иншооти НБО «Роғун» корҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуданд.
Дар қитъаҳои сохтмони НБО «Роғун» зиёда аз 2 331,49 метри тӯлонӣ корҳои назорати видеоӣ дар пармачоҳҳо гузаронда шуданд.
Корҳои васлу насби АСЧ дар иншооти НБО «Роғун» тибқи лоиҳаҳои ширкатҳои ҶС «Институт Гидропроект», ҶСП «Тоно Энержи Байналмилал», ҶСП муҳандисии «Сомониён» ва ҶСП «Тоҷикон» иҷро гардидаанд.
Аз оғози кор (соли 2010) то охири соли 2020 миқдори умумии АСЧ-и масофавӣ ба 3 603 адад расидааст: ширкати «Геокон» (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) – 2 666 адад, ширкати «НИИЭС» (Федератсияи Россия) - 937 адад.
Тибқи шартномаи пудратӣ соли 2020 дар иншооти НБО «Роғун» 69 корхонаи пудратӣ ва 24 корхонаи лоиҳакашӣ – ҷустуҷӯӣ корҳои лоиҳакашиву сохтмониро анҷом додаанд.
Дар соли 2020 барои пешбурди корҳои сохтмонии иншооти НБО «Роғун» ва пурра намудани фонди оинномавии ҶСК НБО «Роғун» аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 2 (ду) миллиарду 106 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Нақшаи тасҳеҳшуда бошад, ба ҳолати 31 декабри соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ мувофиқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои корҳои пешазшартномавии сохтмони НБО «Роғун» маблағи 3 162 239 916 (се миллиарду яксаду шасту ду миллиону дусаду сиву нуҳ ҳазору нуҳсаду шонздаҳ) сомониро ташкил додааст.
Соли 2020 аз ҳамаи суратҳисобҳои асъории ҷамъият барои пардохти корҳои иҷрогардидаи сохтмону васлгарӣ аз ҷониби корхонаҳои пудратӣ, ширкатҳои лоиҳакашӣ-тадқиқотии хориҷию ватанӣ, хариди таҷҳизот ва молу масолеҳи сохтмонӣ, инчунин, молтаҳвилкунандагон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ 3 162 099 029,78 сомонӣ ва аз ҳисоби евробондҳо 19 726 873 сомонӣ, дар маҷмӯъ, 3 181 825 902,78 сомонӣ сарф шудааст.
ҶСК НБО «Роғун» бо Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардондашудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбурд ва нигоҳдории феҳристи саҳмдорон санаи 25.09.2010 таҳти № 28 шартнома бастааст.
Бо қарори маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи НБО «Роғун» аз 30 июни соли 2020 сармояи оинномавии ҷамъият ба миқдори 38 000 000 (сию ҳашт миллион) саҳмияҳои одӣ бо арзиши номиналии ҳар як саҳмия баробар ба 100 (сад) сомонӣ ба маблағи 3 800 000 000 (се миллиарду ҳаштсад миллион) сомонӣ зиёд карда шуд.
Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардондашудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барориши нуҳуми сертификати саҳмияҳои ҶСК НБО «Роғун»-ро ба маблағи 3 800 000 000 (се миллиарду ҳаштсад миллион) сомонӣ 12 октябри соли 2020 бо рақами давлатии бақайдгирии саҳмия Tj010903345 амалӣ намуд.
Дар асоси маълумоти Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардондашудаи Вазорати молия ҳиссаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2006, таҳти № 590 ваколати нигоҳдории саҳмияҳои ҷамъиятро дорад, 30 760 260 600 сомонӣ – 97,5%, шахсони воқеию ҳуқуқӣ 799 739 400 сомонӣ - 2,5 % -ро ташкил медиҳад.
ҶСК НБО «Роғун» соли 2020 ба буҷет 14 210 650 сомонӣ маблағ пардохт намудааст, аз ҷумла:
- андоз аз даромади шахсони воқеӣ 5 055 325 сомонӣ;
- андози нафақавӣ (1%) 428 199 сомонӣ;
- андози иҷтимоӣ (25%) 8 727 126 сомонӣ.
Муҳтарам вакилон ва иштирокдорони маҷлис!
Муассисаи давлатии мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 январи соли 2009, № 47 «Дар бораи аз минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» кӯчондани аҳолии шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод», инчунин, қарорҳои Шӯрои нозирони ҶСК НБО «Роғун» якҷо бо сохторҳои ваколатдори давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ як қатор корҳоро бобати омода намудани минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии «Роғун», иҷро карда истодааст.
Мудирият дар марҳилаи якуми минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун», аз ноҳияи Нуробод ва шаҳри Роғун теъдоди 1645 нафар сардорони хоҷагӣ ва оилаҳоро дар ноҳияҳои Данғара, Нуробод, Рӯдакӣ, шаҳрҳои Турсунзода ва Роғун бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин намудааст.
Мудирият бо мақсади иҷрои банди 19 - и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастури супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» 14 октябри соли 2020 ҷиҳати кӯчондани аҳолии минтақаи зериобшаванда то сатҳи 1185 метр тадбирҳо андешида истодааст.
Бо қарори маҷлиси умумии саҳмдорони ҶСК НБО «Роғун» аз 30 июни соли 2020 аъзои Шӯрои нозирони ҶСК НБО «Роғун» дар ҳайати 13 нафар интихоб гардидаанд. Ба ҳайати Шӯрои нозирон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовини Сарвазир, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, адлия, энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, директори генералии ҶСК НБО «Роғун», раиси ҶСК «Агроинвестбонк», раиси Шӯрои директорони ҶСП «Комбинати шири Душанбе» ва директори генералии ҶДММ «Бозори Корвон» дохил шудаанд.
Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК НБО «Роғун» дар соли 2020 як маротиба баргузор гардида, 10 масъала баррасӣ ва 16 қарор қабул намудааст.
Шӯрои нозирон дар соли 2020 9 ҷаласа баргузор намуда, 106 масъаларо баррасӣ ва 220 қарор қабул кардааст.
Ситоди ҷумҳуриявӣ дар соли 2020 8 маротиба ҷаласа баргузор намуда, 30 масъаларо баррасӣ ва 240 қарор қабул намудааст.
Вобаста ба беҳтар намудани шароити меҳнат ва маишати коргарону кормандони муҳандисию техникии сохтмон, таъмини маводи ғизоӣ, сару либос, ҷойи хобу истироҳат, табобат, таъмини нақлиёт аҳамияти махсус дода, масъалаи мазкур зери назорат қарор дорад.
Дар мавзеи сохтмон 58 адад хобгоҳҳои хурду калон барои кормандон ташкил ва онҳо бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд.
Нуқтаҳои хӯроки умумии коргарӣ дар маҷмӯъ, 64 адад буда, коргаронро дар ду баст бо хӯроки чорвақтаи гарм таъмин менамоянд.
Хизматрасонии тиббӣ аз тарафи маркази саломатӣ, воқеъ дар майдончаи сохтмонии №1, ба роҳ монда шудааст, ҳамзамон, фаъолияти ду зербунгоҳи тиббии маркази саломатӣ дар иншоотҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ, инчунин, 15 адад нуқтаи тиббӣ дар назди корхонаҳои пудратӣ ташкил гардидаанд.
Бунёдгарони неругоҳи «Роғун» ба саҳмгузорон ва иштирокчиёни маҷлиси умумии саҳмдорон итминон медиҳанд, ки минбаъд низ азму размро дар ин майдони набард, саҳнаи нангу номуси Ватандориву меҳанпарастӣ қавитар хоҳанд кард ва равнақи тоза хоҳанд бахшид.
Саломат бошед!
Х. А. САФАРЗОДА, директори генералӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.05.2021 №: 98 Мутолиа карданд: 1419