иқтисод
ДАР СУРОҒИ “ТУХМИ ТИЛЛОӢ”
Чун одат дар арафаи Иди Рамазон нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла тухм, ба таври чашмрас боло рафт. Боз ҳам савдогарон аз усули маъмулӣ “бардоштанд, зам кун” бамаврид истифода карданд. Нархи як дона тухм якбора ба 1 сомонию 50 дирам расид. Гузашта аз ин рӯзе пеш аз ид он ноёфт шуд. Ҳатто, дар калонтарин бозори хӯроквории пойтахт - “Фаровон” як дона тухм пайдо накардам, маро ба тааҷҷуб гузошт. Саволе ба миён меояд, ки чаро нарх якбора боло рафт? Кӣ ба ин боис шуд? Ё ин ҷо омили дигарест?
БОЛОРАВИИ НАРХ “АМРИ ТАБИИСТ?”
Мувофиқи маълумоти КВД «Саноати парандапар-варии Тоҷикистон», дар ҳамаи шаклҳои хоҷаги-дории ҷумҳурӣ наздики 10,5 миллион сар паранда парвариш меёбад. Дар семоҳаи аввали соли равон қариб 230 миллион дона тухм истеҳсол шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 9,4 миллион дона ё 4,3 дарсад зиёд шудааст. Саршумори паранда низ дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллион афзуд. Дар ин муддат 27 корхонаи нави парандапарварӣ таъсис ёфта, шумораашон ба 187 расид, ки 83 ширкат ба истеҳсоли гӯшт машғул буда, 104-тои дигараш тухм мебарорад.
Машокир Назаров, директори КВД “Саноати парандапарварии Тоҷикистон”, сабаби асосии болоравии нархро ба гаронии арзиши хӯроки паранда дар кишварҳои истеҳсолкунанда рабт дод. Як сол қабл низ маҳз ҳамин омил “амри табиӣ”- и болоравии нарх унвон шуда буд.
ЧАРО КОРХОНАҲОИ ХӮРОКИ ПАРАНДА БУНЁД НАМЕЁБАНД?
Дар ҳамин ҳол, саволе пайдо мешавад, ки чаро ин мушкил солҳост нигаронкунанда боқӣ мемонад? Модоме, ки камчинии хӯроки паранда мушкили рақами 1 - и соҳа арзёбӣ мегардад, сабаб чист, ки бо пешниҳоди имтиёзҳо дар кишвар қариб 130 корхонаи нави парандапарварӣ таъсис ёфту соҳибкорон ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли хӯроки омехта иқдом намегиранд? Ба истиснои 2 - 3 корхонае, ки истеҳсолашон андак асту маҳсулоташон назар ба хориҷа 20 – 25 дарсад гарон.
Бо вуҷуди ҷорӣ гаштани имтиёзҳо, то ба ҳол соҳибкорон премиксҳо, ҷуворимакка, витамину аминокислотаҳо, кунҷораи офтобпарасту лӯбиё, гандуму ҷав ва дигар маҳсулотро аз хориҷи кишвар ворид карда, истеҳсоли хӯроки парандаро дар назди фабрикаҳояшон ба роҳ мемонанд, ки инро наметавон истеҳсоли пурра номид.
Зимнан, ба таъкиди коршиносон, истеҳсоли хӯроки паранда яке аз самтҳои сердаромади соҳа асту аз гӯшту тухм дида, манфиати бештар меорад. Зимнан, олимон номгӯи маводеро, ки дар ҷумҳурӣ мавҷуд асту барои истеҳсоли хӯрок истифодаашон манфиатовар, муайян кардаанд. Вале ин захираҳо ба таври бояду шояд ва дар баъзе маврид, умуман, истифода намегардад. Шояд ин бор масъулон сабабҳои инро шарҳ медиҳанду роҳҳои ҷалби соҳибкоронро ба ин соҳаи сердаромад – бунёди корхонаҳои коркарди хӯроки паранда бозгӯ менамоянд?
“БАРДОШТАНД, ЗАМ КУН!”
АЗ ДАСТИ ИСТЕҲСОЛГАР ТО ДАСТИ ХАРИДОР ЧАНД ДАСТ?
Гаронии нархи хӯроки паранда як тарафи масъала, аммо таҳлили вазъ чизи дигарро нишон медиҳад. Болоравии нарх дар ин шабу рӯз агару магари худро дорад, ки, пеш аз ҳама, “омилҳои инсонӣ” ин ҷо нақш мебозанд. Ба ибрози роҳбарони корхонаҳои парандапарварӣ, дар ин шабу рӯз нархро онҳо боло набардоштаанд. Аз ҷумла, ба таъкиди Хайрулло Давронов, роҳбари ҶДММ “Ихлос”-и ноҳияи Рӯдакӣ, тухмро корхона аз 90 дирам то 1 сомонию 5 дирам мефурӯшад ва тайи 3 моҳи охир нарх тағйир наёфтааст.ҶДММ “Ганҷи Ҳилол”-и ноҳияи Файзобод ҳам, тайи 8 моҳ аст, ки маҳсулоташро бо ҳамин арзиш пешкаши харидорон месозад. Ба гуфтаи масъулони корхона, дар ярмаркаҳо як дона тухмро то 80 – 95 дирам низ ба фурӯш гузоштаанд.
Дар ин ҳол тоҷирон мегӯянд, ки корхонаҳо аксаран маҳсулотро яклухт мефурӯшанду имкони харидани 10 - 20 қуттӣ тухмро аз онҳо надоранд. Бинобар ин, як дона тухмро аз мағозаҳои яклухтфурӯш 1 сомонию 25 – 30 дирам мехаранд. Тавре бармеояд, даст ба даст гаштани мол нархро гарон мекунад. Ин як паҳлуи масъала.
Дигар ин, ки бозору дуконҳои пойтахтро, асосан, яклухтфурӯшони бозори “Фаровон” бо тухм таъмин менамоянд. Барои рӯшанӣ андохтан ба иддаои тоҷирон, роҳи бозори мазкурро пеш гирифтем. Дар калонтарин бозори хӯроквории пойтахт, як дона тухм наёфта, ҳайратам афзуд. Дар растаи яклухтфурӯшон каму беш аз 40 анбор холӣ буд. Як - ду анбор дари кушода дошту дарҳои боқимонда баста. Ба ибрози онҳо, то бегоҳии рӯзи 11 апрел ҳамаи маҳсулотро фурӯхтаанд. Яке аз соҳибкорон гуфт, ки аз корхона донаи тухмро 1 сомонию 13 - 17 дирам мехарему то 1 сомонию 24 дирам мефурӯшем. Дар “Маркази савдои Мирзохӯҷа”-и маҳаллаи 32 тухми андозааш миёна 1 сомонию 40 дирам арзиш дошту ба гуфтаи савдогар онро аз анбор 1 сомонию 30 дирам харидаанд. Оне, ки тухмро 1 сомонию 50 дирам мефурӯшад, далел меорад, ки ҳамагӣ 10 дирам болои он зам кардааст.
Хонанда, аллакай, пайхас бурд: сухани истеҳсолгар бо яклухтфурӯш ва аз яклухтфурӯш бо донафурӯш рост намеояд. Пас, ин чанд дирамеро, ки миёни обу ҳаво мемонад ва дар умум маблағи кам нест, кӣ “обу лой мекунад?” Магар ин раванд аз назорати масъулони ниҳодҳои дахлдор берун мондааст?
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.05.2021 №: 103 Мутолиа карданд: 1229