logo

иқтисод

НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН. ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ МАРДУМ АЗ ИҚДОМОТИ ОЯНДАСОЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Имсол Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мардуми сарбаланди тоҷик Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатиро таҷлил менамоянд. Бо мақсади истиқболи шоистаи ин санаи муҳим имрӯзҳо дар кишвар корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома доранд. Дар партави ин бунёдкориҳо соли 2020 барои сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин соли бобарор ва фаромӯшнашаванда боқӣ хоҳад монд, зеро маҳз ҳамин сол, 24 сентябр сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия сурат гирифта, дар хотираи мардум таассуроти нек гузошт.  
Суҳбату мулоқотҳои самимонаи Пешвои миллат бо мардуми ноҳия ва ба истифода додани 8 иншооти ҳаётан муҳим дар саҳифаҳои таърихи ноҳия сабт гардида, ба ҳусни шаҳраку деҳоти ноҳия симои нав бахшиданд. 
Тавре Исроил Одинаев, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия дар суҳбат ба хабарнигори махсуси "Ҷумҳурият" - гуфт, то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ таъмиру бунёди 192 иншоот ба нақша гирифта ба ҳолати 10 марти соли 2021- ум 138 иншоот сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар 54 иншооти дигар корҳо идома доранд. Вусъати корҳои ободониву пешрафти имрӯзаи ноҳия далели онанд, ки иқдомҳои амалинамудаи роҳбарияти олии мамлакат доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум самараи нек додаанд. 
24 сентябри соли 2020 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ташриф оварда, дар маркази ноҳия нахуст бинои қасри фарҳангро ба истифода доданд. Бинои 2 - ошёнаи қасри фарҳанг бо харҷи зиёда аз 8 миллион сомонӣ сохта шуда, дорои толори барҳаво барои 385 ҷои нишаст, ҳуҷраҳои маҳфил ва кории санъаткорон мебошад. Ин иқдоми фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ туҳфаи арзишманде буд, барои фарҳангиёни ноҳия. Ҳамчунин, аз ҷониби Сарвари давлат ба аҳли фарҳанги ноҳия 15 номгӯйи сози миллии мусиқӣ тақдим гардид.
Дар идомаи сафари корӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд. Бинои мақомот аз 3 ошёна иборат буда, бо харҷи беш аз 9 миллион сомонӣ сохта шудааст. Вобаста ба сардии иқлими ноҳия он бо шабакаи мустақими гармидиҳӣ таъмин буда, ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ бо таҷҳизоту лавозимоти муосир муҷаҳҳазанд. Ҳамзамон, дар доираи сафари корӣ, Президенти мамлакат дар деҳаи Хайркорони Ҷамоати деҳоти Шӯрообод, маҷмааи варзишии Бахтиёри Шамсро ба истифода супурданд. Маҷмааи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Сулаймон Шамсов бо маблағи 550 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Толори варзишии болопӯшида, барои бозии футболи хурд, тенниси рӯи миз, волейбол, баскетбол ва дигар намудҳои варзиш пешбинӣ шуда, дар он барои варзишгарон ҷойҳои либосивазкунӣ ва дигар шароити зарурӣ муҳайё мебошанд.
Чунин иқдоми бунёдкоронаро Президенти мамлакат нишонаи олии ватандӯстӣ арзёбӣ намуданд. Дар шафати толори варзиш, майдони варзиш бо дарозии 110 метр ва паҳноии 65 метр ҷойгир аст, ки дорои 800 ҷои нишаст мебошад. Бояд гуфт, ки наврасону ҷавонон дар ин маҷмааи варзишии дорои шароити мусоид, ба машқу тамрин машғул буда, дар оянда муаррифгари давлату миллати хеш дар арсаи байналмилалӣ мегарданд. 
Дар ин ноҳияи баландкӯҳ замони соҳибистиқлолӣ 73 майдонча ва 5 толори варзиш мавриди истифода қарор гирифтаанд. Дар муассисаҳои варзишӣ кӯдакону наврасон аз рӯи 8 намуд ба машқу тамрин ҷалб шудаанд. Бунёди ин иншооти варзишӣ ба наврасону ҷавонон имкон фароҳам овард, ки танҳо соли 2020 варзишгарони ноҳия зимни ширкат дар мусобиқаҳо сазовори 18 медал, аз ҷумла 9 тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ, гардиданд. 
Инчунин, дар доираи ташрифи Сарвари давлат ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист бо харҷи зиёда аз 2 миллион сомонӣ, бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бозор дар маркази ноҳия бо харҷи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, ҳамзамон, дар маркази ноҳия майдони Парчами давлатӣ дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Сокинони ноҳия аз он ифтихор доранд, ки дар доираи иқдомҳои созандаи давлат, махсусан таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биноҳои наву замонавӣ ва мавзеъҳои фароғатӣ бунёд шуда, ба ин васила, ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд.
Заҳматкашони ноҳия бо пуштибонӣ аз ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайи расидан ба ободонии ноҳия ва зиндагии шоиста, содиқона ва дилгармона заҳмат мекашанд.
 

Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2021    №: 105    Мутолиа карданд: 1161
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед