logo

фарҳанг

«ПАРАСТУ - 2021». ҶАМЪБАСТИ МУҲИМТАРИН ФЕСТИВАЛ - ОЗМУНИ ФАРҲАНГӢ

 
Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту- 2021», ки  бо намоишҳои пурмазмуни худ давоми як ҳафта меҳмони пойтахти кишвар буд, ботантана ҷамъбаст гардид. Шоҳҷоизаи фестивал - озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ - «Парасту - 2021» - ро Театри мусиқӣ драмавии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом барои намоиши «Садои қу»  соҳиб шуд. 
Ин иттилоъро ҳаводорону дӯстдорони театр дар маросими ҷамъбасти фестивал - озмун бо кафкӯбиҳои бардавом самимона пазироӣ намуданд. Ин амал далолат аз  он медод, ки  тамошогарон бо интихоби ҳайати ҳакамони озмун комилан мувофиқанд.
Маросими ҷамъбасти фестивал - озмун, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд, аҳли фарҳангро аз саросари кишвар ба ҳам овард. Толор як соат пеш аз оғози маросим пур аз дӯстдорону мухлисон ва  фазои  воқеан ҳам, идонае дошт: иди театрҳои кишвар - иди касбӣ. Дар асл ҳамин тавр ҳам буд. 
Фетивали имсола ба Ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар соли 2021 пойтахти фарҳангии ИДМ эълон гардидани шаҳри Душанбе ва 80 - солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ато Муҳаммадҷонов бахшида шуд. Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги кишвар, ҳадафи фестивал - озмунро дар рушди драматургияи миллӣ ва таҳияи асарҳои баландмазмуни  ватанӣ, баланд  бардоштани сатҳи касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомону оҳангсозон муҳим арзёбӣ намуда, гуфт: «Ҳамаи асарҳои ба фестивал - озмун пешниҳодшуда яксон набуданд. Онҳо бо вижагиҳои худ, интихоби мавзӯъ сатҳи касбият, шакли пешниҳоду  нақшофарии ҳунарпешагон, сабку услуби коргардонҳо, саҳнаофариву мусиқӣ фарқ мекарданд. Муҳим он аст, ки театрҳои кишвар ин муддат барои дидору мулоқот, табодули андеша фурсати муносиб пайдо намуданд». 
Ҳамин тавр, ҳайати ҳакамони озмун ҷойи якумро ба Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский барои намоиши «Нидои Умари Хаём»-и Темур Зулфиқоров (таҳияи Баҳодур Миралибеков), ҷойи дуюмро ба намоиши «Бежан ва Манижа», аз рӯи достони ҳамноми Абулқосим Фирдавсӣ (коргардон Баҳром Қурбонзода) ба Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ва ҷойи сеюмро ба Театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Меҳрубон  Назарови шаҳри Хоруғ барои намоиши «Лаъли Бадахшон»-и Ҷумъа Қуддус (таҳияи Умед Хусравов) сазовор донистанд. 
Султон Усмонов, саркоргардони Театри давлатии академӣ –драмавии ба номи Абулқосим  Лоҳутӣ ҷоизаи «Беҳтарин коргардон» - ро соҳиб шуд. Ҳунармандон Абдукарим Машрабов ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона», Мавлонбубӣ Наҷмуддинова- «Беҳтарин нақши занона», Қурбонмурод Зокиров - «Беҳтарин нақши опера» - ро сазовор шуданд. Ҷоизаи  «Беҳтарин асари драматургӣ» - ро Ҷумъа Қуддус барои драмаи «Лаъли Бадахшон» ба даст овард. Ороиши саҳнаи намоиши «Аршин мал алан» - и Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба ҷоизаи «Беҳтарин ороиши саҳна» қадр шуд. Намоиши «Булбули Хуҷанд»-и Театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ҷоизаи «Беҳтарин ороиши мусиқӣ» - ро дарёфт. Ҳунармандони Театри лӯхтаки шаҳри Бӯстон бо ҷоизаи «Беҳтарин асари бачагона» сарфароз гардиданд.  
Ҷоизаи махсуси ҳайати ҳакамон «Барои тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ» ба Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии ноҳияи Данғара барои намоиши «Даҳ рӯзи генерал Шерак» - супурда шуд. 
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2021    №: 104    Мутолиа карданд: 1010
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед