logo

иҷтимоиёт

МАҲБУБИ МИЛЛАТ

Шахсиятҳои дурахшони илму адаб ва давлату сиёсат осон ба мартабаи баланди иззату эҳтироми мардум ноил нашудаанд. Инро роҳи пуршебу фарози зиндагӣ ва корномаи меҳнатии онҳо ҳикоят мекунанд. Ба таври дигар бигӯем, абармардони илму адаб якбора аз роҳи пургулу себарга ё болои пояндоз ба майдони фаъолият қадам наниҳодаанд.Чун ба талошу ҷонкоҳонии шахсиятҳои маъруф дар паҳнои зиндагии пуртазод ошно мешавем, аён мегардад, ки эшон то мартабаи азизи дилу дидаи мардум шудану чун шахсияти тавонои хирадманду дурандеш ном баровардан бо амри сарнавишт аз имтиҳонҳои сангин гузаштаанд. Вале танҳо иродаи маҳкам, садоқат ба миллату Ватан, хизмати ҳалолу бе дареғ, ҷоннисорӣ дар муборизаҳои оштинопазири зидди неруҳои бадхоҳу сиёҳкор онҳоро фирӯзу арҷманд карда. Шоҳиди равшану ибратомӯзи гуфтаҳои боло рӯзгори пуршебу фароз ва осори гаронбаҳои устодони зиндаёд С.Айнӣ, А.Лоҳутӣ, М. Турсунзода ва Б. Ғафуров дар асри бист мебошад.  
Дар саросари диёри соҳибихтиёрамон 110-солагии устоди зиндаёд Мирзо Турсунзодаро чун Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон ва барандаи ҷоизаҳои зиёди давлативу байналмилалӣ, академик, бошукӯҳу меҳри беандоза таҷлил карданд. Аммо насли имрӯза шояд намедонад, ки ин шахсияти бузурги адабӣ ва ходими барҷаставу овозадори ҷамъиятӣ дастпарвари ятимхонаи шаҳри Душанбе буд ва дар солҳои пурошӯби тамғагузориву муборизаҳои шадиди синфии солҳои сиюм ба ҳайси рӯзноманигор ва нависандаи ҷавон ба майдони сухан ворид шуда, аз дасисаҳои нохалафон ҳамон айём ночор ба шаҳри Хуҷанд рафта, муддате ба сифати роҳбари адабии Театри давлатии он ҷо кор кард. Дар ин театр ёри вафодор, ҳамсафари умр, “Ҷони ширин”-ашро ёфта, сипас, ба Душанбе баргашту чун шогирду пайрави сазовори устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ умре ба хизмати адбиёти навини тоҷик, тарғиби осори шахсиятҳои барӯманди илму фарҳанги гузашта, зина ба зина баланд бардоштани шаъну шарафи миллат ва Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз камар баста, бо заҳмати содиқона, фазилату хиради воло на танҳо дар сарзамини хеш ва қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ, балки дар саросари олам ба сифати мунодии сулҳу озодӣ шуҳратманд шуд. Оре, эҷодиёти устод М.Турсунзода шаҳодат медиҳад, ки вай зотан ватанпарасти бемисл ва ормонсарои миллат будааст. Ҳанӯз соли 1941 устод дар шеъри “Ганҷинаи сурудаҳо” бо меҳри бепоён ва диди нафиси шоирона бунёди қасри гулкорӣ ва шукӯҳи базми дилангези Хуросони бузургро моҳирона ситоида, хонандаро ба худшиносиву ифтихор аз гузаштаи хеш ҳидоят намуда:
Дар он ҷо Рӯдакӣ чун рӯд бинвохт, 
Тамоми халқи олам гӯш андохт.
Ғазалҳои равони ҷовидона 
Аз ӯ монданд дар олам нишона.
Садо ояд ҳанӯз аз оби Ҷайҳун, 
Ки: “Шеъри Рӯдакиям кард мафтун”.
Ва боз дар идома васф мекунад:
Суруди Рӯдакӣ шуд зинда акнун,
Расида авҷи Фирдавсӣ ба гардун. 
Барои Саъдиву Ҳофизи Шероз 
Намуда тоҷикон оғӯши худ боз...
Вале “Меҳри беҳадду беҳисоби Ватан” ва “Ҳамеша мисли гӯшту нохун бо Ватан” будан дар ашъори устод ҷойгоҳи вижа дорад. Вай диёру манзараҳои биҳиштосои он: кӯҳсорони осмонбӯсу рӯдҳои хурӯшон, обшорони афсонавӣ, боғу киштзорони пурфайз, мардуми меҳмоннавозу ҳунарманд, бузургии дили модару ишқи пок ва матонату корнамоии ҳамзамононро бо ҳиссиёт ва диди зебои шоирона, “тапиданҳои беороми рӯзафзуни дил” бо ҷӯшу хурӯш дар шеъру достонҳояш тараннум кардааст.Ин пораро аз шеъри “Кӯҳсори тоҷик” - и устод, ки соли 1940 иншо намудааст, шоҳид меорем:
Салом, эй кӯҳсори Тоҷикистон,
Диёри пурсафои хубрӯён. 
Ғазалхон омадам монанди булбул,
Ба боғат парзанон бар дидани гул.
Ҳамин муҳаббати гарм ва ибрози эҳсоси пурифтихори фарзандӣ ба сарзамину манзараҳои дилнишини он, хушҳолии ҳамватанон мудом сарчашмаи илҳоми шоир будааст.
Қурбони ту, эй диёри ишқам,
Боғу чамани баҳори ишқам...
Паҳлуи чаман сухан кунад гул,
Сар то қадами Ватан кунад гул.
Эй хурраму сабз, боғу бӯстон,
Эй машъали Шарқ, Тоҷикистон!
С.1940
Ва ё:
Дар оғӯши Ватан фазлу камоли нав ба нав ёбам,
Ҷаҳон донад, ки бе зулму асорат ман ҷаҳон дорам...
Замини тоҷикон гул кард, боғи тоҷикон гул кард,
Дили хуррам, сари сабз аз баҳори тоҷикон дорам.
                                С.1947
Ва ё:
Дидаӣ манзараи силсилаи кӯҳи Ҳисор.
Нуқрагун шаршараи силсилаи кӯҳи Ҳисор,
Рӯдҳои дараи силсилаи кӯҳи Ҳисор, 
Акси оҳубараи силсилаи кӯҳи Ҳисор?
Чун расидам ба сари қуллаи кӯҳи Ватанам,
Ҳофизи ин Ватану пайрави хуршед манам.
                  С.1967
Ковишу заҳматҳои пурсамари эҷодии устод М. Турсунзода ба қомат афрохтани шахсияти тавонои адабиву ҷамъиятии вай на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари мамлакати паҳновари шӯравӣ ва берун аз он созгор афтод. Силсилаи шеърҳои “Қиссаи Ҳиндустон” ба шоири мо шуҳрати бузург бахшид. Оғози фаъолияти густурдаи роҳбарияш дар Иттифоқи нависандагон ба солҳои басо душвори баъди ҷанги зидди фашизм, ки чанде аз адибони номварамон, бадбахтона, дар ин набард шаҳиду ғарибхок шуданд, рост омад. Устод ба ҳайси раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ҳамоишҳои байналмилалии озодихоҳии халқҳои Осиё ва Африқо фаъолона ширкат варзида, бо дурахши хираду ҷасораташ чун фарзанди заковатманди модари тоҷик, вориси арзандаи адабиёти ҳазорсолаамон маҳбубият пайдо кард. Акнун ӯ аз минбарҳои баланд чун шахсияти маъруфи озодихоҳ, инсонпарвар ва сулҳдӯст аз номи давлати абарқудрати шӯравӣ бо овардани ному шоҳбайтҳои дилнишин аз нобиғаҳои адабиётамон: Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низомӣ ва Саъдиву Ҳофиз аз густариши дӯстиву бародарӣ, шикастани занҷири зулму истибдод ҳарф зада, ба дили ҳамдиёрон шодиву сурур ва ифтихор мебахшид. Оре, сухани Мирзо Турсунзода садои дили миллати тоҷик буд. Ва ашъори аз ғояҳои инсонпарвариву озодихоҳӣ саршори устод дарду армонҳои халқҳои мазлумро ифода карда, онҳоро ба бедордиливу худшиносӣ ва мубориза дар роҳи озодӣ ва истиқлол мехонд. Ин ҷасорат ва каломи нерубахши шоири шаҳири тоҷик бузургтарин суханварони мамлакатҳои Шарқро ба ҳаяҷон меовард. Аз ҷумла, нависандаи овозадори ҳинд Мулк Роҷ Онанд пас аз ошноӣ бо силсилаи ашъори устод М.Турсунзода “Қиссаи Ҳиндустон” бо шефтагӣ навишт: “Кош дар хусуси кишвари шӯравӣ асаре нависам мисли силсилаи ашъори шоири тоҷик Мирзо Турсунзода дар бораи Ҳиндустон”.
Маҳбубияти фавқулода ёфтани шахсияти адабиву ҷамъятии устод чун падидаи беназир ба рушди минбаъдаи адабиётамон таъсири нек расонд. Адибони ба истилоҳ сарбоз: С.Улуғзода, Ф.Ниёзӣ, Б.Раҳимзода, М.Фарҳат, А.Қаҳҳорӣ, Ҳ.Содиқ, В.Асрорӣ, М.Шарқӣ, Ҳ.Аҳрорӣ пас аз шикасти фашизм бо фирӯзӣ ба диёр баргаштанд ва боз ба кори эҷодӣ камар бастанд, аммо майдони адабиёт бо сабаби дар сангарҳои ҷанги хонумонсӯз шаҳид шудани беҳтарин истеъдодҳо: Ҳ.Карим, Ҳ.Юсуфӣ, Л.Бузургзода, А.Пирмуҳаммадзода, Р.Абдулло, Ҳ.Бақозода ва дигарон то ҷое холӣ монда буд. Акнун М.Турсунзода чун корвонкаши аҳли сухан бо роҳнамоии устод Айнӣ барои пур кардани ин холигӣ аз саросари Тоҷикистон ва шаҳру деҳоти тоҷикнишини берун аз он ҷавонадибони умедбахш: А.Шукӯҳӣ, А.Сидқӣ, А.Баҳорӣ, П.Толис, Ф.Муҳаммадиев, Ғ.Мирзо, Г.Сулаймонӣ, А.Шарифӣ, Б.Ҳоҷӣ, Ф.Ансорӣ, М.Наҷмиддинов ва дигаронро ба пойтахт оварда, ба эҷоди асарҳо дилгарму раҳнамун сохт. Ин ташаббуси устод дар радифи беҳтарин асарҳояш арзиш дорад. Оид ба ин меҳрубонии устод М.Турсунзода шоири маъруф, дастпарвари ятимхона равоншод Ғаффор Мирзо бо арзи сипос гуфтааст: “Муаллим Мирзо Турсунзода моро аз кӯчаҳо гирд оварда, ба Иттифоқи нависандагон ворид карданд ва роҳ кушоданд, ки шоиру нависанда шавем”.
Сол ба сол ноил шудан ба дастовардҳои арзандаи эҷодӣ, сарфароз гардидан ба ҷоизаҳои баланди адабии Иттиҳоди Шӯравӣ ва байналмилалӣ шаҳомати шахсияту дурахши хиради устодро афзуда, ӯро бештар маҳбуби абармардони адабиёту ҷамъият кард. Ин комёбии шоири миллат ба сифатан беҳтар шудани осори бадеии тоҷик файз бахшид, ба пайдо шудани роману қисса ва достону манзумаҳои беҳтарини адибонамон замина гузошт. Аз ҷониби дигар, бо гузашти солҳо акнун амиқ дарк мекунем, ки дӯстони воломақому соҳибшуҳрати устод ҳаводорони миллату фарҳанги бостонии тоҷик буданд. Ана як мисол: Н.Тихонов, шоири бузурги рус, дӯсти М.Турсунзода, аз комёбиҳои пайдарпайи вай шод шуда, менигорад: “...ашъори Мирзо Турсунзода ба сони мурғи афсонавӣ аз болои қуллаҳои баланду уқёнусҳо гузашта, бо ҳаққоният, самимият ва пардози шоиронаи худ ақлу дили ҳамзамононро тасхир кардааст”. Нависандаи бузурги рус М.Шолохов, ки устод дар анҷуманҳои умумииттифоқӣ борҳо бо вай баҳсҳои адабӣ ҳам дошт, бо меҳр таманниёти хешро ба ӯ чунин иброз доштааст: “Бигузор килки ту бо ранги нилуфар нақшу нигори ҷовидонӣ бандад”. Абармарди насри муосири рус, ҷангноманависи мумтоз Леонид Леонов самимияташро ба шахсияти дурахшони адабӣ ва ҷамъиятии устод ин тавр баён карда: “Мо ба халқе сари таъзим фуруд меорем, ки мисли Мирзо Турсунзода суханвари тавоно ва адабиёти оламшумулро ба дунё овардааст”. Нависандаи номвари қазоқ Анвар Олимҷонов бо ифтихор эълом медорад: “Ман метавонам дилпурона ӯро (М.Турсунзодаро. - А.С.) мураббӣ, муаллим ва қадрдонтарин дӯсти худ бихонам”. Шоири бузурги болқар Қайсин Қулиев устодро чунин васф кардааст: “Мирзо Турсунзода бузургтарин шоир ва машҳуртарин тоҷик буд”.
Оре, пазириши холисонаи шахсияти тавонои адабӣ ва симои дурахшони арбоби ҷамъиятӣ М.Турсунзода дар замонаш чун фарзанди фарзонаи миллати тоҷик аз ҷониби гули сари сабади аҳли илму сухани дунё фараҳбахш буд ва ин сатри Лоиқро дар зеҳнҳо зинда мегардонд: “Халқ бе фарзанди оламгир оламгир нест”. Воқеан, дурахши заковат, талошу ҷоннисориҳои бедареғи устод бар зидди “дуздони бахти инсон” ва сарсабзу ҷовидон гардондани дарахти сулҳу дӯстии халқҳо ӯро чун ворис ва меросбари сазовори адабиёти куҳанбунёдамон ба ин мартабаи олӣ расонд.
Ба назарам, хушбахтии устод дар он буд, ки аз мактаби бузурги пири хирад, роҳнамову сарпарасти миллати тоҷик дар даврони пуртазоди сарнавиштсоз С. Айнӣ маърифату фазилати мавридшиносӣ омӯхт, сипас, зери сарварӣ ва ҳидоятҳои ватанпарасти ҷасуру дурандеш Бобоҷон Ғафуров фаъолияти густурда анҷом дод. Дар як замон дар арсаи сиёсту давлатдорӣ мартабаи воло ёфтани Б. Ғафуров ва маҳбуби халқҳои ҷаҳон шудани Мирзо Турсунзода, бешак, бахту ифтихори миллати тоҷик буд. Ҳамсафу ҳаммароми устод, нависандаи забардастамон Сотим Улуғзода ин падидаро ба таври зайл васф карда: “Мирзо Турсунзода як болу пари халқи тоҷик, Бобоҷон Ғафуровро болу пари дигари он шуморидан мумкин. Ӯ буд, ки тоҷиконро бо ном ва корҳои худаш ба ҷаҳон машҳур мекард, ба туфайли ӯ тоҷиконро ҷаҳон мешинохт ва эътироф мекард. Миллат бе фарзанди бузургаш бе болу пар аст”.
Ба аҳли назар пӯшида нест, ки Мирзо Турсунзода беҳтарин донанда ва тарғибгари осори классикӣ ва фолклор буд. Агар нек назар афканем, мебинем, ки фазилатҳои эҷодиёти шоир бешуморанд ва пас аз сипарӣ шудани солҳо арзиши бештари таърихӣ пайдо мекунанд; манзараҳои ҳаёт ва ҳолати шаҳру деҳоти моро дар муқоиса ба имрӯз басо равшан нишон медиҳанд. Барои исботи ин андеша биёед оғози достони “Ҳасани аробакаш”-ро, ки шоир даврони бунёди пойтахти навтаъсиси Тоҷикистон - шаҳри Душанберо дар солҳои бистуми асри гузашта ба риштаи тасвир кашидааст, бихонем:
Пушт, машкоб!
Бо хабар мардум!
Ба қафоят нигоҳ кун, нонвой!
Ҳой, ҳезумкаши варзобӣ,
Хари худро каш аз даруни лой!
 
Бо чунин дӯғу валвала омад
Ҳасани ошно аробасавор, 
Одамонро ба ду тараф ронда, 
Мегузашт аз миёнаи бозор.
Мегузашт аз даруни обу гил, 
Аз бари чойхонаву дукон,
Аз таги бомгӯшаҳои паст, 
Аз раҳи тангкӯчаи вайрон...
Ободиву шукуфоӣ, қасру биноҳои муҳташами маъмурӣ, иншооту донишгоҳу муассисаҳои фарҳангӣ, хиёбону боғҳои ҳамешасабз, гулгашту ҳайкалҳои бузургон, авҷи бунёдкорӣ дар пойтахти азизамон Душанбе имрӯз дар муқоиса ба тасвири реалистонаи устод М. Турсунзода афсонавист. Бемуҳобот миллати тоҷик пойтахти ҷумҳурии хешро бо орзуву ормонҳои ҳазорсола дар як ҷойи ноободу холӣ дар тӯли як аср сохт, лекин дар сӣ соли истиқлол симои шаҳри Душанбе ба таври ҳайратовар зебову дилрабо гардид.
Бист сол пеш (2001) дар остонаи ҷашни 90-солагии устод Мирзо Турсунзода дар фароғатгоҳи “Киштии сафед”-и Исиқкӯл намояндагони пешсафи илму адаби ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон гирд омада, перомуни барқарор кардани робита ва анъанаҳои неки дерин дар пешорӯи ҳазораи нав машварат оростанд. Нависандаи куҳансол, классики адабиёти қазоқ Абдуҷамил Нурпеисов бо ихлосмандӣ номи устод Турсунзодаро ба забон оварда гуфт: “Имрӯз барои мо мисли шоири ширинкаломи тоҷик шахсияти хирадманду хайрхоҳ лозим аст, ки истеъдодҳоро муттаҳид созад, дар замони истиқлоламон ҷавонони болаёқатро кашф карда, ба эҷодиёти онҳо болу пар бахшад, барои равнақи адабиёти сифатан нав мусоидат намояд”.
Дар ин лаҳза дилам саршори ифтихор, пеши назарам чеҳраи пурнури устод падидор шуд, ки тамоми умри беҳтарини худро барои тантанаи ҳақиқат, саодату хушбахтии мардуми олам сарф кард. Дар дил гуфтам: “Зиҳӣ модари тоҷик, ки чунин фарзанди хирадманду некном-вассофи Ватану армонҳои инсонро ба дунё овард”. Зимнан дар ин солу рӯзҳо, ки мардуми шарафманди мо барои сазовор пешвоз гирифтани муқаддастарин ҷашн - 30 - солагии Истиқлолияти давлатиамон аз сари сидқ талош меварзад, бузургдошти 110-солагии шоири маҳбубамон Мирзо Турсунзода дар саросари мамлакат бо муҳаббат қайд карда шуд, бо ифтихор иқдоми басо наҷибонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар омад. Вай: “Барои хидмати бузург ва матонат дар бунёди пояҳои адабиёт ва тарғиби Тоҷикистон, инкишофи адабиёт ва тарғиби пояҳои сулҳ, дӯстии халқҳо ва густариши нуфузи байналхалқии Тоҷикистон”, барҳақ, Мирзо Турсунзодаро дар радифи устод Садриддин Айнӣ, академик Бобоҷон Ғафуров бо унвони олӣ - Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардонд. Ин қадршиносии самимонаи Президенти муҳтарам аз номи халқи Тоҷикистон барои абадӣ гардондани хотираи дурахшони фарзандони фидоии миллати тоҷик дар замони Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби хурду бузург якдилона пазироӣ ёфт. Хушо, ки: “Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд”.
 
Абдулҳамид САМАД, 
Нависандаи халқии 
Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2021    №: 104    Мутолиа карданд: 492
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед