logo

иқтисод

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ҲАДАФ - ИСТЕҲСОЛИ 300 ҲАЗОР ТОННА КАРТОШКА

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ, яъне 2 феврали соли 1996 бо Фармони Президенти мамлакат пас аз 40 сол ҳамчун воҳиди маъмурӣ аз нав ташкил ва эҳё шудааст. Ноҳия, асосан, кишоварзӣ буда, аҳолӣ ба картошкапарварию чорводорӣ ва боғдорӣ машғуланд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ Кӯҳистони Мастчоҳ бо картошкаи хушсифат машҳур аст. Истеҳсоли он аз 50 - 60 ҳазори солҳои қаблӣ феълан ба 100 ҳазор тонна мерасад. Аз лиҳози ҳосилнокӣ низ ноҳия дар миқёси мамлакат пешсаф буда, ин ҷо то 950-1000 сентнерӣ ҳосил гирифтан мумкин аст. Масъулон азм доранд, ки дар ояндаи наздик ин маҳсулот - нони дуввуми мардумро то ба 270-300 ҳазор тонна расонанд ва ба коркарди саноатии он низ роҳ кушоянд.
Самти дигари рушди иқтисодии ноҳияро метавон чорводорӣ арзёбӣ кард, зеро ин ҷо оилае нест, ки дар ҳавлии худ ду - се сар гӯсфанду ду - се гов надошта бошад. Ҳоло дар ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 128 ҳазор сар чорвои майда ва 16 ҳазор сар чорвои калони шохдор ба қайд гирифта шудааст. Ҷиҳати саноатикунонии соҳаи мазкур низ тадбирҳо роҳандозӣ шуда, интизор меравад, ки солҳои наздик дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия коргоҳҳои хурди коркарди маҳсулоти шириву гӯштӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Ноҳия дар ин ҷода омодааст бо кулли соҳибкорони ватанӣ ҳамкориро вусъат бахшад. 
Бино ба иттилои Хайрулло Бобозода, раиси ноҳия, ҳоло аввалин коргоҳ оид ба коркарди маҳсулоти ширӣ фаъолияти худро оғоз бахшидааст ва солҳои баъдӣ ин раванд равнақ пайдо хоҳад кард, зеро дурнамои ин соҳа маҳз дар Кӯҳистони Мастчоҳ мусаффотар ба назар мерасад. Обу ҳавои ноҳия барои парвариши ҳамаи намуди чорво мусоид мебошад. Тибқи Барноми рушди қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат қабул шудааст, дар давоми солҳои охир саршумори ин намуди чорво наздик ба 1000 сар расидааст ва чун соҳаи афзалиятноку манфиатовар ба иқтисодиёти ноҳия арзёбӣ мешавад.
Сокинони деҳоти ноҳия эътимод доранд, ки асали Кӯҳистони Мастчоҳ аълотарин дар ҷаҳон аст. Аз ҳамин ҷост, ки роҳбарияти ноҳия ба рушди соҳаи занбӯри асал таваҷҷуҳ зоҳир мекунад ва ин маҳсулот дар намоишгоҳҳои ноҳиявию вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва ҳатто байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд. Айни ҳол дар ноҳия занбӯри асал қариб ба 3 ҳазор оила расонда шуда, зиёда аз 40 тонна маҳсулот истеҳсол мешавад. Мутобиқ ба Барномаи ҷумҳуриявии рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ Кӯҳистони Мастчоҳ ба яке аз манбаъҳои асоси тавлиди асали тоза табдил ёфта, ба ин васила, садҳо нафар сокинон бо ҷои кор таъминанд.
Ба андешаи Барӯманд Ҳаётзода, мудири шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, боғдорӣ низ дурнамои хуберо дорост. Имрӯз  дар ноҳия 549 гектар боғи ҳосилдеҳи зардолуву себ мавҷуд буда, бо мусоид омадани боду ҳаво ҳосили фаровон рӯёнда мешавад. Дар ду соли охир дар ноҳия дар маҷмӯъ, 10 гектар боғи интенсивӣ бунёд шудааст.  
- Сарфи назар аз ноҳияи кишоварзӣ будан, рушди саноати коркард ҳамеша дар мадди назари мост,- мегӯяд Хайрулло Бобозода, - аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки он ҷое, ки кӯҳистон аст, албатта, канданиҳои фоиданок низ дорад. Дар ин ҷо Кӯҳистони Мастчоҳ низ истисно нест. Чандин даҳсолаҳост, ки аҳолии рустои ноҳия аз баракати ангишти мавзеи Ғузн баҳраманд буда, бо усули кушод истихроҷ доранду дар рӯзгор, дар фасли зимистон истифода мебаранд. Қариб ду сол мешавад, ки ҶДММ “Қудрат-2010” истихроҷи саноатии онро ба роҳ мондааст ва бовар ҳаст, ки дар сурати аз 15 кони мавҷудаи ангишт ҳатто дар ду ададаш дар марҳилаи аввал самар бурдан ҳам дар таъсиси ҷои кор ва ғанӣ гаштани буҷети ноҳия манфиат хоҳем дид. Сониян, дар Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия барои солҳои то 2025, ки тасдиқу қабул шудааст, 144 лоиҳа дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия бо сарчашмаҳои маблағгузорӣ муайян шудаанд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки он соҳаи саноату энергетика мебошад.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, ки  ҳанӯз аз давраҳои қадим мардуми деҳот аз рӯдхонаи Зарафшон хуб баҳрабардорӣ карда, тилло ҳосил мекарданд. Соли 2011 дар ҷараёни мулоқот соҳибкорони ноҳия аз Пешвои миллат дархост карда буданд, ки эҳёи ин пешаи аҷдодӣ аз манфиати хуби молиявӣ бархӯрдор асту иҷозати расмӣ тақозои давр мебошад. Баъди иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2020 мардуми ноҳия дар ба теъдоди 300-400 нафар бо гирифтани иҷозатнома аз ҳисоби реги соҳили Зарафшон регшӯӣ карда, тилло мегиран ва дар нуқтаҳои махсуси таъсисдодаи Вазорати молия ҳар як грамми он ба маблағи 450 сомонӣ супорида, соҳиби маблағ мешаванд.
Ҳоло дар ноҳия боз як лоиҳа дар доираи “Барқи сабз”, ки солҳои охир дар миқёси ҷаҳон паҳн гаштааст, амалӣ мешавад. Ин ҳам бошад, бунёди неругоҳҳои хурди барқи обӣ дар деҳот. Кӯҳистони Мастчоҳ дар ин ҷода низ захираҳои хуберо дорост. Айни ҳол бунёди 7 чунин неругоҳҳои хурд дар ноҳия тарҳрезӣ шуда, бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ 2 адади он дар деҳаи Палдорак ва Пакшиф сохта мешавад. Ҳамзамон, ҷиҳати барқарорсозии неругоҳҳои аз кор баромадаву фарсудашуда бунёди корхонаи махсус дар назар аст, ки ин ҳам таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Мардуми ноҳия ба фардои шукуфои диёри худ эътимоди комил дошта, ҳар рӯз ҷиҳати расидан ба чунин ормону орзуҳои худ баҳри зиндагии осудаву ободи рӯзгори хеш талош меварзанд.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2021    №: 103    Мутолиа карданд: 1013
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед