logo

иҷтимоиёт

КӮЛОБ. "ҶУМҲУРИЯТ" БА КУМАКИ ЗАРАРДИДАГОН РАФТ

Ҳодисаҳои ахире, ки тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистонро ба ташвиш овард, шурӯъ аз муноқишаҳои байнисарҳадӣ то офатҳои табиат, бори дигар  собит намуд, ки мардуми шарафманди тоҷик дар ҳама ҳолат паҳлуи Сарвари хеш ва ҷонибдори сарҷамъиву суботу амният мебошанд.
Борони бошиддату жола, ки 11 майи соли ҷорӣ ба вуқӯъ омад, боиси баланд шудани сатҳи оби сою дарёҳо дар як қатор маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла Хати роҳ, Чармгарони Поён, Даминзода, Куҳнашаҳр, Тамошотеппа, Нонвойи Поён, «20-солагии Истиқлолият», Содиқов ва Ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб гардида, боиси хисороти моливу ҷонӣ шуд.
Селе, ки маҳаллаҳои зеринро хароб гардонд, зарараш кам нест. Вале, бо вуҷуди ин, бошандагони минтақа дар такя ба Ҳукумати ҷумҳуриву Сарвари  ғамхорашон пайи бартарафсозӣ ва барқарорнамоии манзилҳои хеш мебошанд. Имрӯзҳо ба хотири дубора обод намудани хонаҳои истиқомативу биноҳои харобгардида, шурӯъ аз Роҳбари давлат то идораву кумитаҳо, ҳамчунин, соҳибкорону фарзандони бонангу номуси миллат кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар партави сиёсат ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллат ҳайати 30 нафараи кормандони идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» 20 май барои расондани ёрии моддиву маънавӣ ба зарардидагони офати табиат, ба маҳаллаи Даминзодаи шаҳри Кӯлоб омад. Ҳадаф аз он, шиносоӣ бо вазъи бавуҷудомада ва ташкили ҳашари дастаҷамъона буд.
Боиси тазаккур аст, ки баробари расидан мардуми маҳаллаҳои осебдида гурӯҳ - гурӯҳ ба наздамон меомаданд. Онҳо аз он рӯзи даҳшатбор мегуфтанду шукрона аз кумакҳои саривақтии Сарвари давлат мекарданд. Дарвоқеъ, дидани биноҳои офатзада ва чашмони пурашки ин мардум касро бетараф намегузорад.  
- Соат тақрибан 14 - и нисфирӯзӣ буд. Ҳаво якбора тағйир ёфта, борони сахт борид. Байни 15-20 дақиқа хонаҳоро об зер кард. Дар он ҳолат мо намедонистем, кӣ ва ё чиро наҷот диҳем. Мардон кӯдаконро сари китф бардошта, ба болои бом мебаромаданду занону духтаронро кашолакунон думболи хеш мебурданд. Пеши чашмонамон тамоми ашёҳои хона, ҳайвоноти хонагӣ зери лою об монд. Бомҳои оғилу мурғхонаҳо бо сабаби лойдевор буданашон ба шиддати об, тоб наоварда, фурӯ мерафтанд, - бо ҳасрат иброз дошт сокини маҳаллаи Даминзода Мунира Сафаралиева.
Баростӣ, пас аз шунидани суханони мардуми ҷабрдида ва дидани хонаҳои харобу валангор ва пур аз обу лой бори дигар собит гардид, ки ин офати табиат дар як лаҳза тавонистааст чандин маҳалро хароб гардонад. Ҳатто аксари бошандагони ин маҳаллаҳо бо сабаби бемор шудани кӯдаконашон ва надоштани ҷойи хоб манзилҳои хешро муваққатан тарк намудаанд. 
Бобои Раҷабхони 90 – сола чунин офатҳоро борҳо дидааст. Бинобар ин, ба ҳеҷ куҷо нарафт. Ӯ бо дидани кормандони рӯзнома, ки дар ҳавлии эшон бабартарафсозии оқибатҳои сел машғул буданд, дасти дуо мебардошту шукрона аз ободиву осудагии кишвар намуда, ба Пешвои миллат миннатдориашро иброз медошт.
- Селе, ки соли 2011 дар шаҳри Кӯлоб омада буд, то ба ҳол касе он рӯзҳои даҳшатборро фаромӯш накардааст, - гуфт бобои Раҷабхон. - Ҳамон сол мо дар маҳаллаи Чармгарон зиндагӣ мекардем ва хонаамон бар асари он хароб гардид. Бинобар ин, Ҳукумати кишвар моро ба ин маҳалла кӯчонд. Сел чандин маротиба ба ин маҳалла низ омада буд, вале то ин андоза харобиовар набуд. Мардум аз ин ҳолат хеле бепарво шуда, даруни каналро пур аз партов намуданд. Дар натиҷа ин дафъа пеши маҷрои об гирифта шуда, боиси ба хонаҳо даромадани он гардид. Сел дар баробари вайрон кардани хонаҳои зиёди истиқоматӣ, инчунин, се пули мошингузари маҳаллаҳои гирду атрофро ба пуррагӣ аз байн бурд. Маҳз ҳамин беаҳамиятӣ ва бемасъулиятии бархе аз нафарон буд, ки ҳолати ногувор сар зад. 
Аз оқибатҳои фоҷиабори офати табиат ва муҳтоҷ гардидани мардуми маҳаллӣ, ҳамчунин, аз шабакаҳои иҷтимоӣ метавон хабардор шуд. Ғайр аз ин, ҳамарӯза тавассути ВАО шоҳиди он мегардем, ки ёриҳои саривақтии Ҳукумати мамлакат ва дигар шаҳру ноҳияҳо ба зарардидагони шаҳри Кӯлоб расонда мешаванд. Ҳангоми бозгашт аз шаҳри Кӯлоб мо аз Ситоди таъҷилии ҷумҳуривӣ оид ба рафъи оқибаҳои фалокати табиӣ, ки дар шаҳр шабонарӯзӣ кор мекунад, дидан кардем. Маълум гардид, тамоми ёриҳое, ки барои осебдидагон пешбинӣ шудаанд, бонавбат ба зарардидагон расонда мешаванд. Ҳоло корҳои бартарафсозии оқибати фалокат дар чанде  аз кӯчаҳои Кӯлоб сурат гирифтаанд. Дар он хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, вазоратҳои мудофиа ва корҳои дохилӣ иштирок намуда, техникаи махсус ҷалб шудааст. Бо мақсади риояи меъёрҳои беҳдоштӣ - эпидемиологӣ дар хонаҳои истиқоматӣ, ҳавлиҳо ва кӯчаҳо ҳар рӯз корҳои безараргардонӣ гузаронда шуда, бунгоҳи тиббӣ низ фаъол аст.   
 
Гулнисои САЪДОНШО, 
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият», Душанбе-Кӯлоб-Душанбе
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.2021    №: 102    Мутолиа карданд: 1279
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед