иқтисод
ҶАҲОНИ МУОСИР ВА ВАЗЪИ ЭКОЛОГИИ ОН
Дар асри XX ва оғози асри XXI вазъи экологӣ ва ҳифзи муҳити зист ба масъалаи муҳими ҳаёти инсонӣ табдил ёфтааст, зеро сол ба сол ифлосшавии муҳити зист, хусусан ифлосшавии ҳавои атмосфера ва оби нӯшокӣ, хеле зиёд ташвишовар гардид.
Даҳсолаҳои охир истеҳсолу истифодаи захираҳои табиӣ дар тамоми минтақаҳои дунё рӯ ба афзоиш ва сабаби асосии он зиёдшавии шумораи аҳолии сайёра ва тараққии босуръати техника мебошад. Дар натиҷа, истеъмоли захираҳои табиӣ афзуд, ки сабаби кам ё нест шудани баъзе аз боигариҳои табиат шуд. Инқилоби илмию техникӣ яке аз омилҳои пурқуввати инкишофи ҷамъият мебошад. Ҳоло таъсири инсон ба биосфера босуръат афзуда истодааст. Аз ин рӯ, дар сатҳи сайёраи Замин ягон нуқтаеро дарёфт намудан мумкин нест, ки ба он таъсири манфии фаъолияти инсон нарасида бошад. Одамон фаъолияти худро ҳоло ба он равона намудаанд, ки сараввал табиатро ба фоидаи худ тағйир диҳанд. Ҳамин тавр, миллионҳо гектар заминҳои бекорхобидаи хушку каммаҳсулро ба заминҳои сермаҳсули кишоварзӣ табдил дода, боғҳои сарсабз бунёд кардаанд.
Шароити ба амал омадан ва тараққӣ намудани ҳаёт дар сатҳи сайёра, атмосфера мебошад, ки атрофи онро муҳити газӣ иҳота намудааст. Қабати поёнии атмосфера (тропосфера) қариб 80%-и массаи онро ташкил менамояд. Баландии ин қабат гуногун мебошад, дар сатҳи уқёнус 8 - 10, дар хати истиво 18 - 20 км-ро ташкил медиҳад. Таркиби ҳавои хушке, ки дар болои замин ҷойгир аст, аз 78,8% нитроген, 20,95% оксиген, қисми каме-0,93% аргон ва 0,03% гази карбонат иборат аст.
Сабабҳои номуътадилии муҳити атмосфера гуногун буда, бештар ба фаъолияти худи одамон вобастагӣ дорад.
Яке аз сабабҳои асосии ифлосшавии атмосфера партовҳои нақлиёти автомобилӣ ва ҳавоӣ мебошад, ки дуди онҳо сарчашмаи афзудани гази карбонату оксиди нитроген ба ҳисоб мераванд.
Сабаби дигари зиёдшавии гази карбонат дар таркиби атмосфера сӯзондани сӯзишвориҳои зиёде мисли маҳсулоти нафтӣ, газҳои табиӣ, чӯбӣ ва сӯзишвориҳои маҳаллӣ мебошанд.
Дар таркиби атмосфера бухори обу гази карбонат мавҷуд мебошад ва мунтазам афзудани онҳо нурҳои инфрасурхи гармидеҳро қабул намуда, аз худ намегузаронанд, ки дар натиҷа фазои гулхонаиро ба вуҷуд меоваранд. Ин падида барои зиёд нигоҳдории гармӣ дар рӯи Замин ва баланд шудани ҳарорати атмосфера сабаб мешавад.
Дар натиҷаи фаъолияти инсон баробари истифодаи сӯзишвориҳои гуногун: (нафт, ангишт, газ, чӯб ва ғайра) оксиген низ месӯзад ва дар амал ҳаҷми гази карбонат дар таркиби атмосфера зиёд шуда, оксиген кам мешавад. Ин ҳодиса боиси он мегардад, ки ҳарорати рӯйи Заминро тезтар баланд намояд.
Мушоҳидаҳои зиёд нишон медиҳанд, ки соле дар таркиби атмосфера шумораи метан то 1%, гази карбонат то 0,4% ва закиси нитроген то 0,2% меафзоянд. Дар чунин сурат агар аз ҷониби ҷомеаи башар ягон чораи таъҷилие дида нашавад, он гоҳ тақрибан то нимаи садаи 21 ҳарорати сайёраи Замин ба 4,5- 5,00С баланд хоҳад шуд. Чунин баландшавии умумии ҳарорат дар сатҳи сайёраи Замин натиҷаҳои номатлуб оварда метавонад. Масалан, аз як тараф раванди ба амал омадани биёбонҳо тез мегардад, алалхусус ин ҳолат сараввал дар Африқо, баъдтар дар Амрикои Шимолӣ, Осиё ва дигар минтақаҳо сурат мегирад. Аз тарафи дигар, сатҳи уқёнусҳои сайёра аз ҳисоби пиряхҳои обшуда баланд мешавад, ки ин ҳодиса ба сатҳи хушкии сайёра хатари ҷиддӣ меорад.
Аз ин рӯ, агар дар садсолаи охир сатҳи оби уқёнусҳо 10-12 см баланд шуда бошад, пас то соли 2050-ум эҳтимол баландии сатҳи оби онҳо то ба 150 см имкон дорад.
Масъалаи дигари экологӣ вазъи оби нӯшокӣ мебошад. Беҳуда нест, ки обро манбаи ҳаёт мегӯянд. Қисми зиёди тамоми организмҳои зиндаро об ташкил медиҳад. Ҳаёти инсон ва тамоми намудҳои ҳайвоноту рустаниҳо бе об зиста наметавонанд. Тоҷикистони мо дорои захираи бойи оби тоза аст.
Дар ҳудуди ҷумҳурӣ дарёҳои бузург ба мисли: Вахш, Панҷ, Кофарниҳон, Сир, Зарафшон, Сурхоб ва ғайраҳо асрҳо инҷониб ҷараён доранд. Ин дарёҳо на танҳо заминҳои киштро шодоб мекарданд, балки барои сохтани НБО хеле мувофиқанд.
Вуҷуди инсон ва ҳаёти ӯро бе об тасаввур кардан аз имкон берун аст, зеро ки миқдори об дар вуҷуди кӯдак 70 – 75 фоиз, одамони миёнасол 60 – 65 фоиз, пиронсол 50 фоизро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки миқдори об дар ҳуҷайра, бофта ва узвҳои гуногуни инсон якхел нест. Дар бофтаҳои ҷигар, асаб, гурда, хун ва мушакҳо об зиёдтар буда, дар устухонҳо миқдори ками он вуҷуд дорад. Камшавии об дар организм ба шахшавии хун дар рагҳо сабаб мешавад. Аз ин рӯ, тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст. Об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рӯшноӣ ва манбаи шодиҳои олами ҳастӣ мебошад. Мутобиқи ҳисоботи пешакӣ, то соли 2030 зиёдшавии истифодабарии об дар Осиёи Марказӣ 15 - 20%-ро ташкил медиҳад. Агар боз камшавии ҷараёни дарёҳоро дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба ҳисоб гирем, вазъияти бавуҷудомада хатарбор мегардад.
Ҳоло зиёда аз 40%-и масоҳати заминҳои пахтакории минтақаи Осиёи Марказӣ аз меъёри муқарраршудаи иқтисодӣ хеле кам ҳосил медиҳанд. Аз ҷойҳои хушкшудаи баҳри Арал соле то 150 млн. тонна намакҳои гуногунро бод ба атрофи он паҳн мекунад, ки ин сабаби ба амал омадани бемориҳои гуногуни одамону ҳайвонот гаштааст.
Тадқиқоти оморӣ нишон додаанд, ки дар ҳар 3-5 сол дар ҳудуди мамлакати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ як намуд ҳайвони ширхӯр ва соле якчанд намуди рустаниҳои нодир ва дигар ҳайвонот нест мешаванд, ки ин вазъи ногувори экологӣ аз ифлосшавии муҳит сар задааст.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки соле ба оби уқёнусҳо якчанд миллиард тонна моеъҳои заҳрнок омехта мешаванд, ки сабаби асосии нест гардидани организмҳои дар об фаъолиятдошта гардидаанд.
Мушкилоти ифлосшавии муҳити зист ва ифлос кардани обҳо хусусияти умумибашарӣ доранд ва он бояд аз ҷониби омма, бо иштироки мустақими ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳал карда шавад.
Ташаббусҳои Сарвари хирадманди мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба об хеле муҳим ва саривақтианд.
Пешниҳоди Сарвари тоҷикони ҷаҳон оид ба эълон намудани соли 2003 ҳамчун «Соли оби тоза», солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013 ҳамчун «Соли байналмилалӣ ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва пешниҳоди нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028" аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ёфтанд.
Барои пешгирӣ намудани мушкилоти экологӣ ва масъалаҳои он, пеш аз ҳама, зарур аст, ки тарбияи маърифати экологиро дар мадди аввал тарбияи афзалиятнок шумурда, муносибати насли наврасро ба табиат ва захираҳои табиӣ тамоман дигар намоем. Вазъи мушкилоти экологӣ ҳамон вақт бартараф мешавад, ки ҳар фард дар ҷойи худ нисбат ба ҳифзи табиат муносибати ҷиддӣ дошта бошад, захираҳои табиатро оқилона ва бошуурона истифода барад, инчунин, онро эҳтиёт кунад. Зеро ҳар яки мо дар баробари табиат ва шароити зиндагӣ дар сайёраи Замин масъул ва ҷавобгар мебошем.
Субҳон УСМОНОВ,
устоди Донишкадаи давлатии
санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.05.2021 №: 99 Мутолиа карданд: 1247