logo

иқтисод

ОМӮЗИШИ ГЕОЛОГӢ. ҲАМОҲАНГӢ БА ХОТИРИ ПЕШРАФТ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи истихроҷ ва коркарди маъдан диққати махсус зоҳир намуда, супориш доданд, ки барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ, аз ҷумла корҳои омӯзиши геологӣ, вусъат бахшида шаванд. Зеро дар ҷумҳурӣ аз миқдори зиёди конҳо ва кашфи зуҳурот, ки дорои беш аз 60 навъи ашёи хоми маъданиву ғайримаъданӣ мебошанд, ҳамагӣ 27 дарсад истихроҷ ва коркард мешавад, ки ин нишондиҳанда ҳанӯз қонеъкунанда нест.
 
ДУ БАРНОМАИ МУКАММАЛ ВА НОРАСОИИ МАБЛАҒ
Ҷустуҷӯ ва омӯзиши геологӣ асоси пешбурди истихроҷ ва коркарди маъдан ба ҳисоб меравад. Маҳз бо истифода аз натиҷаҳои омӯзиш фоизнокии маъдан, яъне миқдори металл дар маъдан муайян мегардад. Ин аст, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва кори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар ба ҷустуҷӯ, омӯзиш ва иктишофи геологӣ равона шуда, соли гузашта саридора омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ва Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016-2026 амалӣ намуд ва корҳои омӯзиширо аз рӯи 22 лоиҳа ба маблағи 7 миллион сомонӣ ба анҷом расонд. Вале, чунин миқдор иҷроиш, ба андешаи мутахассисон, дар шароити пешрафти техника ва технологияи муосир бо назардошти нақшаи мукаммали ду барнома ва лоиҳаҳо бисёр кам арзёбӣ мешавад. Онҳо сабаби асосиро ба норасоии маблағи барои рушди соҳа ҷудогардида рабт доданд.  
Тавре Ғолибҷон Шерализода, роҳбари Экспедитсияи иктишофии геологии «Моғиён», иброз дошт, бинобар нокифоя будани маблағ, махсусан соли 2020, аз таъсири пандемияи коронавирус экспедитсия дар иҷрои нақшаи корҳои ҷустуҷӯи геологӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил нагардид. Бо вуҷуди камбудиҳо, кормандони экспедитсия ба омӯзиш ва кашфи сарватҳои зеризаминӣ машғул шуда, корҳои аввали омӯзиш, яъне кандани хандақҳо, тоза кардани хандақҳои куҳна, гирифтани маҳакҳои ҷӯякӣ, барқарор намудани роҳи автомобилгард ва амсоли инҳо анҷом доданд.  
 
ОМӮЗИШ БО САРФАИ ВАҚТ ВА МАСРАФИ МАБЛАҒИ КАМ
Омӯзиши қаъри замин аз ҷониби экспедитсияҳои зертобеи Саридораи геология гузаронда мешавад, ки акнун фаъолияти худро беҳтар карда истодаанд. Инро дар мисоли ҶСК “Экспедитсияи геофизикӣ” гуфтан мумкин аст, чун дар муқоиса бо экспедитсияи “Моғиён” кори нисбатан сабук дошта, таҷҳизоти муосири он имкон медиҳад, ки масъалаҳои душвори дар соҳаи омӯзиши қаъри замин бамиёномада бо сарфаи вақт ва масрафи маблағҳои кам бартараф шаванд. 
Тибқи иттилои Мавҷуда Анварӣ, мудири бахши иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Саридораи геология, экспедитсияи мазкур имрӯз метавонад дар кӯтоҳтарин фурсат барои рушди соҳаҳои афзалиятноки кишвар, аз ҷумла сохтмони пулу неругоҳҳо, маълумоти дақиқ ва босифати геофизикӣ пешниҳод намояд. Кормандони экспедитсия мутобиқи шартнома бо ширкати “Темелсу Интернешнл Сервесез Инк” (Туркия) корҳои саҳроӣ - геофизикиро бо усули иктишофи электрикӣ дар минтақаҳои сохтмони пулҳо дар болои дарёҳои Ғунд ва Барсеми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба анҷом расонданд. Илова бар ин, дар минтақаҳои омӯзишӣ 5 хатсайри геофизикӣ бо дарозии то 310 метр омӯхта шуда, баъди иҷрои корҳои саҳроӣ маводи бадастомада дар шароити камералӣ бо истифода аз барномаҳои муосири компютерӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. 
Маҳдӣ Нарзуллоев, роҳбари "Экспедитсияи геофизикӣ" гуфт, ки соҳаи геофизика бисёр фарох аст. Инҷо, асосан, қабатҳои ҷинсҳои кӯҳӣ аз рӯи параметрҳои геофизикӣ, аз ҷумла муқовимати қабатҳои ҷинсҳои кӯҳӣ бо чуқриҳои ҷойгиршавиашон бисёрметра муайян мешаванд, ки барои устувор нигоҳ доштани ин ё он иншооти сохташаванда хеле муҳим мебошад. Маълумоти дастрасшуда ба муҳандисони соҳа имконият медиҳад, ки лоиҳаҳои сохтмониро дар сатҳи зарурӣ таҳия намоянд. Дар ояндаи наздик барои дастрас намудани маълумоти дақиқи геофизикӣ ҷиҳати сохтмони Неругоҳи барқи обии “Себзор” якҷо бо ҶДММ “Кашф”, дар баробари омӯзиши геологӣ корҳои геофизикӣ низ гузаронда мешаванд.
 
ҲАМОҲАНГӢ  БА ХОТИРИ ПЕШРАФТ
Маълумоти дастрасгардидаи геофи-зикӣ, махсусан барои соҳаи нақлиёт ҷиҳати таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои бунёди пулу роҳҳо аҳамияти калон дорад. Аммо, тавре аз Саридораи геология иттилоъ доданд, дар ин самт аз ҷониби Вазорати нақлиёт бо саридора ва зерсохторҳои он, аниқтараш экспедитсияҳо барои гузарондани корҳои омӯзишӣ, хусусан омӯзиши геофизикӣ, ҳамкорӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Тамоми лоиҳаҳои таҳиянамудаи вазорат бе мувофиқа бо хулосаи геофизикии геологҳо таҳия ва амалӣ мешаванд. 
Ҷониби вазорат дар ин хусус, иттилоъ доданд, ки дар раванди таҳия ва татбики лоиҳаҳои сохтмонӣ, албатта хулосаи геологҳо низ ба инобат гирифта мешавад, он ҳам хулосаи геолог – консултанти лоиҳа. - Дар сурати ба амал омадани мушкилӣ ва ё нофаҳмӣ дар раванди омӯзиши геофизикӣ ҳангоми таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо ба Саридораи геология бо назардошти ташкили комиссияи байниидоравӣ муроҷиат карда мешавад. 
Вале, бо вуҷуди дар Вазорати нақлиёт ба инобат гирифтани хулосаи геолог - консултанти хориҷии лоиҳаҳо, ба андешаи мутахассисон, ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои сохтмонӣ, ба инобат гирифтани хулосаи геофизикии геологҳои Саридораи геология ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти омӯзиш, ҷустуҷӯ ва иктишофи геологӣ ҳатмӣ ва зарур мебошад. Зеро аз ҳамкории ду сохтори давлатӣ, хусусан Вазорати нақлиёт барои вусъати корҳои омӯзиши геологии Саридораи геология имконият бештар мегардад. Чун айни замон иқтидори амалисозии лоиҳаҳои муҳим аз ҷониби вазорат баланд буда, аз ин ҳисоб фаъолияти саридора ва экспедитсияҳо низ ҷоннок мегардад. Махсусан, ҳоло ки ба Саридораи геология супориши истифода, азнавбарқароркунӣ ва ҳифзи захираҳо, ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани ҳисоби захираҳо, инчунин, пурзӯр намудани назорати равандҳои хатарноки геологӣ дода шудааст, дастгирии вазорат ва дигар сохторҳои дахлдор айни муддаҳост. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2021    №: 103    Мутолиа карданд: 1045
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед