иқтисод
РАШТ. АВЛАВИЯТ БА ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛГАРОН
Ҳимояи бозори истеъмолӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сифати зиндагии мардум дар меҳвари сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати ҷумҳурӣ, ба вижа Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Вобаста ба ин, мақомоти дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба хотири ҳифзи сиҳатии мардум пайваста тадбирҳои судманд меандешанд.
Тавре Хайриддин Хоҷазода, мудири бахши рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт гуфт, дар доираи чунин тадбирҳо дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии қабулгоҳи ҷамъиятӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон фаъолият дорад.
Маркази ташхиси минтақавии Рашт (Агентии “Тоҷикстандарт”) 31 корхонаю муассисаи савдо ва нуқтаҳои хӯроки умумиро мавриди санҷиш қарор дода, бинобар беэътиноӣ зоҳир карданашон 72 роҳбари корхонаю муассисаи савдо ва нуқтаҳои хӯроки умумиро ба маблағи 13920 сомонӣ ҷарима намуд. Мутахассисони сертификатсияи хизматрасонӣ дар 31 нуқтаи савдо ва маркази хизматрасонии ноҳия санҷиш гузаронда, зиёда аз 680 маводро, ки ба талабот ҷавобгӯ набуд, аз муомилот бароварданд. Инчунин, марказ 95 мағозаю нуқтаи хӯроки умумӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасониро соҳиби шаҳодатнома гардонда, 21 соҳибкорро бо сертификати мутобиқат таъмин кард. Озмоишгоҳи ташхиси метрологии марказ 361 тарозуро аз санҷиш гузаронд.
Мутахассисони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия бошанд, дар ин самт 49 санҷиш гузаронда, 432 килограмм маҳсулоти муҳлати истифодааш гузаштаро аз муомилот гирифтанд.
Дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 67 соҳибкоре, ки дар самти ҳуқуқи истеъмолкунандагон саҳлангорӣ карданд, ба маблағи 8276 сомонӣ ҷарима таъйин намуданд.
Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳия низ, 16 иншооти фурӯши маҳсулоти таҳти назорати бойторӣ ва фиосанитарӣ қарордоштаро аз назорат гузаронда, оид ба бартараф намудани камбудиҳо ба роҳбарони нуқтаҳои савдо супоришҳои қатъӣ дод.
Тибқи нақшаи кории қабулгоҳи ҷамъиятии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҳисоби масъулин ва мутахассисони мақомоти дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ин ҳайат дар бозор ва нуқтаҳои хизматрасонӣ вобаста ба риояи қоидаҳои савдо ва хизматрасонӣ, танзими нархи маҳсулоти ниёзи мардум, пешгирии тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди назди бозорҳо ва таъмини ҳаракати мунтазами мошинҳо, роҳ надодан ба фурӯши маҳсулоти пастсифат, риояи сарулибоси махсус ва нишони сарисинагии фурӯшандаҳо санҷиш мегузаронанд.
- Ҳамин тариқ, таъмини иҷрои дастурҳои додашуда, ислоҳи камбудиҳо ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳамеша зери назорати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт қарор дорад, - гуфт Хайриддин Хоҷазода.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.05.2021 №: 102 Мутолиа карданд: 1089