logo

иҷтимоиёт

“АЗ ЗАМИН НОНРЕЗАҲОРО ЧИДА МЕМОЛАМ БА ЧАШМ”

Тоҷикистони азизи мо, ки бо кӯҳсору обҳои зулолаш машҳур аст, зодгоҳи шоиру нависандагони бузурге аст, ки мо аз онҳо ифтихор дорем. Ба шарофати истиқлолияту талошу   заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳнатҳои чунин шахсони бузург қадр мегардад. Аз ҷумла, хизматҳои софдилонаи Мирзо Турсунзода - шоири сулҳпарвар, шоире, ки хурду бузург меҳри ӯро дар дил доранду васфаш мекунанд, ба инобат гирифта, унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро сазовор донистанд, ки боиси ифтихори ҳар як фарди тоҷик мебошад.
Мирзо Турсунзода маҳбубтарин ва машҳуртарин шоири халқи тоҷик аст. Тоҷике нест, ки шеъри ӯро аз ёд надонад. Шеъру достонҳои шоир, ки хеле пурмазмун ва ҳаяҷонбахшанд, ақлу хиради баланди халқро ифода мекунанд. Аз ҳамин ҷост, ки сарояндагони ҷумҳурӣ шеърҳои ӯро месароянд. Бисёре аз шеърҳои шоир дар байни мардум вирди забон аст ва ба зарбулмасалу мақол, панду ҳикмат табдил ёфтаанд. Аз солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар карда, сатрҳои зерин вирди забонанд:
Ҳар кӣ ҷасур аст, Ватан ҷои ӯст,
Шаъну шараф ошиқи шайдои ӯст.
Ҳар кӣ далер аст, нагардад ғулом,
Зиндаю озод бимонад мудом.
Тоҷикон дар ҳаёти худ дар муносибатҳои ёру рафиқӣ, хусусан вақти ба меҳмонӣ хондани касе байти зерини устодро истифода менамоянд:
Хонаи мо он қадар ҳам дур нест,
Гарчи дар чашми шумо манзур нест.
Шеъри Мирзо Турсунзода ҳам ба хеш ва ҳам ба бегона маҳбубу матлуб, фаҳмою марғуб аст. Аз суханҳои муҳаққиқ Атахон Сайфуллоев бармеояд, ки дар яке аз деҳаҳои дурдасти шимоли Тоҷикистон - деҳаи Расровут, дар домани кӯҳ шоҳиди воқеае гардидааст. Чӯпонписаре дар даст китоби устод Мирзо Турсунзодаро дошту яке  аз шеърҳои онро бо овози форам баланд месароид. Дар се тарафи санги калоне бо як санги дигари нӯгтезе номи Мирзо Турсунзодаро се маротиба канда, дар поёнаш сатрҳои зеринро сабт карда буд:
Туро бинам, агар дар рӯ ба рӯям,
Намедонам, ки аз шодӣ, чӣ гӯям.
Дар рӯзҳои Даҳаи адабиёти тоҷик дар Қазоқистон, октябри соли 1969, қаннодони қазоқ нимтанаи Мирзо Турсунзодаро аз қанд рехта будаанд. Бешубҳа, ин рамзи муҳаббати ин халқ ба ашъори ширин ва рӯҳпарвари шоир мебошад. 
Нависандаи намоёни ӯзбек ва ходими барҷаста Шароф Рашидов шаҳодат медиҳад, ки байти зерини Мирзо Турсунзода, ки аз ашъори ҳиндустонии ӯст, дар девори бузургтарин қасри тамаддуни Ҳиндустон-Тоҷмаҳал бо хатҳои зарин ҳаккокӣ шудааст:
Халқ афрӯхт аз ҳунар машъал,
Номи онро гузошт Тоҷмаҳал.
Ин мисолҳо далели онанд, ки Мирзо Турсунзода на танҳо шоири бузурги тоҷик аст, балки яке аз шоирони барҷастаи халқҳои ҷаҳон мебошад. Эҷодиёти Мирзо Турсунзода зуҳуроти равшани ҳамбастагии ҷабҳаҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар адабиёт аст.
Ашъори  ӯ на танҳо  дили хонандагони ватаниро тасхир кардааст, балки дар дили тамоми меҳнаткашони ҷаҳон ошён дорад.
Файз Аҳмади Файз, шоири шаҳир ва муборизи роҳи озодии заҳматкашони Покистон, дар ёддошти худ менависад:
« Ёд дорам, боре Мирзо Турсунзода дар яке аз шаҳрҳои Покистон бо коргарону дукондорон бо забони форсӣ суҳбат менамуд ва онҳо ӯро мефаҳмиданд, чунки ӯ метавонист бо одамон бо чашми дил суҳбат кунад. Мирзо Турсунзода на фақат шоири бузурги халқи тоҷик, балки муътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик буд. Дар ҳама ҷо ӯро дӯст медоранд».
«Оқои Мирзо Турсунзода суханваре арҷманд аст, ки дар кишвари худ бисёр азиз ва муҳтарам аст ва назди мо низ чунин аст», - навиштааст доктор Парвиз Нотили Хонларӣ.
Назми Мирзо Турсунзода монанди уқоб баландпарвоз ва мисли кабӯтари сулҳ оламгир аст. Ашъори ӯ дар қуллаи дили инсонияти пешқадам ҷо гирифтааст. Худи шоир чунин фармуда:
Ошён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор,
Дар баландиҳои кӯҳи сарбаланди мо гузор.
Осмон дар гунбади сабзаш агар ҷоят диҳад,
Ошёни фикри дурандеш дар он ҷо гузор.
Мирзо Турсунзода ошёни худро дар дили мардуми тоҷик ва дигар миллатҳо гузоштааст ва аз ин баландиҳо ба дили садҳо хонандагон ва ёру дӯстон роҳ ёфтааст. Ашъори ӯ барои дӯст ҳамдами хирадманд, барои душман теғи ҷавҳардор аст, дӯстро менавозаду душманро мегудозад. Ба халқҳо роҳи бахту саодат меомӯзад. Халқ ашъори Мирзо Турсунзодаро дарёи назм меномад.
Дарёи назми шоир ҳамчун қувваи бузурги ҳаётбахш ба дашту водиҳои фарох расида ташнагонро шодоб, заминҳоро обод мекунад, ба хонандаҳои сершумор ҳамчун дурдонаҳои шеъри ҳақиқӣ завқу шавқ, шодию сурур мебахшад.
Дар ошхонаи мактаби мо ин байти шоири бузургу муътабар бо ҳарфҳои калон навишта шудааст:
Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм,
Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм.
Ҳар вақте ки хонандагон ба ошхона барои хӯрокхурӣ меоянд, ин байти шоир ба чашмашон намудор аст, то ба қадри нон бирасем. 
 
Дилхироҷи АБДУКАБИР,
хонандаи синфи 7, МТМУ №15 ноҳияи Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2021    №: 103    Мутолиа карданд: 494
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед