порлумон
НАҚЛИЁТИ ҶАМЪИЯТӢ. ИНФРАСОХТОРИ ТРОЛЛЕЙБУСҲО ДАР ПОЙТАХТ БОЗ ҲАМ БЕҲТАР МЕГАРДАД
19 май дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ» ба тасвиб расид.
Зимни қабули созишнома муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Гулмуродзода гуфт, ки маблағи умумии лоиҳа 8 миллион доллари ИМА, аз ҷумла 5,2 миллион маблағҳои қарзӣ ва 2,8 миллион маблағҳои грантӣ, мебошад. Инчунин, барои таҳияи асосноккунии иқтисодӣ ва техникии лоиҳа 900 ҳазор доллар ёрии техникӣ ҷудо шудааст.
Мақсади лоиҳа барқарор намудани инфрасохтори троллейбус дар шаҳри Душанбе мебошад. Дар доираи татбиқи лоиҳа анҷоми корҳои зерин пешбинӣ шудааст: таҷдиди чор зеристгоҳи ҳаракат (3,9 миллион доллар), барқарорсозии 30 километр кабелҳои фидерӣ (як миллион), барқароркунии 20 километр кабелҳои контактӣ (ду миллион), хариди таҷҳизот барои нигаҳдории троллейбусҳо (950 ҳазор), дастгирӣ дар татбиқи лоиҳа (300 ҳазор), хизматрасонӣ дар идоракунии муҳандисӣ ва барномаи рушди нақлиёти ҷамъиятӣ (600 ҳазор), инчунин, маблағҳои ғайричашмдошт 52 ҳазор доллар.
Зикр гардид, ки ба ҳолати 1 майи соли ҷорӣ аз ин маблағҳо 1 миллиону 38,4 ҳазор доллар барои хариди кабелҳои баландшиддати фидерӣ (34790 метр) ва ноқилҳои барқӣ (1300 метр) истифода шудааст.
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.05.2021 №: 99 Мутолиа карданд: 7802