logo

туризм

САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ. МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД

Нимаи дуюми соли 2020, бинобар пандемияи коронавируси навъи нав дар ҷаҳон ва таъсири бесобиқаи он ба соҳаи сайёҳӣ сайёҳии дохилӣ ягона самте гардид, ки соҳаро аз таназзул боздошт. Ҷаҳонгардон дар ин давра сайр дар кишвари худро интихоб карданд. Чун дар Тоҷикистон ҳиссаи сайёҳии дохилӣ назар ба сайёҳии воридотӣ кам буд, ширкатҳои сайёҳӣ дар ин самт мушкилӣ кашиданд, вале мардум бевосита, бо истифода аз фурсат, бо мароқ дидан аз маконҳои сайёҳиро ихтиёр карданд.
Сабаби инро Руслан Ҳамроқулов, директори иҷроияи ширкати сайёҳии «Ориён Адвентур» дар кам будани рекламаи дохилӣ ва нарасидани шароити мардум барои гирифтани тур ба ягон самте маънидод мекунад. Ба гуфтаи ӯ, гарчанд сайёҳии дохилӣ дар Тоҷикистон ба қадри дигар кишварҳои пешрафта аз лиҳози сайёҳӣ пешрафта набошад ҳам, пешравиҳоро дар ин самт набояд нодида гирифт. Имрӯзҳо назар ба солҳои 2013-2014-ву 2015 қариб ҳамарӯза гурӯҳи истироҳаткунандагонро дар манконҳои сайёҳӣ, аз қабили Искандаркӯл, Ҳафткӯл, Чилучорчашма, Чилдухтарон, Сари Хосор метавон вохӯрд, ки гувоҳ аз рушди бомароми сайёҳии дохилӣ дар мамлакат мебошад. 
Мувофиқи маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  солҳои қаблӣ сайёҳии дохилӣ дар ММД тахминан 0,3%-и даромадро ташкил медод. Яъне, аз ҳисоби сайёҳии дохилӣ ба буҷети мамлакат дар доираи 2-3 миллион доллар маблағ ворид мешуд. Дар соли 2020 таносубан ин нишондиҳанда кам шуд, зеро ширкатҳои сайёҳӣ имконияти ташкили сайёҳии дохилиро ҳамчун самти фоиданок надиданд. Бино ба гуфтаи Абдукарим Қурбонов, мудири бахши котиботи Кумитаи рушди сайёҳӣ, алҳол кумита дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ самтҳои афзалиятноки рушди соҳаро баррасӣ намуда, барои пешрафти минбаъда нақшаҳои мушаххас таҳия намудааст, ки фаъолият аз рӯйи онҳо ба рушди сайёҳии дохилӣ дар кишвар суръат мебахшад. Аз ҷумла, бо ин мақсад чанде қабл дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо ширкати логистикии ватании «Asian Express» хатсайри нави сайёҳии «Душанбе-Данғара-Балҷувон-Ховалинг» ифтитоҳ гардид. Ҳар нафари хоҳишманд тавассути ин хатсайр ба минтақаҳои сайёҳии Данғара, Балҷувон, Ховалинг ва Муъминобод сафар намуда, имконияту иқтидорҳои табиии ин минтақаи биҳиштосои Тоҷикистон, ки бо ёдгориҳои таърихию  фарҳангӣ, табиати бою нотакрор, мардуми некухисол, обу  чашмаҳои софу зулол, рӯдҳои кӯҳии хурӯшон ва олами бои набототу ҳайвонот қалби садҳо сайёҳону ҷаҳонгардони хориҷиро тасхир намуда, маъруфи ҷаҳон гардидаанд, дидан намоянд. 
Тибқи таҳлилҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ дар давраи пандемияи ҳамагир ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ба буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ дучор шуданд. Вале, бо дастгириву имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат дар ин давра ягон ширкати сайёҳӣ баста нашуд. Давраи мушкилро барои бартарафсозии мушкилоти ҷойдошта дар самти хизматрасониҳо ва инфрасохторӣ истифода бурданд. Ширкати аз ҳама фаъол дар ташкили сайёҳии дохилӣ ширкати сайёҳии «Скай тур» маҳсуб меёбад, ки хоҳишмандонро ба минтақаҳои гуногуни кишвар бо нархҳои дастрас барои аҳолии мамлакат пешниҳод дошт, ки барои пешрафт ва мавқеъ пайдо кардани сайёҳии дохилӣ дар мамлакат мусоидат менамояд. 
Сайёҳии дохилӣ мисли сайёҳии воридотӣ яке аз рукнҳои асосии сиёсати фарҳангӣ буда, пешрафту рушд ва ба таври комил роҳандозӣ гаштани низоми он барои баланд бардоштани ифтихори милливу хештаншиносӣ, донистани таъриху фарҳанг, ваҳдати миллату якпорчагӣ, мустаҳкамсозии равобити сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар ва рушди иқтисодиёти миллӣ мусоидат менамояд. 
 
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2021    №: 104    Мутолиа карданд: 7252
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед