иқтисод
РОҲ БА СӮИ СИФАТ БЕОХИР АСТ
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», шурӯъ аз соли 2014 дар Тоҷикистон 25 май ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология таҷлил мешавад. Ин омил то кадом андоза муҳим будани соҳаи стандартониро барои иқтисоди ҷумҳурӣ баён менамояд.
Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо (“Тоҷикстандарт”) яке аз ниҳодҳои калидии кишвар, мақомоти назоратӣ ва нозири риояи меъёрҳои стандартии молу маводи дар дохил истеҳсолшаванда ва аз хориҷи кишвар воридшаванда, воситаҳои ченаки ягона, ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва ҳифзи беҳдошти рӯзгори омма мебошад. Агентӣ низоми стандартикунонӣ, метрологӣ, сертификатсиякунонӣ ва ба танзим даровардани қоида ва меъёрҳои савдоро дар бозори истеъмолии мамлакат ҳамчун воситаи баланд бардоштани сифати молу маҳсулот дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагидории кишвар амалӣ мегардонад. Амалӣ гардидани чунин иқдомҳо барои тавсеаи рушди истеҳсолоти ватанӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифатнокӣ ва рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ заминаҳои мусоид мегузорад, зеро роҳ ба сӯи сифат ва зебоӣ беохир аст.
Мавриди зикр аст, ки баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти агентӣ дар самтҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардид.
Имрӯз «Тоҷикстандарт” қудрат дорад, ки масъалаҳои ба тамоми самтҳои фаъолияти Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия вобастаро мустақилона ҳаллу фасл намояд. Он ҳамчун мақомоти миллии соҳаи стандартонии мамлакат ба шумор рафта, дар ташкилотҳои байналмилалии соҳаи стандартизатсия Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд. Айни замон Агентии “Тоҷикстандарт” аъзои чандин ташкилотҳои бонуфузи байналмилалии соҳавӣ маҳсуб меёбад, ки ин, албатта, боиси ифтихор аст.
Тавре Абдулваҳобзода Темурҷон, директори Агентии «Тоҷикстандарт», иброз дошт, дар давраи фаъолияти агентӣ заминаи моддӣ - техникии он хеле тақвият ёфт. Ин имкон фароҳам овард, ки талаботи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар соҳаи стандартонӣ, идораи сифат ва таъмини бехатарии маҳсулот, таъминоти метрологии истеҳсолот, корҳои озмоишӣ, сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасониҳо, аккредитатсияи хадамоти озмоишӣ ва метрологии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ пурра таъмин шавад. Рисолати асосии кормандони агентӣ ва мақомоти он дар минтақаҳо аз он иборат аст, ки талаботи қоидаҳои меъёрӣ дар кишвар таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирифта, ба танзим дароварда шаванд.
- Аз ин рӯ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат, роҳандозии хизматрасонии хуб ва рақобатпазир намудани маҳсулоти ватанӣ маҳаки асосии фаъолияти ҳайати кормандони агентӣ мебошад. Раванди пешрафти ҷамъият аз мо талаб менамояд, ки бо дили гарму масъулияти дучанд кору фаъолият намуда, дар татбиқи амалии вазифаву мақсадҳое, ки Ҳукумати кишвар пеши аҳли ҷомеа гузоштаанд, саҳми арзанда гузорем, - гуфт директори агентӣ.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.05.2021 №: 102 Мутолиа карданд: 1053