иқтисод
ЛАХШ. ОФАТҲОИ ТАБИАТ 4 ПУЛРО БА ҲОЛАТИ САДАМАВӢ РАСОНДААНД
Дар ноҳияи Лахш бар асари офатҳои табиат чор пули мошингузар дар ҳолати садамавӣ қарор гирифта, ба таъмиру барқарорсозӣ эҳтиёҷ дорад. Баланд шудани маҷрои дарёи Сурхоб хатари шустани роҳҳои автомобилгарди байналмилалиро дар баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳия пеш овардааст. Аз ҷумла, пули мошингузари болои дарёи Сурхобу Муксу, воқеъ дар деҳаи Домбрачӣ, ки бо дарозии 110 метр, паҳноиаш 6 метр ва 40 тонна вазнбардорӣ соли 1988 бунёд шуда, тариқи он рафтуомад ба Ҷамоати деҳоти Сартало ва макони сайёҳони Фортамбеку Москвина сурат мегирад, ба таъмири ҷиддӣ ниёз дорад.
Дар шоҳроҳи байналмилалии Ваҳдат - Рашт - Лахш - сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон, воқеъ дар километри 256 ва 251 бошад, маҷрои оби дарёи Сурхоб аз меъёри муқаррарӣ баланд шуда, хатари шустани канори роҳ ва як қатор иншооти соҳили дарёро пеш овардааст. Дар ин маҳал ҳамасола бар асари офати табиат роҳу иншоот зарар мебинанд. Аз ҳама беш, пули мошингузари болои дарёи Сурхоб бо дарозии 120 метр ва паҳноии 5 метр, ки соли 1984 бунёд шудааст, таъмирталаб аст. Аллакай, канори чапи пул аз такягоҳи асосӣ ҷудо шуда, хатари фурӯравии он пеш омадааст. Тариқи он сокинони маҳаллаҳои Сугату Ҷилондии Ҷамоати деҳоти Сурхоб ба маркази ноҳия рафтуо мекунанд.
Бар асари баланд шудани маҷрои дарёи Питовкӯл пули мошингузари байни маркази ноҳия ба 14 деҳаи аҳолинишини Ҷамоати деҳоти Янгишаҳр, ки соли 1999 бунёд шудааст, дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтааст. Сутуни асосии тарафи чапи пули мазкур шикаста, такягоҳи асосии иншоот фурӯ рафта истодааст. Бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои садамавӣ ҳаракати нақлиёти калонҳаҷм соли дуюм аст, ки манъ гардидааст.
Дар роҳи мошингарди Ёрмазор - Каротог - Назармерган то гармчашмаи Тамдикӯл боришоти барфу борон боиси зиёд шудани об гардида, офати табиӣ 3 пули мошингузарро хароб кардааст. Ин ҳолат метавонад ба рафтуомади сайёҳону истироҳаткунандагон ба гармчашма монеа эҷод кунад.
Аз ин рӯ, масъулони роҳу нақлиётро зарур аст, ки баҳри пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ ва таъмиру барқарорсозии роҳҳои автомобилгард ва пулҳои мошингузари ноҳияи Лахш чораҳои таъхирнопазир андешанд. Дар акси ҳол бо зиёд шудани маҷрои оби дарёҳои Сурхобу Питовкӯл барои идораҳои марбута боз даҳҳо мушкили дигар эҷод мешавад.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.05.2021 №: 99 Мутолиа карданд: 1345