logo

сиёсат

САРҲАД. АХБОРИ БЕАСОС ФИТНА АСТ!

29 – 30 апрели соли равон, вақте ки вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз муташанниҷ гардид, шабакаҳои иҷтимоиро ҳар гуна ахбори беасос, сохтаву дурӯғ пур кард. Аксари он хабарҳо аз ҷониби “коршиносон” ва расонаҳои давлати ҳамсоякишвар буданд. Табиист, ки дар ин ҳол нигоҳ ба воқеият яктарафа сурат гирифта, баҳои холисонаву мунсифона дода намешавад. 
Албатта, дар ин сурат Тоҷикистон кишваре шиносонда шуд, ки гӯё аввал шуда оташ кушодаасту қасди ғасби заминҳои давлати ҳамсояро дорад. Ҳол он ки ҷониби Тоҷикистон то ба имрӯз, агарчанде ки қисмате аз заминҳояш ҳоло қирғизнишинанду дар салоҳияти давлати ҳамсоя, даъвои гирифтани онҳоро накардааст. Балки ҳамеша ба оини ҳамсоядорӣ, аҳлонаву тифоқ зиндагӣ кардан арҷ мегузорад. Ҳамин аст, ки мудом ва дар ҳама ҳолат тамкинро пеша карда, кӯшиш менамояд, ки ба ҳамсояаш, ҳарчанд ноҳақ ҳам бошад, осеб нарасад. 
Аммо, вақте ки бо вуҷуди ин ҳама нисбаташ беэҳтиромӣ сурат мегирад, бо вуҷуди гузашткарданҳои бешумор мардуми осоиштааш таҳти ҳамла қарор дода мешавад, ба ин ҳам иктифо накарда, боз шикоят мекунанд, ки Тоҷикистон нияти ғасби замину сарвати касеву ҷониберо дорад, бисёр аламовар аст. Барои он аламовар аст, ки ин корҳо дидаву дониста анҷом дода мешаванд. 
Зимнан, муноқишаи наздимарзӣ нишон дод, ки мардуми кишвари мо воҳиду  якдиланд. Онҳо, ҳарчанд дар андешаву мавқеъҳои шахсиашон гуногунанд, вале, вақте ки масъалаи миллӣ дар миён бошад, сарҷамъ мешаванду барои дифои хоки сарзамин омодагӣ изҳор мекунанд (албатта, ба истиснои чанд нафар бадхоҳи хиёнатпеша, ки берун аз қаламрави давлат қарор гирифта, мавқеашон хилофи мавқеи кишвар ва мардуми он аст, зеро барои онҳо Ватан қадру арзише ҳам надорад). Якдилии сокинонро дар изҳороти намояндагони манотиқи гуногуни кишвар шоҳид шудем. Вале, азбаски роҳбарияти олии давлати мо намунаи волои тамкину таҳаммулпазирианд, нагузоштанд, ки ягон неру ба муноқиша ҳамроҳ шавад (ба ҷуз сарҳадбонон, ки онҳо ҳам сипари мудофиа буданд, на ҳамлаварон), балки дарҳол изҳор намуданд, ки масъала бояд аз тариқи гуфтушунид ҳал гардад. Инчунин, дастур доданд, ки ҳарчи зудтар комиссияи байнидавлатӣ созмон дода шавад, то ҳалли дипломатии низоъ ба даст ояд. Хушбахтона, ин амр натиҷа дод ва нимаи дуюми рӯзи 30 апрели соли равон ҷонибҳо комиссия ташкил дода, ба муноқиша дар марз хотима гузоштанд. Акнун ба наздикӣ минтақаи марзӣ аломатгузорӣ хоҳад шуд, то дигар ихтилофу нофаҳмиҳо сар назананд.
Баръакси расонаҳои Қирғизистон, ки масъаларо ҳадафмандона якҷониба баҳо доданд, назари баъзе аз расонаҳои ғарбӣ хушҳолкунанда буд. Мухтасари ахбори бархе аз онҳо ин буд, ки Тоҷикистон давлати устувор аст. Ҳукуматаш бо роҳи оштӣ ва сулҳ пойдор шудааст. Роҳбарияташ тавонист, ки ба низои дохилӣ нуқта гузорад ва мардумро ба созандагӣ ва зиндагии осоишта ҷалб созад...
Албатта, Сарвари давлати мо дар ҳама ҳолат, вақте ки дар кишварҳои минтақа нооромӣ сар мезанад, зуд мавқеашонро муайян мекунанд: бояд масъала ба таври гуфтушунид ва якдигарбахшӣ ҳал карда шавад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон ва мардуми онро ҳамчун давлат ва халқи сулҳдӯсту амниятхоҳ мешиносанд. Бинобар ин, ҳеҷ имкон надорад, ки давлат ва халқе, ки чунин мавқеъ дошта бошад, ба ҳамсояаш дарафтад.
Хулосаи сухан ин ки он ҳама ҳангомасозиву бадномкориҳои “коршинос”-у “журналист”-ҳои давлати Қирғизистон “қадри гавҳарро кам намекунад”. Вале, бо вуҷуди ин, хомӯш наистода, воқеиятро нишон додану ба “дузди зӯр” сазовор ҷавоб гардондан, вазифаи ҳар кадоми мост.
 
Нигина РАҲМОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.05.2021    №: 99    Мутолиа карданд: 1005
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед