logo

сиёсат

ИДЕАЛ. МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ХОҲЕМ БУД!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне ба майдони сиёсат ворид шуданд, ки дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ авҷ мегирифту миллати тоҷик дар ҳолати парешонӣ қарор дошт. Ба ин хотир,  16 - уми ноябри соли 1992 ҳангоми дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шуданашон, мардумро ба сарҷамъиву сулҳу ваҳдат даъват намуданд.
Маҳз бо иродаи  шикастнопазири Сарвари давлат дар муддати кӯтоҳ харобаҳо обод гаштанд, иншооти азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳҳо сохта шуданд.
Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвари азизи мо аз натиҷаи меҳнатҳои шабонарӯзӣ ва иқдомҳои фидокоронаву қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаммаслакони содиқашон мебошад, ки имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва дунявӣ мавқеи хосаро сазовор гашт.
Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, Истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 150 кишвари ҷаҳон эътироф намуд. Тӯли 30 сол Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ роҳ мепаймояд.
Қобили зикр аст, ки Пешвои муаззами миллат ҳамеша ба ҷойгоҳ ва нақши ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангиву иҷтимоии мамлакат баҳои баланд дода, аз ҷумла дар яке аз суханрониҳои худ чунин гуфтанд: “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, зеро ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар – Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.
Ин суханон ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, рӯҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллии ҷавонони саодатманди диёрро баланд бардошта, бори дигар водор месозанд, то ба қадри неъматҳои бебаҳо, ба мисли истиқлол, ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии хеш бирасем.
Ҷавонони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод ва пуштибонӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ саъю кӯшиш доранд. Зеро дастгириву ғамхориҳои беназири Пешвои муаззами миллат дар ҳаёти ҷавонони кишвар як раванди бесобиқа аст.
 
Масрур УМАРЗОДА,
корманди дастгоҳи суди 
ноҳияи Фирдавсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2021    №: 104    Мутолиа карданд: 679
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед