logo

фарҳанг

ЁВОН. МТМУ № 3 - ДОҒ ДАР МОҲТОБ

Фарши синфхонаҳо нам аст. Яқин ба ҳамин сабаб рутубати ҳавои он дилбеҳузур-кунанда мебошад. Ҳоло охири моҳи апрел аст ва ҳаво беш аз 20 дараҷа гарм. Акнун тасаввур кунед, ки фасли сармо ин синфхона ва хонандагони дохили он чи аҳвол дошта бошанд! Курсиҳо, ки тибқи талабот бояд пушти миз (парта) биистанд, охири синфхона бари ҳам қатор чида шудаанд ва кас бо як нигоҳ пай мебарад, хонандагон пушти мизи синфхона ҷой намегиранд, ин ҷо, яъне рӯйи курсии бе миз (аслан ин мизу курсиҳо фарсуда гаштаву кайҳо бояд иваз мешуданд) менишинанд. Воқеан, хонандагон ҳини дарс чӣ гуна менавишта бошанд? Чӣ? Рӯи зону? Аҷаб не чунин бошад. Аз ин манзара хулосаи дигаре наметавон бардошт. Аминам, ки синфхона солҳои охир пурра як тараф истад, сатҳӣ ҳам таъмир нагаштааст. Дар бораи фосилаи байни тахтаи синф ва хонандагон ҷойи гап ҳам нест. Ин манзараи яке аз синфхонаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3 дар деҳаи Қайнамаи Ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон мебошад. 
 
АЗ САФАРИ ХИЗМАТӢ БА НОҲИЯИ ЁВОН ТО ДИГАР ШУДАНИ НАҚШАИ КОРӢ
Мақсад аз сафари хизматӣ ба Ёвон аслан ошноӣ бо вазъи китобхонаҳои ноҳия буд. Аммо чун ронандаи таксӣ Шамсулло Раҳимов рӯзноманигор будани маро фаҳмид, хоҳиш намуд то  аз вазъи мактаби  деҳаашон - муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3, ки дар ҳолати ногувор қарор дорад, дидан ва барои рафъи мушкили ҷойдошта ба онҳо кумак расонам. Одатан мардуми деҳот замоне ба журналистон муроҷиат менамоянд, ки ба мушкилашон дар  ноҳия расидагӣ намекунанд. Чун мо- журналистон муроҷиати шаҳрвандонро нишони эътимод ба касби худ медонем (ҳарчанд дар бисёр маврид дар ҳалли мушкили шаҳрвандон дасти мо низ кӯтоҳӣ мекунад) хоҳиши ӯро рад карда натавонистам. Ба ҳамин хотир, нақшаи корро тағйир дода, мақсад гузоштам, нахуст аз мактаби мазкур дидан намоям. Аз кормандони шуъбаи маорифи ноҳия маро Шарифалӣ Алиев ҳамроҳӣ кард. Алиев раҳораҳ аз ман  хавотиромез мепурсид, ки чаро маҳз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3 – ро дидан мехоҳам. - Магар ягон кас шикоят кард? -  пурсид ӯ аз ман. Ин ва дигар суолҳои пайдарпайи ҳамсуҳбатам аз таги коса нимкоса будани масъала гувоҳӣ медод. Ҳамин тавр, мошини сабукрав моро дар як он ба муассисаи таълимии № 3 - и деҳаи Қайнама расонд. 
- Ана бинед, мактаб як мактаби хушрӯ, дарвозааш зарҳалин, боз мардум чи мехоҳанд ман ҳайрон, - фориғболона, балки бо истеҳзо гуфт Шарифалӣ Алиев дар саҳни дабистон. Аммо ман, ки аз намои дохилу беруни ин муассисаи таълимии фарсуда, ки кайҳо ба муассисаи нави замонавӣ бояд иваз мешуд, дар ҳайрат уфтода будам, аз тамасхури корманди шуъбаи маориф шигифтзада шудам. Агар ана ҳамин фориғболӣ, камҳавсалагӣ ва беэътинои шумо - кормандони шуъбаи маориф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон намебуд, муассиса кайҳо соҳиби бинои нав мегашт. Аммо ҷойе, ки аз таассуроти бадаш гиряи кас меояд, шумо тамасхур мекунед. 
 
ЯК АСР БА ҚАФО
Баробари ворид шудан аз дарвозаи мактаб кас гумон мекунад як аср ба қафо уфтодааст. Фарши синфхонаҳо гилин аст. Як қисми бинои он дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Ҳарчанд Шарифалӣ Алиев ин ҳақиқатро низ пинҳон намудан мехост,  мушоҳидаҳои мо дурӯғи ӯро фош намуданд. Магар Офтобро бо домон пӯшонда мешавад? Саҳни муассисаи таълимӣ аз сабзкорӣ орист, дар рафҳои китобхонаи он ба ҷуз аз китобҳои дарсӣ ҳамагӣ чанд китоби бадеӣ мавҷуд асту халос. Мавриди синфхонаи компютерӣ, лабораторияҳои озмоишӣ ҷои гап ҳам нест. Бале, хонандагони ин деҳа дар ҳамин гуна шароит таълим мегиранд ва маҳз ҳамин вазъият волидонро ба ташвиш овардааст, зеро медонанд, ки замона дигар асту талабот дигар. 
Холмурод Зокиров, директори муассисаи мазкур, зимни суҳбат бо мо гуфт, ки  мактаб соли 1972 сохта шуда, аз 14 синфхона иборат мебошад. Ҳоло дар  он 604 хонанда дар 2 баст таҳсил дорад. «Ҳолати муассиса, воқеан, хуб нест, аммо мо - устодон аз тамоми имкониятҳо истифода мебарем (зиҳи устоде, ки дар чунин шароит ба таълими шогирдон мекӯшад) то хонандагон аз таҳсил дур намонанд. Барои рафъи мушкил бо мадади мардуми деҳа маблағ ҷамъ намуда дар ҳо ана он қисми замини мактаб 14 синфхона сохтем. Аммо маблағ кифоя накард ва кор  то охир анҷом наёфт», - иброз дошт Холмурод Зокиров.
Ҳоло саволи матраҳ ин аст, ки магар метавон дар бинои фарсудаи бе шароити одӣ, дониши замонавӣ гирифт?
 
АЗ АМАЛИ ХИЛОФИ ҚОНУНИ  МУДИРИ ШУЪБАИ МАОРИФИ  НОҲИЯ ТО ПИНҲОН КАРДАНИ ҲАҚИҚАТ
Суҳбати мо бо  директор дар саҳни муассиса идома дошт, ки нохост Исломиддин Нарсов, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, ба мактаб расида омад. 
- Ҳар чи пурсидан хоҳед, аз ман пурсед, муаллима, - гуфт баъди салом додан мудири шуъбаи маориф. 
- Аллакай, бо директор суҳбат карда, маълумоти бароям заруриро гирифтам. Фақат чанд акс мегираму халос, - гуфтам. Аммо мудири маориф комилан ба ин зид баромад, ки ин амалаш хилофи қонун мебошад. Агар шумо - ҷаноби Нарсов огоҳ нестед, пас бидонед, ки дар кишвари мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» амал менамояд, ки тибқи моддаи 28 – и он журналист ҳуқуқ дорад дар баробари ҷустуҷӯ, дастрас, таҳрир ва интишор намудани ахбор, ҳама гуна далелро, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои техникии аудиовизуалӣ, асбобҳои кино ва аксбардор сабт намояд. 
Акс низ як навъ далел ва ҳам иттилоъ аст, мутмаинам, ки шумо инро хуб сарфаҳм меравед ва маҳз ба ҳамин хотир, садди акс бардоштани журналист шудед, то ҳақиқати ҳолро пинҳон намоед. Ин амали хилофи қонуни шумо - муҳтарам Нарсов бори дигар собит намуд, ки кормандони шуъбаи маориф дар бораи муассисаи таълимии № 3 ҳақиқати ҳолро (хусусан, дар бораи он, ки як қисми бино дар ҳолати садамавӣ қарор дорад) на танҳо то ҳол ба «боло» нагуфтаанд, балки дар баробари ин, пайи ислоҳи камбудиҳо қадами қатъӣ нагузоштаанд. Агар  чунин намебуд, мардуми деҳаи Қайнама имрӯз на бо хавотирӣ, балки бо дили пур фарзандони хешро ба мактаб мефиристоданд, ба мактаби наву замонавӣ. Аммо…
 
ЁВОН МАРДОНИ ЗИЁДИ БОНАНГУ НОМУС ДОРАД, ФАҚАТ…
Маориф дар кишвари мо аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор меравад ва ба касе пӯшида нест, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири бартараф намудани мушкилоти соҳа ва мутобиқи давр роҳандозӣ намудани  таълим то имрӯз чораҳои зиёде андешидаву пиёда сохтааст. Басо хушоянд аст, ки ин иқдоми созандаро мардони бонангу номус дар навоҳии кишвар дастгирӣ ва пайравӣ менамоянд. Бо ташаббуси чунин мардони маорифпарвар то имрӯз даҳҳо муассисаҳои наву замонавии муҷаҳҳаз бо аёниятҳои нави таълимӣ мактабҳои фарсударо иваз намуданд. Ман бовар дорам, ки дар ноҳияи Ёвон низ мардони баору номус кам нестанд ва ҳам мутмаинам, ки онҳо ҳанӯз аз мушкили муассисаи таълимии № 3 («ба шарофати кормандони шуъбаи маориф») огоҳии комил надоранд. Дар акси ҳол нангашон иҷозат намедод, ки хонандагони маҳаллашон дар мактабе таҳсил кунанд, ки   ба бинои як аср қафо шабоҳат дошта бошад.
 
Фарзона  ФАЙЗАЛӢ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.2021    №: 102    Мутолиа карданд: 1541
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед