logo

иҷтимоиёт

Р О Ғ У Н. ЧАШМАИ КУЛЛО КАЙ СОҲИБИ МАЙДОН МЕШАВАД?

Имрӯзҳо барои пешвози сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраку деҳоти кишвари азизамон эъмору навсозии толору майдончаҳои варзиш бомаром ҷараён доранд. Вале, мутаассифона, бояд тазаккур дод, ки дар деҳаи Чашмаи Куллои деҳоти Қади Оби шаҳри Роғун сохтмони майдони варзиш ба нақша гирифта нашудааст.
 
Мардуми деҳа аз набудани иншооти варзиш, аз қабили майдонҳои футбол, валейбол ва баскетбол танқисӣ мекашанд. Ҷавонони деҳа иброз доштанд, ки борҳо ба ҷамоат доир ба ин масъала муроҷиат карданд, вале он бе натиҷа монд.
Аз вазъи деҳот ва мушкилоти  ҷавонон бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Роғун огаҳ аст. Дар робита ба ин, Олимшоҳ Ҷамолзода, мудири бахш, дар суҳбат иброз дошт, ки дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳотҳо бояд майдончаҳо бунёд шаванд. Вале,  ба ҷашни миллӣ наздик ба панҷ моҳ мондаасту  вале дар ин ҷода то ба ҳол пешравие ба назар намерасад. Бо назардошти шароите, ки имрӯз дорем, бунёди майдончаи футбол кори чандон душвор нест. Таҷриба собит намудааст, ки айни замон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша таъмиру навсозии майдончаҳои варзиш ба ҳукми анъана даромадааст. Аммо, ҳанӯз ҳам аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ барои бунёди як майдонча иқдоме гирифта нашудааст. 
Ҷавонони деҳот мегӯянд, ки имрӯзҳо ба хотири бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол ба дигар деҳаҳои шаҳр мераванд, ки ин аз як тараф ноқулай аст, аз ҷониби дигар боиси норозигии ҷавонони деҳаҳои дигар мегардад. Аз ин рӯ, хоҳони онанд, ки мисли дигар деҳаҳо майдони футбол дошта бошанд. 
Боздиди мо аз ҷамоати мазкур нишон дод, ки ин мушкилот на дар як деҳа,  балки дар аксари деҳаҳои ин ҷамоат дида мешавад. Ба ин хотир, роҳбарияти ҷамоатро мебояд, ки ҷиҳати зудтар бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешанд. 
 
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.05.2021    №: 99    Мутолиа карданд: 962
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед