logo

сиёсат

Изҳорот барои матбуот оид ба натиҷаҳои музокироти Тоҷикистон ва Қазоқистон дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар Тоҷикистон, 20 майи соли 2021, шаҳри Душанбе

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Нахуст дар ҳузури Шумо ташрифи меҳмони гиромӣ Ҷаноби Олӣ Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон бори дигар хайрамақдам мегӯям.  
Мо ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қазоқистон таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем.
Итминони комил дорам, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯзаи сатҳи олии ҷонибҳо, ки  чун анъана дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди комил сурат гирифтанд, ба таъмиқу тавсеаи робитаҳои шарикии стратегии  ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар мусоидати ҳамаҷониба хоҳанд кард. 
Хонумон ва ҷанобон!
Мо ба нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич Токаев ба Тоҷикистон аҳамияти калон медиҳем.
Музокироти имрӯзаро дар Душанбе мо ҳамчун идомаи мантиқии кӯшишҳои муштараки ҷонибҳо дар самти густариши ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар дар қолаби шарикии стратегӣ арзёбӣ мекунем.
Ба муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки ба асоси анъанаҳои устувори таърихӣ бунёд ёфтаанд, рӯҳияи дӯстии мустаҳкам ва эҳтироми мутақобила хос мебошанд.
Мо бо Қосим-Жомарт Кемелевич ҷараёни рушди устувори ҳамкориҳои  кишварҳоямонро дар ченаки сиёсӣ таъкид карда, ҷонибдории худро аз таҳкими минбаъдаи онҳо изҳор намудем.
Аҳамияти рушди робитаҳои байнипарлумонӣ тасдиқ карда шуд.
Бастаи нави санадҳои имрӯз қабулшуда заминаи муътабари ҳуқуқии ҳамкории дуҷонибаи моро пурра мекунад.
Кишварҳои мо дар шароити душвори пандемияи сирояти коронавируси нав фаъолона ҳамкорӣ мекарданд.
Мо аз Қазоқистон барои кумаки башардӯстонаи соли гузашта ҷиҳати мубориза бо ин уфунат миннатдорем.
Бо назардошти вазъияте, ки имрӯз  дар Афғонистон ба вуқӯъ пайвастааст, дар ҷараёни музокирот ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус додем.
Имрӯз ин барои мо ва шарикони мо дар минтақа масъалаи рақами аввал аст.
Дар ин замина, дар бораи мушкилоти Афғонистон ба таври муфассал мубодилаи афкор кардем.
Афғонистон таърихан бо кишварҳои мо умумияти зиёд дорад.
Мо инкишофи вазъиятро дар ин кишвари бароямон бародар бодиққат пайгирӣ мекунем.
Тамоюли эҳтимолии бад шудани вазъро дар робита ба хуруҷи қӯшунҳои  эътилоф таъкид кардем.
Ҷонибдориамонро аз идомаи ҳамоҳангии наздик байни хадамоти махсус ва идораҳои соҳавиамон изҳор кардем.
Инчунин, алоқамандии ҷонибҳо барои идомаи ҳамкорӣ дар қолабҳои  гуногун оид ба масъалаҳои мубориза бо таҳдидҳо ва чолишҳои глобалӣ тасдиқ карда шуд.
Дар ин замина, аҳамияти таҳкими ҳамкории мақомоти салоҳиятдори ду кишвар дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ қайд карда шуд.
Ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ яке аз ҷанбаҳои калидии муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошад.
Солҳои охир Қазоқистон дар байни шарикони асосии иқтисодии хориҷии Тоҷикистон ба таври мустаҳкам дар ҷои дувум қарор дорад.
Қазоқистон аз рӯи анъана яке аз таҳвилкунандаҳои асосии ғалла, орд, газ ва маҳсулоти нафтӣ ба бозори Тоҷикистон мебошад.
Гардиши мол байни кишварҳои мо соли гузашта, сарфи назар аз пандемия, қариб як миллиард долларро (910 миллион) ташкил намуд.
Дар баробари ин, ҳанӯз имконот ва захираҳои азим барои тавсеаи муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ ва ҳамкории сармоягузорӣ мавҷуданд.
Дар арафаи ташрифи Қосим-Жомарт Кемелевичи муҳтарам дар шаҳри Душанбе форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид.
Дар ҷараёни Форум як қатор қарордодҳои калон ва ёддоштҳои тафоҳум имзо шуданд, ки ба афзоиши муомилоти дуҷонибаи мол ва тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мазкур равона карда шудаанд.
Барои густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дар бахши агросаноатии иқтисоди Тоҷикистон, дар соҳаҳои энергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ, истихроҷи маъдан ва коркард, технологияҳо, инчунин, дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия имконоти калон мавҷуданд.
Ҷониби Тоҷикистон, инчунин, ояндадор будани таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва содироти минбаъдаи онро ба бозорҳои Қазоқистон ва кишварҳои сеюм зикр кард.
Дар ин замина, масъалаҳои таъсиси Марказҳои тақсимоти яклухт (МТЯ) дар минтақаҳои Тоҷикистон бо иштироки сармоягузории Қазоқистон дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон стратегияи рушди босуръати бахши саноатии иқтисоди кишвар татбиқ карда мешавад.
Дар робита ба ин, мо чунин мешуморем, ки тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамгироии саноатӣ ба равобити тиҷоратӣ ва иқтисодии ҷонибҳо такони нав хоҳад бахшид.
Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки  пешниҳодҳои ҷониби Қазоқистонро оид ба ташкили истеҳсолоти муштараки маҳсулот дар соҳаҳои гуногуни саноати Тоҷикистон, аз ҷумла маҳсулоти барои содирот нигаронидашуда баррасӣ кунад.
Ба масъалаҳои густариши робитаҳои фарҳангӣ ва башарӣ таваҷҷуҳи дахлдор зоҳир карда шуд.
Аҳамияти тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм ва маориф, фарҳанг ва санъат ҳамчун шарти муҳими нигоҳ доштани робитаҳои неки таърихӣ, ки  байни ду халқ ба вуҷуд омадаанд, таъкид карда шуд.
Дар масъалаи бар асоси мутақобила зиёд кардани шумораи квотаҳои таълимии ҳамасола пешниҳодшаванда мувофиқа ҳосил шуд.
Дар ҷараёни музокирот масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар миқёси минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин, мушкилоти обшавии пиряхҳо баррасӣ шуданд.
Кишвари мо бо ташаббуси эълон кардани соли ду ҳазору бисту панҷум (2025) - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, инчунин, ташкили Фонди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баромад кард.
Зарурати ҳамкории фаъол дар самти пешбурди ин ташаббусҳо қайд карда шуд.
Ҷониби Тоҷикистон ба натиҷаҳои сафари Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, ки ба муносибатҳои шарикии стратегӣ ва дӯстии Тоҷикистон ва Қазоқистон такони иловагӣ бахшид, баҳои баланд медиҳад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2021    №: 100    Мутолиа карданд: 960
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед