logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
МУНИРА САИДАҲМАДОВА, МАНИЖАХОНИ МАҚСУД ВА МУЪМИНҶОН ҶУМЪАЕВ – ҒОЛИБОНИ РУБРИКА
Рубрикаи  навбатии «ИНТЕЛЛЕКТ +» - и саҳифаи «Шоми шанбе»   ҷамъбаст гардид. Ҳамарӯза аз тамоми гӯшаву канори кишвар нафарони зиёде бо мо тамос гирифта, ҷавобҳои худро пешниҳод менамуданд. Тибқи хулосаи ҳакамон миёни ширкаткунандагон  МУНИРА САИДАҲМАДОВА, сокини шаҳри Ҳисор, МАНИЖАХОНИ МАҚСУД, сокини ноҳияи Айнӣ, барои пешниҳоди муаммову чайнвордҳо ва МУЪМИНҶОН ҶУМЪАЕВ, сокини шаҳри Истаравшан, ғолиби рубрика дониста шуданд.
 
БАХШИДА БА 80 – СОЛАГИИ ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН, УСТОД ЛОИҚ ШЕРАЛӢ
 
МУАММОИ «ШОИР»
1.Шеъри нахустини Лоиқ. 2. Силсилаи ашъори Лоиқ. 3. «*** тирам ба сар борад, туро ман дӯст медорам». 4. Жанри адабӣ, ки шоир бештар бо ин шакл эҷод кардааст. 5. Маҷмӯаи ашъори шоир, ки соли 1968 чоп шудааст. 6. «*** аз ман, ки бо ту меравад дунёи рангинам». 7. Шеъри Лоиқ. 8. Устоди Лоиқ Шералӣ. 9. Нашриёте, ки шоир тавассути он китоб чоп кардааст. 10. Шеър аз силсилаи «Модарнома»- и шоир. 11. Исми фарзанди шоир. 12. Шеъри машҳури Лоиқ. 13. «*** гӯянд Синоро гурӯҳе». 14. «Ба ***и нав расидам, зи баҳор шукр гӯям». 15. Маҷмӯаи ашъори шоир, ки соли 1984 чоп шудааст. 16. «***, пеш аз ту ҳам ашъори нофиз будааст». 17. Номи устоди Лоиқ. 18. Мукофоти байналмилалии шоир. 19. Шоири авар, ки Лоиқ ашъорашро тарҷума  кардааст. 20. Гӯянд агар гузашт *** зи ҷаҳон». 21. Шоири кабардаю балқар, ки Лоиқ «Бетховен»  ном шеъри ӯро тарҷума кардааст. 22.Маҷмӯаи ашъори Лоиқ. 23. Шеъри Лоиқ. 24. Шоири рус, ки шеърҳои ӯро Л. Шералӣ тарҷума кардааст.  25. Китоби шеърҳои шоир. 26. Рамзи миллӣ. 27. Истилоҳи илми адабиётшиносӣ. 28. «Бештар бар ***и Балх ҷойиз будааст». 29. Нашриёте, ки шоир дар он маҷмӯаи шеърҳояшро чоп кунондааст.30. Шеър аз силсилаи «Модарнома» - и Лоиқ. 31. Устоди Лоиқ. 32. «***, чӣ шабе, шаби гудоз аст имшаб». 33. Шеър аз силсилаи «Нуристони Норак». 34. «***и халқ», шеър. 35. Шоири рус, ки устод Лоиқ ашъори ӯро ба тоҷикӣ баргардондааст. 36. Яке аз мавзӯъҳои эҷодиёти Лоиқ. 37. Маҷмӯаи ашъори шоир, ки соли 1974 бо хати арабиасос нашр гардидааст. 38. Пайвандаки хилофии забони тоҷикӣ.
 
Мураттиб Мунира САИДАҲМАДОВА, сокини шаҳри Ҳисор
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
ҶАВОБ БА МУАММОИ «ШАШМАҚОМ» АЗ 14 МАЙИ СОЛИ 2021
1. «Шашмақом». 2. Мавригӣ. 3. Ибодов. 4. Валс. 5. Соқинома. 6. «Аржанг». 7. «Гулистон». 8. Накисо. 9. Офоқ. 10. «Қашқарча». 11. Алиҷон Солиев. 12. Виоленчел. 13. Левича. 14. Астаробод. 15. «Дувоздаҳмақом». 16. Мусиқӣ. 17. Исҳоқова. 18. Андалеб. 19. «Бебокча». 20. Асбоб. 21. Бобоқулов. 22. Вилоят. 23. Танбӯр. 24. Рақс. 25. Соҳибов. 26. Вомиқ. 27. Қоф. 28. Фа. 29. Ансамбл. 30. Лапар. 31. Рок.
 
 
МАНИЖА ДАР ФИНАЛИ ЕВРОВИДЕНИЕ
Манижа, гулдухтари тоҷиктабор, бо иҷрои суруди «Бонуи рус» («Russian Woman») ба даври ниҳоии Евровидение - 2021 роҳ ёфт. Ӯ дар ин ҷашнвора аз Россия намояндагӣ ва ҳайати доваронро тасхир кард.
Нахустин даҳгона, ки ба финал роҳ ёфтанд, намояндагони Норвегия, Исроил, Россия, Озарбойҷон, Малта, Литва, Кипр, Шветсия, Белгия ва Украинаро фаро мегирад.
Манижа на танҳо бо суруди баландмазмун, балки бо пироҳани махсус, ки дар он унсурҳои гулдӯзии тоҷикӣ истифода шудаанд, мухлисонро мафтун намуд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
ИФШОИ ЯК АСРОР
Ба назди роҳбари яке аз истеҳсолкунандагони хамираи дандоншӯӣ шахсе омаду гуфт: «Бе сарфи маблағ фоидаи ширкатро то 40 дарсад боло бурдан хоҳед, маро 100 ҳазор доллар диҳед ва асрори муваффақиятро дарёбед».
Садорати ширкат пардохти чунин маблағро, албатта, ки нахост, аммо баъди машварату чораҷӯиҳои мутахассисонаш ноилоҷ ба шарти соҳиби ғоя розӣ шуд.
Марди соҳибандеша дар коғазе навишт: «Сӯрохро васеъ намоед». Ин маънои онро дошт, ки миқдори хамираи дар чутка мерехта 40 дарсад афзуда, хамира зуд тамом мешуд.
Ҳамин тавр, ба ивази як маслиҳати 100 - ҳазордоллара фоида ба маротиб зиёд гашт ва имрӯз ин ширкат бо номи «COLGATE S»  шуҳрати ҷаҳонӣ дорад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
Гузашти айём ҳамаро сар ба сар кард.  Хосе Аркадио Буэндиа ва писараш, худашон пай набурданд, ки вай ба чӣ тавр ин ба вуқӯъ пайваст, онҳо аз нав дар озмоишгоҳ пайдо шуданд, ҷангро пок бардоштанд, дар кӯра оташ афрӯхтанд ва боз бодиққат ба моддае,  ки чанд моҳ инҷониб рӯи ахлотфарш бухор шуда мехобид, сарукор гирифтанд.
* * *
Санамо, лоларухо, сарвқадо, симбаро,
Ба нигоҳе накунӣ хотири мо шод чаро?
Бо ту, эй дидадаро, қасри дил аст омода,
Аз раҳи дида даро бар дилам, эй дидадаро.
 
ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»,  АЗ 14 МАЙИ СОЛИ 2021:
Сотим Улуғзода,  Ҳадиса
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Фаина Раневская нақл мекунад:
- Ба беморхонае, ки бояд ҷарроҳӣ мешудам, тани танҳо рафтам. Духтурон инро дида, ҳайрон аз ман пурсиданд:
- Мебахшед, дар ҳолати вазнин шуданатон, ба кӣ занг занем?
- Ба ҷарроҳи аз худатон боақлтар,- гуфтам ман.  
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
МУСИҚӢ ТАБОБАТИ САРАТОНРО МЕТЕЗОНАД
Оҳангҳои орому дилнишин метавонад саратонро табобат кунад. Инро олимони Донишгоҳи Дрексел (Филаделфия, ИМА) муайян карданд.
Маълум шуд, ки гӯш кардани композитсияҳои мусиқӣ вазъи равонии беморро беҳтар сохта, раванди сиҳатшавӣ ва барқароршавиро метезонад.
Дар тадқиқот тақрибан 3 ҳазор ихтиёрии гирифтори саратон ширкат варзид. Ҳангоми гӯш кардани мусиқии ором: классикӣ, ҷаз ва халқӣ фишори хуни беморон паст шуда, нафаскашӣ мӯътадил гардид ва ҳолаташон рӯ ба беҳбудӣ овард. 
Муаллифи тадқиқот Ҷок Брэдт қайд кард, ки олимон таъсири мусиқиро дар беҳтар кардани вазъи беморон ҳанӯз исбот накардаанд, аммо аллакай воридсозии терапияи мусиқӣ дар табобати беморони саратон ба беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ тавсия дода мешавад. 
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН
 
 
ДАР НООМАДИИ  КОР АТОЛА ДАНДОН ШИКАНАД
Як тоҷири гамбургӣ бо тайёра аз Амрико баргашт. Вақте ки ба таваққуфгоҳи фурудгоҳ ворид гашт, барояш ошкор гардид, ки мошинашро дуздидаанд. Вай мошинеро ба иҷора гирифту сӯи пулисхона равон шуд, то ки аз  дузд шикоят кунад. Вале дар роҳ тракторе ба мошини иҷора бархӯрд ва дар натиҷаи садама мошин ба оҳанпора табдил ёфт. Чун билохир ба хона расид, дуд аз димоғаш баромад: дуздон амволи манзилашро пурра ба яғмо бурда буданд. 
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
 
 
РАҚАМИ “1” ВА СИФРҲОИ “ДАҲАНВОЗ” 
КАДОМЕ МУҲИМ?
Боре як профессори донишгоҳи Олмон бо мақсади ба донишҷӯён омӯхтани дарси одамият, дар тахта рақами “1” - ро навишт ва ба донишҷӯён нигариста, шарҳ дод: 
“Ин одамияти шумост. Сифати муҳимтарин дар зиндагӣ”,  пас, дар паҳлуи “1” ӯ “0” навишта гуфт: "Ва ин дастоварди шумост, ки одамияти шуморо 10 маротиба зиёд кард".
“0” - и дигар илова намудаву афзуд: “Ин таҷрибаест, ки шахсият бо он ба "100" расид. Ҳамин тавр, “0”-ҳо бари “0” мепайвандаду эҳтиёт, муҳаббат, муваффақият ҳосил мешавад.
Профессор рақами “1” - ро ногаҳон хат зад. Дар тахта сифрҳои “даҳанвоз” боқӣ мондаанд. Дар ин ҳолат хулоса кард: "Агар шумо одамият надошта бошед, дигар ҳама беарзиш хоҳад шуд!"
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
МИНОИ МУҲТАШАМТАРИН
Минои Искандария. Бузургтарин манораи Аҳди  Қадим, яке аз ҳафт муъҷизаи олам аст. Искандари Мақдунӣ баъди фатҳи Миср солҳои 332 – 331 то милод ба бунёди шаҳри Искандария шурӯъ намуд ва  дар ҷазираи  Форс  бунёди  азимтарин  истеҳкоми ҳарбӣ – баҳрӣ,  яъне Бурҷи Искандарияро мақсад гузошт. Нақшаи ӯро баъди маргаш сарлашкар Птолемей Лаг амалӣ мекунад. Ӯ бунёди манораро ба уҳдаи меъмори бузург Сострати Книд мегузорад. Билохира, бо фармоиши Птолемей Лаг дар ҷазираи Форс  баландтарину  бошукӯҳтарин минои олам чун муъҷизаи нотакрори рамзи давлатдории  мақдуниён қомат меафрозад.  
Дар чор паҳлуи қабати аввали мино равзанаҳои баробари қади одам гузошта буданд, ки  баробари рӯшноидиҳӣ чун тиркашҳои мудофиавии баҳрӣ хидмат мекарданд. Дар даромадгоҳи он рӯ ба шаҳри Искандария соати бузурги офтобӣ  фосилаи вақтро муайян менамуд. Ҳоло ҳам  Минои Искандария истеҳкоми ҳарбии Миср ва  қароргоҳи киштиҳову сафинаҳои ҷангӣ  мебошад.  
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
 
 
ТАҲҚИҚОТИ АРЗИШМАНД
Олимони амрикоӣ усули нави ба сӯзишвории реактивӣ мубаддал намудани пластика ва полиэтиленро дарёфтанд.
Раванди нав аз лиҳози энергетикӣ нисбат ба усулҳои мавҷуда самаровар мебошад ва ҳосилнамоии сӯзишворӣ тақрибан як соатро дар бар мегирад.
Ҷиҳати таҷзияи полиэтилен олимони Донишгоҳи Вашингтон ва Лабораторияи миллии шимолу ғарбии уқёнуси Ором дар таҳқиқоти хеш ба сифати катализатор металли рутинийи гузарандаро бо маҳлули умумии истеъмолшавандаи гексан мавриди истифода қарор доданд.
Ҷараён хеле самаровар сурат гирифт ва 90 фоизи пластикаро ба сӯзишвории моеъ ва маводҳои техникии молиданӣ табдил дод. Бо ин усул спектри васеи маҳсулотро тавлид кардан мумкин аст.
Маводҳои пластикии алҳол муҳитро ифлоскунанда яке аз буҳрони ҷиддии экологӣ дар дунё маҳсуб мегарданд. Бинобар ин, таҳқиқгарон дар тамоми олам стратегияи инноватсиониро барои партовҳои маҳсулоти пластикӣ коркард ва ё онҳоро ба маводҳои бештар биологӣ мубаддал менамоянд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
ДАСТОВАРДИ НАВИ  ЯК БОНУИ ТОҶИК
Директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Гулчеҳра Қоҳирова барандаи ҷоизаи солонаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» гардид. Дар ин бора  Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ (МФГС)  иттилоъ дод. 
Гулчеҳра Қоҳирова дар соҳаи омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ фаъолият мекунад. Асарҳои вай ба доираи васеи астрофизикҳои тамоми ҷаҳон маълуманд. Соли 2015 яке аз сайёраҳои хурди системаи офтобӣ ба номи ӯ гузошта шуд. Ҳуҷҷати дахлдор дар Ассотсиатсияи ҷаҳонии астрофизикҳо, ки марказаш дар Париж аст, ба имзо расид. 
Маблағи ҷоиза ба 2 миллион рубли русӣ баробар мебошад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
Дар даромадгоҳи тарабхонае дарбон кулоҳи  Наполеонро бо эҳтиром гирифта, дар мехи аз ҳама баланд меовезад, то каси дигар пӯшида наравад. Вақти аз зиёфат баромадан, дӯсташ Мюрат мебинад, ки император дар гирифтани кулоҳ душворӣ мекашад, аниқтараш чун қаду қоматаш паст буд, ҳарчанд мехоҳад, онро аз баландӣ гирифта наметавонад. Дӯсти ширамаст мегӯяд:
-Олиҷаноб, иҷозат диҳед ёрӣ расонам, чун ман аз шумо як сару гардан баландам.
 Император аз ин «лутф»-и дӯсташ якбора дар ғазаб шуда, бонг мезанад:
-Аблаҳ, аввал ин ки ту аз ман баланд не, балки дарозӣ, дувум ин ки бо як зарби шамшер метавонам ин хатои модарзодиро ислоҳ кунам.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
АСРОРИ НАВОРИ РАНГА
Аввалин акси ранга 160 сол қабл, соли 1861 ба намоиш гузошта шуд, - менависад «Парламентская газета».
Физики нидерландӣ Ҷеймс Максвелл ҳангоми лексияи  худ дар коллеҷи шоҳонаи Лондон аввалин сурати рангаро пешниҳод кард. Онро Максвелл ҳамроҳ бо аксбардор Томас Саттон дарёфт намуд. Таҳқиқгарон се нусхаи навори рангаи эмулсияпӯшидаро ба болои шиша гузошта, онҳоро аз тариқи филтрҳои сабз, сурх, кабуд нусхабардорӣ ва  сипас, тасвирҳоро болои ҳам монда, акси рангаро пайдо карданд. 
Нахустин сурати сиёҳу   сафед соли 1926 тавассути камераи даврзананда тибқи технологияи гелиографии ихтироъкори фаронсавӣ Нисефор Нйенс ба даст омад ва он «Намуд аз тиреза дар Ле Гра» ном дошт.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
КУМАКПУЛӢ $ 190 000
Соли 2015 аксҳои як паноҳандаи суриягӣ, ки бо як даст духтарашро дар оғӯш гирифтаву бо дасти дигараш ручка мефурӯхт, ба қавле интернетро ларзонд. Акс то ҳадде диққатовар буд, ки як сарватманд аз Исландия ба номи ин паноҳанда ҳисоби бонкӣ кушод ва мардум аз саросари ҷаҳон ба ӯ кумак карданд. Аз маблағи умумии ҷамъшуда, ки 190 ҳазор долларро ташкил медод, ин паноҳанда як нонвойхона ва ду ошхона кушода, 16 паноҳҷӯи ҳамқисматашро бо кор таъмин намуд.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА 
 
 
ОЁ МЕДОНЕД?
Алифбои Гавайӣ 13 ҳарф дорад.
***
Асал ягона ширинист, ки ҳеҷ гоҳ вайрон намешавад.
***
Нависандаи маъруфи англис Барбара Картленд дар давоми як сол 23 роман навишт ва ин дастовард дар Китоби рекордҳои Гиннес сабт шуд. Номбурда  600 асар офаридааст.
***
Ғайр аз Китоби сурх, ки олимон аз соли 1958 ба он намудҳои ҳайвонот ва набототи нодирро ворид мекунанд, Китоби сиёҳ низ мавҷуд аст. Ба он номгӯи ҳайвонот ва рустаниҳое ворид шудаанд, ки кайҳо дар рӯи замин вуҷуд надоранд. Олимон бар ин назаранд, ки сабаби нестшавии онҳо ба фаъолияти зиёнкоронаи инсон вобаста мебошад.
***
Андорра ягона кишварест, ки дар он почта ройгон аст. То соли 1927 дар Андорра почта вуҷуд надошт ва барои истифода аз хизмати он ба наздиктарин почтаи Испания ва Фаронса рафтан лозим меомад.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
 
 
70 МАРКА ҶАРИМА БАРОИ ЯК КИЛОМЕТР
Ронандае аз Элзас вақте дар бораи ҷарима шуданаш дар ҳаҷми 70 марка огоҳнома гирифт, дар ҳайрат монд. Охир ӯ дар шоҳроҳи байни Форбах ва Метсем бо суръати ҳамагӣ 79 километр дар як соат мошин ронда буд. Ноилоҷ барои шарҳи воқеа ба пулис муроҷиат кард. Дар он ҷо ба вай гуфтанд: «Шумо беҳад оҳиста мошин рондаед. Дар роҳҳои нақлиётии Франсия ҳадди ақалли ҳаракат дар як соат 80 километр муқаррар шудааст». Ҳамин тавр ронандаи «эҳтиёткор» барои риоя накардани суръати ҳаракат дар роҳ 70 марка ҷарима пардохт.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2021    №: 100    Мутолиа карданд: 1355
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед