logo

номаҳо

АЗ “ҶУМҲУРИЯТ” МИННАТДОРАМ

 
Дуруд ба аҳли кормандони Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи “Ҷумҳурият”. Мехоҳам миннатдории  самимонаи худро ба Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири рӯзнома ва  кулли кормандони рӯзномаи дӯстдоштаам “Ҷумҳурият” барои озмунҳое, ки солҳои охир ба хотири гиромидошти фарзонафарзандони миллат роҳандозӣ менамоянд, расонам. 
 
Таъкид кардан мехоҳам, ки рӯзнома бо пиёда сохтани чунин озмунҳои  ватандӯстона ҳисси ифтихори миллиро дар дили мо - ҷавонон зиёд менамояд. Мо, насли наврас, ки аз ҳаёту корнамоиҳои беназири қаҳрамонони кишвар маълумоти кам дорем, тавассути чунин озмунҳо аз кору пайкор ва ҷоннисориҳои ин мардони сиёсату адабиёт огоҳии бештар пайдо мекунем.
 Ман, ки навраси замони истиқлол ҳастам, аз суханони  пурмуҳтаво ва роҳнамоиҳои Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша мардумро ба китобхониву илмомӯзӣ ҳидоят мекунанд, илҳом гирифта, пайваста китоб ва рӯзнома мутолиа менамоям. Ҳарчанд шуғли дӯстдоштаам рассомӣ мебошад, аз китобу рӯзномаҳо дур нестам. Падарам ба «Ҷумҳурият” обуна ҳастанд, рӯзномаро ҳамеша ба хона  меоранд ва ман ҳам онро мутолиа намуда,  баҳра мебарам. Ҳамин тавр, дар яке аз шумораҳои рӯзнома, ба эълони озмуни навбатӣ ба хотири гиромидошти 110 – умин солгарди Турсунзода, Қаҳрамони  Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, вохӯрдам.
Ман меҳри шоири бузургро дар дил дораму ӯро дӯст медорам, гоҳ-гоҳ расмҳояшро низ тасвир мекунам. Аз ин рӯ, дар дилам шавқ пайдо шуд, то дар ин озмун худро санҷам. Албатта, медонам, ки бо аҳли илму маърифати Ватан, ки дар озмун иштирок доранд, рақобат кардан душвор аст. Вале боз кӯшиш дорам то ба озмун роҳ ёбаму байни ҳамсолони худ ифтихорманд шавам. 
 
Дилхироҷи АБДУКАБИР,
хонандаи синфи 7, МТМУ № 15 ноҳияи Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2021    №: 103    Мутолиа карданд: 7659
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед