logo

сиёсат

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ҶАВОНОНИ КИШВАР

21 май дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку дар Рӯзи ҷавонон бо намояндагони ҷавонони мамлакат мулоқоти самимию созанда анҷом доданд.
Нахуст Сарвари давлат ҳамаи ҷавонони саодатманди кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола 23 май дар саросари мамлакат ба таври шоиста ҷашн гирифта мешавад, табрику таҳният гуфтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи таъсиси ҷашни Рӯзи ҷавонон, сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии рӯзафзуни онҳо чун такягоҳи боэътимоди давлат, андеша ронда, ҳадафи мулоқотро таҳлили вазъи соҳа, ҳидояти насли оянда дар роҳи созандагию ободонӣ ва илму касбомӯзӣ маънидод намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ба фаъолият оғоз намудани Ҳукумати қонунӣ кор бо ҷавонон аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат эълон шуд, зеро таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад.
Зимни таҳлили дастовардҳои соҳа давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, роҳандозии тадбирҳои амалӣ вобаста ба тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа, таъмини иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар ниҳоди ҳар як намояндаи насли имрӯза давра ба давра иқдомоти мушаххасро амалӣ намуд.
“Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем”, - таъкид доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар баромади худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба амалисозии чораҳои мушаххаси роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар, аз ҷумла ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории сиёсати давлатии ҷавонон, қабули даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ, ҳаллу фасли маҷмӯи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии бевосита ба ҷавонон дахлдошта, тадбирҳои баланд бардоштани шавқу завқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, пеш аз ҳама, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, кашфиёту навоварӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо ва ҳавасманд гардондани ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат бо роҳи таъсиси стипендия ва ҷоизаҳои гуногун, таъсиси квотаҳо барои таҳсили ҷавонони лаёқатманд дар дохил ва хориҷи мамлакат, андешаҳои ҷолиб баён намуданд.
Ҳамчунин, дар доираи сиёсати давлатии дастгирии ҷавонон барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои ҷавонон ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар соли 2015 дар назди Президенти Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шуд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, дар бораи дастовардҳои ҷавонони кишвар дар соҳаи илму маориф ва варзиш, андеша ронда, дар назди Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва падару модарон барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки тавассути ворид кардани технологияҳои пешрафта ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ҳарчи бештар бо шуғл таъмин кардани ҷавонон, бахусус дар деҳот тадбирҳои иловагӣ андешида, ҳар моҳ ярмаркаи ҷойҳои холии кориро баргузор намоянд.
Тавре ки дар Паёми Президенти мамлакат зикр гардид, ғамхории пайваста дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии онҳо яке аз муҳимтарин вазифаҳо ба ҳисоб меравад. Таъминоти иҷтимоии ҷавонон, аз ҷумла дастгирии ятимони кулл ва аз оилаҳои камбизоат, ҷавонони имконияташон маҳдуд ва бекор самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муқаррар гардидааст, чунки ин гурӯҳи осебпазир, пеш аз ҳама, ба дастгирии давлат ниёз дорад.
Дар  охир  Сарвари  давлат иброз доштанд, ки мо ба шумо ҷавонон - неруи бузурги созандаи кишвар эътимод мекунем ва бовар дорем, ки аз уҳдаи ин рисолати бузурги таърихӣ ва иҷрои вазифаи фарзандии хеш бо сарбаландӣ мебароед.
Баъд аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ ҷавонони кишвар - Фахриддинзода Фирдавс - муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Насриддинзода Раъно - гирандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2020, Ҷамолзода Беҳрӯз - омӯзгор, Мӯсоҷонзода Ҷамила - омӯзгор, Хушқадам Хусравов - чемпиони ҷаҳон оид ба самбо, ду карат чемпиони Ҷоми ҷаҳон, Пирмаҳмадзода Рӯҳангез - донишҷӯ, Носирзода Гулшанбону - донишҷӯ, Парвиз Қосимзода - роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳадияи меҳр” - и вилояти Суғд, Нозимбек Нозимбеков - омӯзгори ҷавон аз ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Аюбзода Шоҳхусрав - роҳбари маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта”, Ниёзӣ Сироҷиддин - омӯзгор, Гулмирзозода Идибек - муҳандис-геологи НБО “Роғун”, Неъматуллои Холиқ - афсари калони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исмонзода Ёсуман -  узви Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” ва Филина Олга - донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ баромад карда, ба Пешвои миллат ва Роҳбари ҷавонпарвар барои ҳамаи дастгириҳо ва талошҳо баҳри таъмини шароити созгори зиндагӣ ва илмомӯзӣ изҳори сипос карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.05.2021    №: 101    Мутолиа карданд: 856
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед