logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНОН. МАВҚЕИ НАСЛИ ОЯНДАСОЗ ДАР СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти олии Тоҷикистон қарор дорад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар давраҳои аввали Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуданашон, мавқеи давлатро дар муносибат ба ҷавонон чунин муайян намуда буданд: «Роҳбарияти давлате, ки бештар аз ҳафтод фисади аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳанд, танҳо дар сурате соҳибнуфуз мешавад ва кораш пеш хоҳад рафт, ки, агар ин неруи бузургу солим аз сиёсати он пуштибонӣ кунад». Маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ҳанӯз 2 феврали соли 1993 вохӯрии роҳбарияти кишвар бо ҷавонон доир гашт ва минбаъд ин вохӯриҳо ба ҳукми анъана даромада, дар онҳо зимни суҳбатҳои рӯёрӯй бисёр камбудиву норасоиҳо ошкор ва баррасиву таҳлил мешуданд. 4 сентябри ҳамон сол Сарвари давлат дар ифтитоҳи чорабиниҳои ташкилнамудаи Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба муносибати дувумин солгарди Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла гуфтанд: "Ҳукумати феълии Тоҷикистон ба ақлу заковати ҷавонон боварии калон дорад ва ман аминам, ки ҷавонон қувваи азими пешбарандаи ҷамъиятанд».   
Моҳи марти соли 1994 бо иқдоми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон намояндагони ҷавонони фаъоли кулли минтақаҳои кишвар дар пойтахт ҷамъ омада, анҷумани таърихии худро  доир намуданд. Дар он Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, ҷавононро неруи пешбар ва созанда номида, дар назди онҳо вазифа гузоштанд, ки фаъолияти хешро ба пойдории сулҳу субот дар кишвар ва якдигарфаҳмию ваҳдат, ободу сарсабз намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол равона созанд. Дар ҷавоб ҳазорон нафар ҷавонон дар сафҳои сохторҳои қудративу низомӣ, ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ, муассисаҳои таълимиву истеҳсолӣ омодагии худро барои ҳифзи сохти конститутсионӣ, пешрафти кишвар изҳор доштанд. На танҳо изҳор доштанд, дар амал собит намуданд, ки онҳо қудрат доранд, то бисёр кору амалҳои шоёнро анҷом диҳанд. 
Ба маврид аст, як нуктаро махсус ёдовар шавем. Қатъи назар  аз вазъи сиёсии вақт, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон он солҳо тавонист, ки бо баргузории чорабиниҳои гуногун, ки на танҳо аҳамияти баланди фарҳангӣ, балки аҳамияти баланди сиёсӣ доштанд, ҷавононро сарҷамъу муттаҳид созад. Аз ҷумла, бо ибтикори Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон соли 1997 бо ширкати зиёда аз 300 нафар ҷавонони Суғду Хатлон, Бадахшону Душанбе, Раштонзамину Зарафшон Фестивали  ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони «Бароят сулҳ мехоҳам, Тоҷикистон» сурат гирифт.  Ин анъанаи муҳими сиёсӣ идома ёфта, соли 2000-ум намояндагони ҷавонони кишвар дар вилояти Бадахшон ҷамъ омада, фестивали «Баҳри сулҳ ва дӯстии ҷавонони Тоҷикистон» - ро доир намуданд. Ҳамин тавр, фестивалу дигар чорабиниҳое, ки солҳои 1993 – 2000-ум баргузор шуданд, барои якдиливу ҳамбастагии ҷавонони тамоми кишварамон нақши калон бозиданд. Ба шарофати ин чорабиниҳои ҷавонон насли наврас имкон пайдо намуд, ки аз рӯзгори ҳамдигар бештар огаҳӣ пайдо намояд ва ба ин васила ин тадбирҳо барои муттаҳидшавию якдилии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварданд. 
Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон як моҳ пеш аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ – 23 майи соли 1997 бо намояндагони ҷавонон боз мулоқот ороста, аз  таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда расонданд. Ин маънои дар ҳаёти ҷавонони кишвар боз гаштани саҳифаи наве буд. 
Баъди як сол, 16 майи соли 1998, вохӯрии навбатии Сарвари давлат доир гашт  ва ҳангоми он Пешвои муаззам мужда расонданд, ки минбаъд 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. 
Ҳамин тавр, Сарвари хирадманди тоҷикон аввалин пойдевори ҷомеаи ҳуқуқбунёди шаҳрвандиро бо неруи бузургу бунёдкори ҷавонон ибтидо бахшиданд. Ин бесабаб набуд. Президенти кишвар ба хубӣ эҳсос менамуданд, ки маҳз  ҷавонон метавонанд дар нигаҳдошти фарҳангу тамаддуни миллат ва ваҳдати сартосарӣ саҳми муносиб гузоранд. Ҳамин буд, ки ҳанӯз дар суханрониҳои аввалини худ Роҳбари давлат рӯ ба ҷавонон оварда, онҳоро пайваста ба ҳамбастагиву хештаншиносӣ даъват менамуданд: «Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро омӯзанд, аз равандҳои солиму носолими сиёсати имрӯза огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд». 
Дар маҷмӯъ, ҷавонон ва ҳалли масъалаҳои муҳими марбут ба ҳаёти онҳо пайваста дар меҳвари барномаҳои Роҳбари давлатамон қарор доранд.  Махсусан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  ҳар суханрониашон  ба самтҳои асосии марҳилаи имрӯзаи рушди давлатдорӣ ва нақшаҳои стратегӣ дахл намуда, рӯ овардан ба ҷавононро барои беҳбудии ҳаёти онҳо аз сиёсатҳои муҳими давлату Ҳукумат арзёбӣ менамоянд.
Аз ин лиҳоз, насли ҷавон бояд фаромӯш насозад, ҳар тадбире, ки дар мамлакат амалӣ мешавад, мақсади он, пеш аз ҳама, беҳбудии ҳаёти ҷавонон  ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст. Бо дарки амиқи ин рисолат, ҷавонони иззатманди кишвар бояд пайваста барои дар ҷомеа мавқеи арзандаро соҳиб гардидан кӯшиш намоянд ва ташаббусу неруи созандаи худро беш аз пеш ба манфиати рушди Тоҷикистони азизамон  равона созанд.  
 
Мавлон ШАРИФОВ, 
барандаи Ҷоизаи 
Кумитаи кор бо ҷавонони 
назди Ҳукумати Ҷумҳурии 
Тоҷикистон дар соҳаи рӯзноманигорӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2021    №: 103    Мутолиа карданд: 456
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед